Эйб, ҷавони 33-солаи сокини Филaделфия, дар боғҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии зодгоҳаш, ки ба ҷаҳонгардон сайругашти ҷойҳои диданиро пешниҳод мекунад, мегӯяд, ҳамасола барои дидани Филaделфия ҳазорон сайёҳи хориҷиву дохилӣ меояд.
Эйб ба мисли Ҳасани аробакаш аспу ароба дорад, аммо аспи ӯ аз Рахши Ҳасан бо он фарқ мекунад, ки он хеле азимҷуссаву сермӯй аст. Аробаи Эйб бошад ба мисли аробаҳои қадимаи бритониёӣ буда, худаш низ бо либоси махсуси классикиву кулоҳи сиёҳ ва нақли қиссаҳои ҷолиб муштариёнашро пешвоз мегирад. Ба гуфти Эйб, Филоделфия дорои боғҳои бузургтарину шумори зиёди осорхонаҳоест, ки на танҳо таърихи ин кишвар, балки фарҳанги мардуми гушаву канори дунёро низ таҷассум мекунанд:
“Аз ҳама чизи ҷолибе, ки Филаделфия дорад, ин боғҳояш аст. Мо дар шаҳр баробари си ҳазор ҳектар боғ дорем ва аз ин рӯ Филаделфия дар ҷаҳон чун яке аз калонтарин боғшаҳрҳо муаррифӣ мешавад. Бар илова дар атрофи шаҳр осорхонаҳои зиёде мавҷуданд, ки якчанд садсола фаъолият мекунанд. Нафароне ки табиатро дӯст медоранд ва мехоҳанд назари амиқе ба таърих андӯзанд, ба ин ҷо меоянд. Зиндагӣ дар ин ҷо ҷолиб аст. Ҳар касе заҳмат кашад, даромади хуб ба даст меорад. Нисбати Ню-Йорк бисёр чиз ин ҷо арзонтар аст. Ман ки бо сайёҳон кор мекунам, даромади хуб ҳам дорам. 20 дақиқаи сайругашт бо ароба 30 доллар ва як соаташ 80 доллар аст.”
Яке аз ҷойҳои серодам ва маъруфи Филаделфия осорхонаи “Зангӯлаи Озодӣ” ва “Толори Озодӣ” аст, ки дар боғи таърихии “Истиқлолияти Миллӣ” ҷойгир аст. Дар ҳамин мавзеи таърихӣ Амрико худро чун кишвари мустақил эълон намудааст ва садои зангулаи озодӣ танин андохтааст. Дулс Семенера, корманди ихтиёрии боғи мазкур, мегӯяд, ҳамасола аз 1 то 2 миллион нафар барои дидани “Зангӯлаи озодӣ” меоянд. Ворид шудан ба осорхонаи мазкур чун аксари осорхонаҳои Амрико ройгон аст. Дар осорхона сарқонуни Амрико, нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки истиқлолияти ин кишварро тасдиқ мекунанд ва акси чеҳраҳои сиёсиву таърихӣ ба намоиш гузошта шудааст.
Дулс Семенера мегӯяд, “зангӯла дар миёнаҳои асри 17 сохта шуда, нахуст овезон буд, аммо ба оҳистагӣ дар он ҷағиш мушоҳида мешавад, ҳарчанд он аз нав тармим мегардад, аммо хатти ҷағиш боло рафтан мегирад. Аз ин рӯ зангуларо ба дохили осорхона мегузоранд. Одатан мактабҳо хонандагони худро барои дидани “Зангӯлаи Озодӣ” меоранд. Буҷаи мактабҳо, ки аз соли гузашта муайян шудааст, ҳоло бо таъсири бӯҳрон шумори сайёҳони наврасро кам накардааст. Шояд соли дигар тағйирот ворид кунад. Ба наврасон пеш аз ҳама дидани сарқонуни аввали Амрико ва аксҳои таърихиву худи зангӯла ба ҳайрат меорад, чун қаблан онҳо дар бораи ин ҳама санадҳо аз дарси таърих иттилоъ мегиранд. Масалан, дар ин ҷо аксҳои зиёде аз ҷараёни омода сохтани зангӯла ва сайри он дар гӯшаву канори Амрико мавҷуд аст. Бояд гуфт, сафари охири зангӯла дар аввоили асри нуздаҳ ба поён мерасад.”
Ҷек Гибсон мегӯяд, ҳарчанд дар Филоделфия биноҳои зиёди қадима мавҷуданд ва шароити зиндагӣ чандон ба шароити имрӯз мувофиқ нест, аммо бо мурури замон дар канори биноҳои қадима иншоотҳои нав бунёд мегарданд. Ҷек мегӯяд, дар Филоделфия донишгоҳ омӯзишгоҳҳои гуногуну марказҳои фарҳангиву варзишӣ ҷавонони зиёдро ба омӯзиш фаро гирифтаанд. Ҷек меафзояд, суръати зиндагӣ дар ин ҷо нисбати шаҳрҳои дигари Амрико оромтар буда, ҷавонон вақти холии зиёдтар доранд:
“Дар ин ҷо ба ресторан рафтан ва сайругашт кардан хеле хуб аст. Дар ин ҷо тарабхона ва марказҳои варзишии зиёд аст ва ҷавонон бештар ба бар ва марказҳои варзишӣ рафтанро дӯст медоранд. Инҷо арзиши иҷораи хона, нархи ғизо дар тарабхонаҳо арзонтар аст. Харҷи зиндагӣ ҳам кам ва маҷрои он оромтар аст”.
Филаделфия дар замони инқилоби Амрико ба маркази инқилобгарон табдил ёфта, ин рӯйдод ба якборагӣ ба рушд карданаш сабаб гаштааст. Баъд аз инқилоб шаҳр чун пойтахти муваққатии Амрико интихоб мегардад. Ҳарчанд дар аввали асри нуздаҳ ҳукумати марказӣ Филоделфияро тарк мегӯяд, он чун яке аз марказҳои фарҳангиву иқтисодии Амрико боқӣ мемонад. Филаделфя яке аз шаҳрҳои калонтарини санъатӣ ва кишоварзии Амрико низ ба ҳисоб меравад.