Гроссмейстери байнулмилалӣ Фаррух Амонатов ғолиби нахустин мусобиқаи шоҳмоти сарӣ ё босуръат байни қаҳрамонони шатранҷи Тоҷикистон гардид.
Дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, 6 нафар қаҳрамонони шатранҷи кишвар – Сӯҳроб Ҳамдамов (ғолиби соли 2004), Анвар Назаров (2005), Фаррух Амонатов (2006), Ҷамшед Исоев (2007), Рашид Ҳусейнов (2008) ва Соҳиб Ҷӯраев (2009) ширкат карданд.
Мусобиқа аз рӯи манзумаи суисӣ сурат гирифт. Шатранҷбози маъруфи тоҷик Фаррух Амонатов, ки дар шаҳри Маскави Русия ба сар мебарад, бо даъвати Федеросиюни шоҳмоти Тоҷикистон пас аз се соли ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар боз ба зодгоҳаш – Душанбе омад ва собит сохт, ки ӯ байни шатранҷбозони тоҷик алъон қавитарин аст.
Шатранҷбози ҷавони тоҷик, қаҳрамони феълии кишвар Соҳиб Ҷӯраев мақоми дуввумро касб кард.
Шатранҷбозони пуртаҷриба Анвар Назаров ва Ҷамшед Исоев дар ҷойҳои севум қарор гирифтанд.