Мусоҳиба бо Омбудсмени Тоҷикистон

Зариф Ализода 27-уми майи соли равон ба ҳайси Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба кор сар кард.
Вай соли 1962 дар ноҳияи Колхозобод таваллуд шудааст ва Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо тахассуси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Сармутахассиси Кумитаи Шӯрои олии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, раҳбари Кумитаи назорати конститутсионии Тоҷикистон, узви Комиссияи оштии миллӣ, вакил ва раҳбари Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони порлумони Тоҷикистон будааст. Солҳои 2003-2006 раиси Додгоҳи қонуни асосии кишвар буд.

Баъдан, мушовири давлатии раисҷумҳур ва намояндаи раисҷумҳур дар порлумон таъин гардид.

Қонун доир ба Омбудсмен ва ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон моҳи марти соли гузашта аз ҷониби раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо шуда буд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар кишвар гуфта буданд, ин қонун ноқис аст ва ваколатдори ҳуқуқи инсонро пойбанди раисҷумҳур мекунад. Аммо оё оғози кори Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон чӣ гунааст ва ӯ бо чӣ корҳое машғул хоҳад буд. Барои ин бо чанд суол ба Зариф Ализода мероҷиат кардем.

Суол: "Омода кардани гузориши алтернативӣ оид ба ҳуқуқи инсон барои Созмони Милали Муттаҳид ба ӯҳдаи шумо хоҳад буд?"

Зариф Ализода: "Бале, мо дар доираи салоҳияти худ ҳар сол гузориши артернативӣ оид ба ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон дар баробари гузориши ҳукуматӣ омода ва пешниҳод мекунад ва он масоил ва мушкилоти сарфи назаршударо дар гузориши алтернативӣ ҷой дода, оид ба роҳҳои ҳалли онҳо масъалагузорӣ мекунад."

Суол: "То ҷое мо иттиллоъ дорем, аллакай мардум ба Шумо муроҷиат кардаанд. Онҳо бештар аз кадом мушкилот, кадом намуди поймолшавии ҳуқуқашон шикоят кардаанд?"


Зариф Ализода: "Бале, мардум аллакай огоҳ гаштаанд ва суроғаи офиси моро медонанд ва меоянд, ҳузурӣ шикояташонро ба мо мерасонанд, телефон мекунанд ва тариқи почта аризаҳояшонро мефиристанд. Бахши аъзами ин шикоятҳо баҳси манзил аст. Баҳсҳо оид ба санадҳои судиву ҳуқуқӣ низ кам нестанд. Бо баҳсҳои вобаста ба замин ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ва боз бештари ин шикоятҳо марбут ба поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандон дар заминаҳои иҷтимоӣ мебошанд, ки аз мо тақозои расидагӣ ва кӯмак мекунанд. Мо ҳарчанд ҳоло тоза ба кор шурӯъ кардем ва кормандонамон ҳам хеле каманд, аммо кйшиш мекунем, ки ягон арзу шикояти мардум бе таваҷҷӯҳ намонад. Утоқи машварат аллакай фаъолият мекунад ва ҳама дар хидмати мардумем ва дар маҷмӯъ гуфтан мумкин аст, ки кор оғоз шудааст."

Суол: "Ба ҷуз аз машварат боз кадом намуди кӯмакро ба корафтодагон мерасонед, масалан барои дар додгоҳ дифоъ кардан аз ҳуқуқи онҳо?"


Зариф Ализода: "Ҳоло ки оғози кор аст, мо дар баробари додани машваратҳои ҳуқуқӣ ба корафтодагон тавассути адвокатҳои созмонҳои ҷамъиятӣ дар додгоҳҳо аз ҳуқуқи мардум ҳимоят мекунем ва ба онҳо кӯмак мерасонем."

Суол: Дар маҳалҳо, ё дар манотиқи дигари кишвар дафтарҳои ин созмонро боз хоҳед кард?

Зариф Ализода: "Оре, мувофиқи қонун дар маҳалҳо қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ мешавад. Абатта, ин қадамҳои нахустин аст, мо кор карда истодаем дар ин самт. Ҳоло, ки корро нав сар кардаем, дар маҳалҳо мо аз намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ дар минтақаҳои кишвар, ки дар ин самт кор мекунанд, аз онҳо истифода мекуем ва баробари ба кор гирифтани кормандонамон, намояндагони худро ба маҳалҳо мефиристем, то арзу шикоятҳои мардумро қабул кунанд,шунаванд. Салоҳияте, ки бар ӯҳдаи мо гузошта шудааст, хеле вазифаи пурмасъулият аст мо ва кӯшиш мекунем, ки ба он ҳадафҳое, ки дорем, бирасем ва хидмати кунем ба мардумамон. Қонун дар бораи таъсиси Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо пешниҳоди раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ба тасвиб расидааст. Ваколатдори ҳуқуқи инсон вазифадор аст ба он мусоидат кунад, ки ҳуқуқи инсон риоя, ҳифз ва барқарор шавад. Ваколатдори ҳуқуқи инсон бо созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар дар ҳамкорӣ қарор дошта ба онҳо аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гузориш медиҳад."