Чунин мегӯянд бархе аз саёҳони Амрико. Боғи марказии Ню-Йорк мавзеи зебову сердарахт ва дорои шароити мусоид барои истироҳат, бозиҳои варзишии ҷавонон, майдонҳои бозии кӯдакона ва дигар мавзеҳои таърихист. Роҳҳои боғ асфалтпӯш ва ҷо-ҷо теппаҳо ба назар мерасанд, ки қаблан дар оғӯши уқёнус қарор доштанд ва имрӯз ба ҷойи нишасти ҷавонон табдил ёфтаанд. Муҳити боғро дидани аспу ароба ва аробаҳои сечархае, ки ронандаҳояшон ҷавононанд, ҷолибтар месозад.
Азбаски масоҳати боғ азим аст, пои пиёда тамошо кардани ҳамаи зебоиҳои он хастакунанда аст ва аз ин рӯ ба сайёҳон ҷавонони аробасавор хизматрасонии худро пешниҳод месозанд. Аробачаи онҳо аз се чарх ва се ҷойи нишасти мусофирон иборат аст ва ронанда онро ба мисли велосипед идора мекунад. Ба ин кор ғолибан ҷавонони хориҷии мактабҳои омӯзиши забон дар Ню-Йорк машғул ҳастанд.
Дар миёни онҳо ҷавонони ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Осиёи Марказиро зиёд дидан мумкин аст. Аз сӯҳбат бо мо ҳамсолони тоҷикамон шарм доштанд, зеро мегӯянд, аз ошкор шудани шуғлашон дар Ню-Йорк ба ҳамватанон хиҷолат мекашанд. Аммо ба андешаи ҷавонони қазоқ меҳнати ҳалол дар ҳеҷ куҷо айб нест.
Мусоҳиби ман Нурлан, ҷавони 21-солаи қазоқ, мегӯяд, чанд моҳ пеш ӯ ба сифати пешхизмат дар тарабхона кор мекард, аммо бо шиддат ёфтани бӯҳрони молӣ даромад дар он ҷо ба маротиб коҳиш ёфт. Аз ин рӯ Нурлан ба велосипедронӣ шурӯъ кардааст, зеро мегӯяд, бо ин шуғл метавон маблағи хуб ба даст овард:
«Ин, албатта, кори душвор аст, зеро мешавад, ки ба ароба якбора се нафар савор шаванд. Баъзан вазни умумии мусофирон то 400 килоро ташкил медиҳад. Медонед, ки и нҷо аслан мардум чандон хароб нестанд. Боз ароба 120 килограм вазн дорад ва бояд ҳамаи инро бо иловаи вазни худ ба пеш кашид. Барои пурқувват шудани пойҳо машқи хуб аст, аммо ба ҳар ҳол хастакунанда аст. Аммо баъдан шахс одат мекунад ва ҳоло ман то се нафарро эҳсос намекунам. Рӯзҳои аввал хеле сангин аст, ҳатто соҳибони ароба барои як ҳафтаи аввал ҳаққи иҷора намегиранд, чун шахс метавонад аз ӯҳдаи кор набаромада, фаъолияти худро қатъ кунад. Як моҳи аввал душвор аст, аммо баъд одат мекунед».
Велосипеди сечархаро ҷавонон иҷора мегиранд, қиммати он ҳоли ҳозир, ки каммуштарӣ аст, барои як ҳафта аз 50 то 100 доллар ва дар фасли тобистон то 250 долларро ташкил медиҳад. Аммо, ба гуфти Нурлан, дар сурати бетағйир мондани шумори сайёҳон тибқи маъмул даромад дар ин самт зиёд аст. Ба гуфти Нурлан, имрӯзҳо дар як ҳафта то 500 доллар ва дар фасли гармо аз 800 то 1000 долар ба даст овардан мумкин аст, вале ҳастанд ҷавононе, ки тариқи рекорди дар як рӯз то 1500 долар ҷамъ кардаанд:
«Ин ҷо велосипедронҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Гурӯҳе танҳо дар хиёбонҳо ба мисли таксӣ кор мекунанд ва кори онҳо шабона оғоз мешавад. Яъне барои сайёҳон сайругашти шабонаро ташкил медиҳанд. Мо бошем дар дохили боғ кор мекунем ва тибқи як барномаи хурд, ки ҳар кас барои худ тартиб медиҳад, сайёҳонро ба тамошо мебарем. 45 дақиқаи саёҳат, ки як давраи пурраи боғро такшил медиҳад, ҳудуди 70 доллар арзиш дорад. Аммо муштариён ҳатман мукофотпулӣ мегузоранд ва баъзан он сад дарсади қимати хизмат аст. Албата, мукофотпулӣ ба он бастагӣ дорад, ки шумо сафаро чи гуна ташкил медиҳед. Хулоса дар як рӯз метавон маблағеро дарёфт кард, ки як шаҳрванди миёнаи Амрико онро дар як ҳафта ба даст меорад».
Нурлан барои ҷолиб гузаронидани сафари сайёҳон дар бораи таърихи Ню-Йорк ва ба вижа боғи марказии он зиёд мутолиа кардааст. Ин аст, ки аксари сайёҳони дохилӣ ба муштариёни доимиаш табдил ёфта, дӯстонашонро низ маҳз ба назди ӯ мефиристанд:
«Ман ба онҳо ҳама чизро қисса мекунам. Дар тули 45 дақиқа дар бораи боғ маълумоти зиёд гуфтан мумкин аст. Таърихи ҳар як муҷассамаро қисса мекунам. Инҷо майдоне ҳаст, ки дар он муҷассама ва нимпайкараҳои шахсони шинохта, ба мисли Шекспир, Колумб ва дигарҳо, гузошта шудаанд. Боз дигар маълумотҳои ҷолибу таърихие ҳастанд, ки сайёҳонро ба ҳайрат меорад. Чун бисёриҳо бовар намекунанд, ки боғ дорои таърихи тулонӣ аст. Ман ин ҳамаро аз интернет мутолиа кардам».
Дониёр Исмогулов, ҷавони дигари қазоқ, мегӯяд, ҳарчанд сӯҳбат бо амрикоиҳо барои такмили дониши забони англисӣ таҷрибаи хуб мебошад ва дар боғ имконоти фароҳам бештар аст, аммо кор карданро дар ин ҷо онҳое интихоб мекунанд, ки ҳадди ақал бо забони англисӣ сӯҳбат карда метавонанд:
“Агар шумо малакаи бо одамон сухан гуфтанро доред, дар ин кор муваффақ мешавед. Бештар сайёҳон дар бораи кишвари худ кисса мекунанд ва баъд дар бораи Осиёи Марказӣ мепурсанд. Ин кор таҷрибаи хуби такмили забони англисӣ ва табодули фарҳангро фароҳам меорад. Дар ин кор шумо худро комилан мустақил эҳсос мекунед, касе ба шумо намегӯяд, ки кадом соат коратонро шурӯъ кунед ва ё кадом соат ба хона равед, ҳамааш дар дасти худи шумост”.
Дониёр ва Нурлан аз ҳисоби даромади хеш ҳам ба хона маблағ ирсол мекунанд ва ҳам тамоми хароҷоти зиндагии хешро бо шумули таҳсил пардохт мекунанд. Нурлан мехоҳад, соли оянда шомили омӯзишгоҳ гардад. Дониер ва Нурлан, ки беш аз як сол мешавад дар Ню-Йорк таҳсил ва зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, пас як-ду соли омӯзиш ба Қазоқистон бармегарданд ва бовар доранд, донишҳои андухтаашон барои ёфтани ҷойи кори дилхоҳ кумак хоҳад кард.