Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои шатранҷбозони тоҷик дар Aeroflot Open


Шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов бозии шашумашро дар ҷашнвораи байнулмилалии «Aeroflot Open-2009» дар шаҳри Маскав дар гурӯҳи асосии А 1 бо Евгений Романов, аз Русия, мусовӣ анҷом дод.

Гроссмейстер Фаррух Амонатов, ки дар 1 бозӣ пирӯз шуда, 5 бозиро мусовӣ кардааст, дар ҳамин ҳол бо 3,5 имтиёз байни 78 нафар дар ҷои 16-ум қарор гирифтааст. Пешсафи ин сабқат Игор Курносов (Русия) 5 имтиёз ба даст овардааст. Ҳарифи Амонатов дар даври 7-ум Арташес Минисян (Арманистон) мебошад.

Шатранҷбози ҷавони тоҷик Соҳиб Ҷӯраев бошад, дар сабқати А 2 дар даври 6-ум бар Игор Белови рус ғолиб омад. Соҳиб пас аз 6 давр 3 имтиёз дорад. Вай дар 3 бозӣ ғалаба карда, дар 3 дидор мағлуб шудааст. Дар ин гурӯҳ 84 нафар ҳунарнамоӣ мекунанд. Соҳиб Ҷӯраев дар айни ҳол аз 37 нафар пеш аст. Меликсет Хачиян (ИМА) ва Юпинг Лоу (Чин) бо 5-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуввум қарор доранд. Соҳиб Ҷӯраев дар даври 7-ум бо Александр Карпатчев (Русия) рақобат хоҳад кард.

Шатранҷбози дигари тоҷик Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев дар сабқати «В» дар даври 7-ум бозиро бо Александр Демянюк (Русия) мусовӣ анҷом дод. Муҳаммадхоҷа бо 4,5 имтиёз байни 80 нафар дар ҷои 13-ум аст. Вай 4 ғалаба ба даст оварда, дар 2 бозӣ мағлуб шудааст ва 1 бозиро мусовӣ кардааст. Дар ин гурӯҳ Ҳанбин Ли (Чин) бо 6 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Ҳусейнхоҷаев дар даври 8-ум бо шатранҷбози Филиппин Ҳаридас Паскуа бозӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG