Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Камбуди адл дар Тоҷикистон


Эътирози занон дар назди Кохи раёсатҷумҳурӣ, 15 апрели соли 2008.
Эътирози занон дар назди Кохи раёсатҷумҳурӣ, 15 апрели соли 2008.

Дар гузориши нави Human Rights Watch ҳодисаҳои зиёди нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зикр шудаанд, вале яке аз онҳо марказист.

Созмони Human Rights Watch ё Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, чандин мушкили ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳолати дерина гирифтаанд. Аз ҷумла барқарор нашудани адл, нақзи равандҳои додгоҳӣ, бадрафторӣ дар маҳбас, назорати барзиёди ҳукумат ба созмонҳои ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои динӣ, аҳзоби сиёсӣ ва расонаҳои ахбори ом.

Дар гузориш гуфта мешавад, аввали соли 2008 камбуди шадиди энержӣ ба сабаби паст омадани сатҳи об ва қисман ноӯҳдабароии ҳукумат бисёриҳоро дар зимистони ба таври бесобиқа сард бе гармӣ гузошт. Идомаи бозсозии чанд шаҳр сабаби ронда шудани даҳҳо нафар аз манзилҳояшон гашт, он ҳам бидуни ҷуброни мутаносиб. Ин мушкилот сабаби эътирозҳо, аз ҷумла чанд тазоҳуроти умдатан хурд ва осоишта гардид.

Парвандаҳои ба зӯрӣ кӯчонидани одамон ба канораҳои шаҳр ва гоҳе биноҳои ноамн асосан бар зарари ҷабрдидагон ҳал шудаанд. Онҳо аз ҷуброни ҳамсанг маҳрум ва бо зӯроварию хушунат рӯбарӯ гаштаанд. Дар моҳи феврали соли 2008 сокини Душанбе Бобоҷон Амиров барои мухолифат ба зӯроварии мақомот ба шаш соли зиндон маҳкум шуд ва дертар бо шикоят ин мӯҳлат ба ним коҳиш ёфт. 15-уми апрел зиёда аз 20 зан хостанд, дар назди Кохи раёсатҷумҳурӣ зидди кӯчонида шудани хонаводаҳои худ тазҳурот кунанд. Полис онҳоро боздошт, бархеро латукӯб кард ва пас аз ситондани ҷарима ҳамон рӯз онҳоро озод намуд.

Чанд баҳси дигари марбут ба зӯроварӣ, шиканҷа, ҳуқуқҳои динӣ, озодии матбуот низ корро ба додгоҳ кашид, аммо ба ақидаи Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch адл дар ин мавридҳо барқарор нагашт.

Аммо ноиби раиси Кумитаи қонунмандии конституционӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Маҳмад Раҳимов мегӯяд, сарманшаъи мушкил на низоми додгоҳӣ, балки маърифати нокофии худи шаҳрвандон аст: "Бисёр вақт шаҳрвандон усули муроҷиатро риоя намекунанд. Онҳо намедонанд ба кадом ниҳод арз баранд."

Бархилофи ҷаноби Раҳимов, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, Мӯътабари Раштӣ, на шаҳрвандон, балки додгоҳро мавриди интиқод қарор медиҳад: "Ҳама чиз ба сари ҳуқуқ ва қонун бармегардад. Вақте як шаҳрванд ба додгоҳ муроҷиат мекунад, мебинад, ки додгоҳ бетараф нест ва дар фасод фурӯ рафтааст, ормони ӯ барҳадар меравад. Ислоҳоти қавие мебояд, кми як додгоҳи одил, мустақил, шаффоф ва орӣ аз фасодро ба вуҷуд орад."

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch менависад, бо тавсияи Додситонии кулли Тоҷикистон Додгоҳи олии кишвар "Ҳизб-ут-таҳрир"- ро созмони "экстремистӣ" унвон кард, ки сабаби афзоиши ҳабс ва муҳокимаи афроде гардид, ки аз андешаи эҳёи Хилофат ё давлати исломӣ пуштибонӣ мекунанд. Эълони зарурати сабтиноми дубора дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабаб гашт, ки аз 3130 созмони ғайридавлатӣ танҳо 1390-тои онҳо боқӣ бимонад ва аз 145 созмони байнулмилалӣ танҳо 116.

Пажӯҳишгоҳи миллии демократӣ, як созмони ғайридавлатии Иёлоти Муттаҳида дар моҳи майи соли 2008 баста шуд. Дар ҳамин моҳи май як созмони ғайридавлатии олмонӣ барои кӯмак ба бепарасторон ва паноҳандагон бо иттиҳоми таблиғи мазҳабӣ мамнӯъ эълон гашт.

Пешгирӣ аз тазоҳуроти бахши вилоятии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Хоруғ ва оғози парвандаи ҷиноӣ бар зидди Додоҷони Атовулло, сардабири нашрияи фирории "Чароғи рӯз" ва раҳбари ҷумбиши "Ватандор", ба ҳайси ҷиноят боқӣ мондани таҳқиру тӯҳмат ва ифтитоҳи дубораи парванда зидди журналист Турсуналӣ Алиев ҳодисаҳое мебошанд, дар гузориши Дидбони ҳуқуқи башар ба сиёсатзадагии додгоҳу додситонӣ ишора мекунанд.

Ба пурсиши ин ки оё додгоҳ дар Тоҷикистон амалан мустақил аст ё на, ноиби раиси Кумитаи қонунмандии конституционӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Маҳмад Раҳимов чунин гуфт: "Акнун ман инро аз рӯи қонун гуфта истодаам, ки мустақил аст. Лекин дар амал, чӣ шумо фикр мекунед, ки дар Амрико ё дигар давлатҳо додгоҳҳо ба хато роҳ намедиҳанд."

Ҳамсӯҳбати дигари мо, раиси созмони ғайридавлатии "Оштии миллӣ", Мӯътабари Раштӣ, мегӯяд, бархилофи қонуни асосии кишвар додгоҳ дар Тоҷикистон ҳанӯз ба шохаи мустақили қудтар табдил наёфтааст. Вале ҳарду ҳамсӯҳбати мо аз нукоти мусбати гузориши Дидбони ҳуқуқи башар, яъне густариши салоҳиятҳои Додгоҳи қонуни асосии Тоҷикистон ва тасвиби Қонуни омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар истиқбол карданд, ҳарчанд ҷомеа ҳанӯз корбасти салоҳиятҳои нави додгоҳи қонуни асосиро шоҳид нашудааст ва бо вуҷуди таъсиси мақоми Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон касе ба ин мақом таъин нагаштааст.
XS
SM
MD
LG