Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ятимони Восеъ ва маризони Кӯлоб


Дармонгоҳи амрози уфунии минтақаи Кӯлоб, ки барои 130 нафар пешбинӣ шудааст, алъон 62 бемор доштааст, ки 12 нафари онҳо бо нишонаҳои сил бистарӣ шудаанд. Ҳафтаи гузашта ҳудудан 40 бемор дармонгоҳро бо сабаби адами шароити буду бош дар сардиҳои тоқатфарсои имрӯза тарк карданд. Ин беморхона на об дораду на ташноб. Генератори сеюним китоловолтаи ин дармонгоҳ барои фаъолияти дастгоҳҳои гармикунии утоқҳо кифоят намекунад ва ин муассиса ба таври оҷил ба бухориҳои газӣ ниёз дорад.

Шароити ятимхонаи Восеъ бошад чунин тасвир мешавад: дар ин ҷо 145 тифл - духтару писарҳо нигаҳдорӣ мешавад, бо сабаби набуди барқ сохтмони ин муассиса бо ҳезум гарм карда мешавад. Маъмулан дар ҳар як утоқ бояд то 10 тифл нигаҳдорӣ шаванд, аммо бо сабаби сардӣ, ҳоло дар ҳар як хона 20 кӯдак ҷо дода шудаанд. 45 тифли дигари ин ятимхонаро ҳамсояҳои хайрхоҳ барои муваққат дар хонаҳои худ ҷо додаанд. Зимнан, дастрасии бошандагони ятимхона ба об ҳам хеле сахт аст: лӯлаи наздиктарини об дар масофаи беш аз як километр роҳ ҷойгир аст. Ятимони Восеъ ба таври фаврӣ ба генераторҳо, кампалҳои гарм, васоили ошхона, ба лӯлаи об, ҳезум ва танӯрҳои оддӣ ниёз доранд.

Ба ин тартиб, дар ин таҳқиқоти созмони хайрияи Oxfam-GB шароити беш аз 20 муассисаи тиббӣ, парваришгоҳҳои ятимону мактаби вижа дар минтақаи Кӯлоб таҳқиқ шудааст. Ин таҳқиқот камбуди нирӯи барқ ва дастрасии мушкил ба об ва ғизоро дар Кӯлоб ва минтақаи Кӯлоби Тоҷикистон бозгӯ мекунад. Гузориш ҳокист, ки Тоҷикистон сардтарин зимистонро дар тӯли 50 соли охир таҷриба мекунад ва ин кишвари нодортарини минтақаи Осиёи Марказӣ ҳоло охирин захираҳои нирӯи барқи худро истифода мекунад. Илова ба ин, қимати маводи ғизо дар муқоиса бо соли 2006 ду баробар боло рафта, мардум маблағи бештарро барои харидории захоири иловагии энержӣ сарф мекунанд.

Ғозӣ Келонӣ, ҳамоҳангсози барномаҳои сиҳҳатии омма дар барномаи Oxfam-GB Тоҷикистон мегӯяд, ин нахустин чунин таҳқиқоте мебошад, ки дар шароити бӯҳронии минтақаи Кӯлоб анҷом шудааст. Ӯ афзуд, натиҷаҳои ин пажӯҳиш ба чанд масоили ташвишоваре ишора мекунад, ки ба таври фаврӣ бояд таваҷҷӯҳи созмонҳои имдодрасонро ҷалб кунад:

"Хатари асосие, ки аз ҷониби мо мушаххас шуд, ин аст, ки зербиноҳои иҷтимойӣ, мисли шифохонаҳову ятимхонаҳо аз набуди хадамоти мавриди ниёз азият мекашанд. Яъне ин ҷо бӯҳрони энержӣ ҳукмфармо аст, барқ намерасад. Натиҷа ин аст, ки мардум бояд беморхонаву парваришгоҳҳоро тарк кунанд. Дар ин минтақа беш аз сад бемори гирифтори сил маҷбур шуданд ба хонаҳои худ баргарданд ва ин воқеият хатари олудашавии нафарони бештарро ба ин беморӣ афзоиш медиҳад. Камбуди энержӣ дар муассисаҳои табобатӣ, ба вижа дар ҷойҳое, ки амалиёти ҷарроҳӣ бояд анҷом гирад, сиҳҳатии инсонҳоро бо хатар рӯбарӯ мекунад. Бемористонҳо барномаҳои стратегии муқобила дар баробари чунин бӯҳронҳои энержиро надоранд. Инчунин, тибқи маълумоти дастрас, дар баъзе ҳолатҳо кормандони тиббии шифохонаҳо бино ба мушкили камбуди барқу набуди васоили гармидиҳӣ омода нестанд дар навбати шабона кор кунанд. Бо сабаби паст будани ҳарорати ҳаво, 57 дар сади аҳолии Кӯлоб ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд: лӯлаҳои об ях баста, об ба манзилҳо интиқол намеёбад".

Оқои Ғозӣ Келонӣ, ҳамоҳангсози барномаҳои сиҳҳатии омма дар барномаи Oxfam-GB мегӯяд, дар шароити бӯҳронии Тоҷикистон муассисаҳои ҳукуматӣ ва хадамоти масъули дигари тобеи он дар муқобила бо вазъият нотавон ҳастанд, аз ин рӯ, созмони онҳо аз ҷомеаи байналмилалӣ дархости кӯмак кардааст. Вай афзуд, созмони онҳо бо чунин дархост ба дафтари аслии худ дар Бритониё, бахши кӯмакҳои СММ (UNOCHA), Камиссиюни Аврупо (ECHO), Оҷонсии рушди Швейсария (SDC) муроҷиат кардааст ва ният дорад домани муроҷиатҳояшро тавсеа бахшад.

То ҳол худи Oxfam-GB дар Бритониё аз Бунёди ҳолатҳои фавқулодда ба дафтари намояндагии ин созмон дар шаҳри Кӯлоб маблағҳое ҷудо кардааст, ки он ба таъмири лӯлаҳои обгузари харобшуда, навкунии системаи обтозакунии ду обанбори аслии Кӯлоб равона шуда, инчунин дигар кӯмакҳои ниёзи аввалияро барои мардум дар назар мегирад.

Таҳқиқоти ахири созмони Oxfam-GB бо мусоидати созмонҳои байналмилалии фаъол дар минтақаи Кӯлоб - Агроаксияи Олмон, Ҳайати "Шарқ" ва сохторҳои СММ анҷом шудааст.

XS
SM
MD
LG