Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Савту таронаҳои исроилӣ


Дуруд, дусти азизи «Ояндасоз»! Барномаи навбатии «Ояндасоз мюзик» аз шаҳри Ню-Йорк чун ҳамешагӣ бо кулвори пур аз таронаҳои хориҷӣ пешкаши Шумо мешавад.

Шояд бесаброна интизоред, ки имрӯз чӣ чизи наве шуморо интизор аст? Имрӯз якҷо меравем ба тамошои дунёи мусиқии Исроил, ки он ба назар воқеан рангин менамояд. Чун маъмулан мусиқии имрӯзаи ин кишвар дар заминаи оҳангҳои кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз қабили Испониё, Фаронса, Олмон, Амрико, кишварҳои арабӣ ва форсӣ рушд кардааст. Ба қавле, боғи фарҳангу мусиқии Исроил чунон ғанӣ будааст, ки ҳар кас барои худ меваи дӯстдоштаашро аз дарахти оҳангу тарона метавонад пайдо намояд.

Тибқи мушоҳида яҳудиён ба дин сахт эътиқод доранд ва новобаста аз мавқеи ҷуғрофии зиндагиашон анъанаҳои динӣ ва миллии худро риоя ва эҳтиром менамоянд. Ин аст, ки дар миёни таронаҳои исроилӣ мавқеи аслиро оҳангҳои динӣ, ки зери навои он пораҳо аз Таврот ё васфи Худованду чеҳраҳои маъруфи динӣ сароида мешаванд, ишғол кардаанд.

Оҳангсоз Свӣ Авнӣ, ки асари “Дуо”-ро офарида буд, гуфтааст, дар каниса яҳудиҳо ғолибан дуоҳоро якҷоя такрор менамоянд, ҳарчанд ҳар кас ба усули ба худ хос месарояд, аммо дар якҷоягӣ оҳанги ҷолиберо ба вуҷуд меоранд. Гуфта мешавад, бархе аз ривоятҳои Таврот ва Инҷил гувоҳи онанд, ки ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим яҳудиҳо дорои рақс ва мусиқии хоси худ будаанд. Бозёфтҳои археологӣ аз он ҳикоят мекунанд, ки миёни ин мардум ғолибан истифодаи асбобҳои нафасӣ ва зангула бештар маъмул буд. Таърихнигорон менависанд, ҳарчанд шоҳ Довуд барои яҳудиҳо каниса насохт, аммо барои рушди мусиқии динӣ дар ибодатгоҳҳо сабаб шудааст.

Нишони мусиқии исроилӣ аслан асбоби мусиқии ғижак ба ҳисоб меравад, аммо дар замонҳои қадим яҳудиҳо бештар аз асбобҳои нафасӣ ва зангула истифода мекарданд. Ҳатто то ба имрӣз дар даромадгоҳи хонаҳои аксари яҳудиёни Амрико зангулаҳои гуногун овезон аст, ки баробари вориди хона ё ҳучра шудан садои он баланд мешавад.

Тибқи кофтукоби археологии шаҳри Довуд, соли 1975 нае бозёфт шудааст, ки ба асрҳои як таалуқ доштааст. Коршиносонро чизе ба ҳайрат овардааст, ки най аз устухони пойи пеши гов омода карда шуда, навишатҳои як китоби диниро ба хотир овардааст, ки дар он гуфта шуда буд, ки “танҳо як ҷонварест, ки дар тамоми зиндагӣ як овоз ва баъд аз марг дорои ҳафт овоз гардид”. Яъне аз ду шохи гов - карнай, устухони ду пойи пешаш - най, пусташ - нағора, рудаҳояш - торҳои асбобҳои мусиқии арф ва танбур месохтаанд.

Гуфтанист, Исроил дар олами мусиқӣ бо оркестрҳои бузургтарини симфониву камеравӣ, фарҳангистону донишгоҳ ва мактабҳои омӯзиши мусиқӣ, садҳо гурӯҳҳои муваффақи ҳунарӣ, оҳангсозони маъруф ва аз ҳама ҷолиб радиоҳое, ки шабонарӯзӣ мусиқиҳои миллии классикиро пахш мекунанд, яке аз зинаҳои баландтаринро ишғол кардааст.

Сирри муваффақияти онҳо дар чист? Ба ақидаи мусиқишиносон, фарҳанги мусиқӣ дар Исроил баъд аз ба ватани аҷдодӣ баргаштани зиёиёне, ки қаблан дар кишварҳои мухталифи дунё ба сар мебурданд, ба якборагӣ рушд кард. Зеро мусиқӣ чун яке аз воситаҳои аслии муошират ва мутаҳидсозии онҳо хизмат мекард.

Маҷрои зиндагӣ ба оҳистагӣ ба Исроил на танҳо ошиқони савту тарона, балки оҳангсозону ҷавонони боистеъдоди яҳудитаборро аз гушаву канори дунё, ба мисли Русияву Олмон, Руму Маҷористон ва ҳатто Тоҷикистон, вориди Исроил менамояд, ки ағлаби онҳо дар алоҳида мактабҳои ҳунарии худро таъсис медиҳанд.

Бо ҳарф задан дар бораи мусиқии исроилӣ оид ба таъсири фарҳанги Шарқ сухан нагуфтан ғайриимкон аст, зеро ғолибан навоҳои шарқӣ ба таронаҳои исроилӣ обуранги тоза мебахшанд.

Зимнан дар ин барнома садои як овозхони попи исроилиро низ мешунавем, ки зодаи Душанбе аст ва бо садои диловези худ ба ҷавонони кишвараш таронаҳои тоҷикӣ ҳам месарояд. Ин ҷавон Михаил Аронбоев аст, ки 29 сол дорад ва аз синни 12-солагӣ ҳамроҳи волидон аз Душанбе ба Исроил кӯчидаанд. Михаил дар мактаби раками 14 таҳсил кардааст, аммо нозукиҳои сарояндагиро аз падараш омухтааст. Бо Михаил мо телефонӣ дар тамос шудем ва ӯ дар сӯхбат ба мо гуфт, ки дар Исроил таронаҳои тоҷикӣ, озарӣ, узбакӣ, русӣ, испанӣ ва исроилӣ месарояд. Бо Михаил оид ба эҷодиёти ҳунарияш ва завқи мусиқии ҷавонони Исроил сӯҳбат намудем. Нахуст Михаил оид ба маҳбубтарин таронаҳои тоҷикӣ миёни шунавандаи Исроил итилоъ дод:

“Одамон таронаҳои тоҷикиро хуб қабул мекунанд, чун аз он ҳаловат мебаранд. Ҳамчунин ин таронаҳоро пазмон шудаанд ва бо шунидани он ёди зодгоҳ мекунанд. Таронаҳои маъруфи тоҷикӣ аз албоми ман таҳти унвони “Рӯят равшан, сар сари тори мӯят” дар Исроил бештар маъруф аст.”

Суол: Ташаккур, Михаил, биеед оид ба мусиқии Исроил каме сӯҳбат кунем. Имрӯз, ба назари шумо, он дар кадом сатҳ қарор дорад ва ҷавонон чиро бештар дуст медоранд?

Михаил Аронбоев: “Дар Исроил ҷавонон бештар эстрадаро дӯст медоранд. Ҷавонони то 25-сола бештар таронаҳои рақсии лотини-амрикоиро дӯст медоранд. Аммо мусиқии Исроил бештар оҳангҳои туркию юнониро ба ёд меорад. Ҷавонони боистеъдод дар Исроил хеле зиёданд ва аз ин рӯ барои ҳунарманди маъруф шудан рақобат ҳам сахт аст. Ҷавонон дар ҳаёти фарҳангӣ хеле фаъоланд, зеро ба консерту марказҳои дилхушӣ рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа хеле зиёд мераванд.”

Исроилиҳо бо раксҳои миллии худ дар Шарқу Ғарб маъруфанд. Рақси миллии ин мардум “Ҳора” ном дорад, ки ба гурӯҳи рақсҳои Аврупои шарқӣ шомил мешавад. Аммо рақси муосири исроилӣ бошад пайрави таронаҳои попи имрӯз бо омехтаи усулҳои рақси Аврупову Шарқ аст.

Гуфтанист, усули поп дар Исроил бо суръати баланд инкишоф меёбад ва ҳунармандони ҷавон дар озмунҳои байнулмилалӣ бо таронаҳои муосир кишвари хешро муаррифӣ мекунанд, аз ҷумла дар Евровижн. Имсол Исроилро дар ин озмуни бонуфузи байнулмилали Ноа ва Мира Авад муаррифӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG