Онҳо мегӯянд, тарҳи пешниҳодии қонуни омбудсмэн ё худ маъмури ҳуқуқи башари Тоҷикистон тавре таҳия шудааст, ки муҳимтарин асл – мустақилияти ин ниҳодро таъмин намекунад ва амалан маъмури ҳуқуқи башарро ба як мақоми дигари тобеъи давлат табдил медиҳад.
Абдурақиб Қодиров - корманди нашрияи «Инсон ва қонун» гуфт, дар асоси ин тарҳ таъйин ва озод кардани омбудсмен ё маъмури мустақили ҳуқуқи башар ба салоҳияти президент ва порлумон вогузор шудааст, ки дар чунин ҳолат нафари масъул вобаста ва мутеъи иродаи онҳо мегардад. Оқои Қодиров пешниҳод мекунад, ки ин мақом интихобӣ бошад ва дар амри интихобаш созмонҳои ғайридавлатӣ низ ширкат кунанд.
Абдуқаюм Юсуфов - вакили дифоъ ва яке дигар аз ширкатдорони ҳамоиш гуфт, беҳтар аст, агар маъмури ҳуқуқи башар бо пешниҳоди созмонҳои ғайридавлатӣ, бидуни мудохилаи ҳокимияти иҷроия ва мустақим дар порлумон интихоб мешуд.
Аммо Абдуманнон Холиқов - раиси кумитаи амният ва дифоъ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бар ин назар аст, ки таъйин ва озод кардани маъмури ҳуқуқи башар бо пешниҳоди президент ва бо ризояти порлумон масъулияти ӯро дар амри иҷрои вазоифаш бештар хоҳад кард. Намояндагони давлати Тоҷикистон мегӯянд, ба ҳангоми таҳияи тарҳи қонуни омбудсмэн аз таҷрибаи кишварҳое чун Лаҳистону Русия ва Дания истифода шудааст.
Вале ба бовари Паём Фурӯғӣ - мушовири масоили сиёсии маркази САҲА дар Тоҷикистон, дар ин тарҳ бархе аз нукоте мавҷуд аст, ки бо мавозини байналмилалӣ муғойират доштааст.
Дар дебочаи пешнависи қонун дар бораи мақоми омбудсмен ё масъули ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ки он ба манзури таъйин ва озод кардани маъмури ҳуқуқи башар, салоҳият ва шароити фаъолият ва сохтори он таҳия шудааст. Омбудсмен ва масъули ҳуқуқи башар - як мақоми мустақили ҳомии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки бо ҳадафи таҳкими ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ, ҳифз ва риояти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон фаъолият хоҳад кард.
То кунун мақоми маъмури ҳуқуқи башар танҳо дар се кишвари Осиёи Марказӣ - Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистон вуҷуд дорад. Вале ба истиснои Қирғизистон, дар кишварҳои дигари минтақа ин мақом аз нақши боризе бархурдор набудааст.