Гроссмейстер Фаррух Амонатов, ки дар 1 бозӣ пирӯз шуда, 7 бозиро мусовӣ кардааст, пеш аз даври охирин бо 4,5 имтиёз байни 78 нафар дар ҷои 19-ум қарор гирифтааст. Пешсафи ин сабқат Армен Пашикян (Арманистон) 6 имтиёз ба даст овардааст. Ҳарифи Амонатов дар даври 9-ум Ҷон Элвест (ИМА) мебошад.
Шатранҷбози ҷавони тоҷик Соҳиб Ҷӯраев бошад, дар сабқати А2 дар даври 8-ум бар Ирина Круш (ИМА) ғолиб шуд. Соҳиб пас аз 8 давр 4 имтиёз дорад. Вай дар 4 бозӣ ғалаба карда, дар 4 дидор мағлуб шудааст ва байни 84 нафар дар ҷои 43-юм аст. Меликсет Хачиян (ИМА) бо 6,5 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад. Соҳиб Ҷӯраев дар даври 9-ум бо Владимир Генба (Русия) рақобат хоҳад кард.
Шатранҷбози дигари тоҷик Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев дар сабқати «В» дар даври охирин - 9-ум - аз Станислав Шлегини рус мағлуб шуд. Муҳаммадхоҷа бо 5 имтиёз байни 80 нафар ҷои 32-юмро касб кард. Вай 4 ғалаба ба даст оварда, дар 3 бозӣ мағлуб шуд ва 2 бозиро мусовӣ анҷом дод. Дар ин гурӯҳ Николай Оглобин (Русия) ва Сергей Стрелников (Укроин) бо 7-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуввум қарор гирифтанд.