Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо сил

24 марти соли 1882, яъне 127 сол пеш доктор Роберт Кох ангезандаи бемории силро кашф кард, ки баъдан бо исми ин муҳаққиқу табиби маъруфи олмонӣ дар илми тиб ҳифз шуд.
Маризии силро то имрӯз чун хатарноктарин бемориҳои сироятнок ёд мекунанд, ки маъмулан дар миёни қишри нодори аҳолӣ паҳн мешавад. Ин бемориро инчунин одат аст, ки ҳамчун маризии иҷтимоӣ сифат диҳанд, чунки як сабаби аслии густариши он дар набуди шароитҳои иқтисодиву маишии инсон барои зиндагии шоиста буда бо сабаби зиндагии номусоиди инсон ва набуди дастрасӣ ба хӯроки серғизо зуд ба инсон сироят мекунад.

Дар паёмаш бахшида ба рӯзи мубориза бо сил дабири кулли СММ Бан Ки Мун гуфт, ки сол то сол шумори гирифторони сил дар саросари ҷаҳон рӯ ба коҳиш меорад, вале ин ҷараён бо суръати суст пеш меравад. Вай гуфт, тадбирҳои андешидашуда барои ҷилавгирӣ аз густариши сил кор меояд, аммо ҳамоно шумори қурбониҳои ин беморӣ дар ҷаҳон хеле зиёд боқӣ мемонад. Ҳар 20 сония дар ҷаҳон як нафар гирифтори сил ҷони худро аз даст медиҳад, мегӯяд СММ.

Феълан, миллионҳо нафар аз маводи дорувори зиддисил баҳра мебаранд, вале боз ҳам миллионҳои дигар аз дастрасӣ ба доруву дармони зарурӣ маҳруманд. Бан Ки Мун афзуд, то замоне, ки чораҳои фаврӣ дар ин замина андешида нашавад, шумори беморон боз ҳам афзудан мегирад. Дабири кулл гуфт, дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ "мо бояд сармоягузории риштаи беҳдошти умумӣ ба вижа қишрҳои заъфпазиртаринро ҳимоят кунем".

Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, бемории сил мисли маризии маъмулии сармохӯрдагӣ аз роҳи ҳаво ба инсон сироят мекунад, вале як фарқи ҷиддиаш дар ин аст, ки шуши инсонро бо ангезандаҳои сироятнок асар мекунад. Ҳама ҳаракоти инсони олуда ба сил, мисли сулфаву атса, истеъмоли ғизо ва чойнӯшӣ метавонад ба атрофиёнаш хеле хатарнок бошад. Як нафар метавонад соле 10-15 нафари атрофашро ба ин беморӣ олуда кунад, мегӯянд мутахассисон. Ҳар нафаре, ки масунияти баданаш заъиф шудааст, шонси зиёди гирифторӣ ба силро дорад.

Табибон ҳисоб кардаанд, ки ҳар сония як нафари нав олуда ба сил мешавад. Ҳисоб шудааст, ки ҳар сокини сеюми сайёра дар дохили ҷисмашон бактерияи силро дорад ва аммо 5 то 10 дар сади онҳоро хатари гирифторшавӣ ба ин беморӣ таҳдид мекунад.

Дар ҷаҳон ҳоло шумори гирифторони сил аз ҳама зиёд дар манотиқи Африқо ва Осиёи ҷанубу шарқӣ мушоҳида мешавад.

Имрӯз беморони сил дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон бо кӯмаки фаъоли ташкилоти байналмилалии башарӣ, мисли СММ муолиҷа мешаванд. Исми ин системаи табобатӣ бо вожаи DOTS маъруф аст, ки аз соли 1995 ба ин сӯ татбиқ мешавад ва ҳадафи он дастрасии маводи табобатӣ ба ҳама қишрҳои аҳолӣ - сарватмандон ва нодорон мебошад. Танҳо соли 2004 - 22 миллион гирифтори сил дар 183 кишвари ҷаҳон тавонистанд аз рӯи ин низоми табобатӣ муолиҷа шаванд. Аммо боз ҳам, ба қавли созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҳанӯз шароит барои комилан решакан шудани ин беморӣ вуҷуд надорад.

Дар Тоҷикистон, тибқи нишондодҳои созмони ҷаҳонии беҳдошт дар соли 2006 бар сари ҳар 100 ҳазор ҳазор сокини ин кишвар 204 ҳодисаи гирифторӣ ба сил қайд шудааст. Аз ҳар 100 ҳазор сокини ин аҳолӣ 39 бемори олуда ба сил ба ҳалокат расидаанд.