Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сили "тобовар" куштандатар аст, аммо бедаво на


Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар гузориши ҷадидаш бар пояи таҳқиқи вазъи бемории сил дар 81 кишвари ҷаҳон мегӯяд, мавридҳои печидан ба маризии силе, ки дорувор корааш намекунад, ба таври бесобиқа афзудааст.

Ин гузориш аз ҷумла ба осебпазирии қисме аз кишварҳои шӯравии собиқ дар муқобили чунин анвоъи туберкулёз таъкид кардааст. Бино бар ин гузориш, солона дар ҷаҳон тақрибан ним миллион нафари ҷадид ба анвоъи ба дасти кам 1 ё 2 навъи дорувор тобовари маризии сил мепечанд. Яъне тақрибан 5 дарсад аз ҷамъи 9 миллион нафаре, ки ҳамасола дар ҷаҳон мубтало ба сил мешаванд.

Доктор Марио Ревиглион, раҳбари бахши мубориза бо сил дар Созмони ҷаҳонии беҳдошт, бо изҳори таассуф гуфтааст, ки ҷаҳон то ҳол ин маризии сироятиро ҷиддӣ намегирад. Ба гуфтаи ӯ, гузориши мунташиркардаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳокист, ки мо дар бисёре аз қисматҳои ҷаҳон ба як бадбахтии бузург рӯбарӯ шудаем. Бадбахтие, ки исмаш маризии сил, сили тобовар ба чандин навъи доруҳост.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт чанд кишвари Шӯравии пешин, аз ҷумла Русия, Озарбойҷон, Украина ва Молдова ва кишварҳои Осиёи Марказиро дар шумули кишварҳои зери хатари густариши чунин анвоъи сил ном бурдааст. Дар Боку, пойтахти Озарбойҷон 22 дарсад аз ҷамъи мубталоёни ҷадид ба бемории сил маҳз ба MDR TB - яке аз ин ду навъи сили тобовар гирифтор шудаанд. Дар Молдова ҳамин тавр, чунин мавридҳои сили тобовар 19 дарсад аз ҷамъи афроди тозагирифторшуда будааст.

Табибон бахусус аз густариши доманаи ду навъи нави ба истилоҳ сили тобовар изҳори нигаронӣ карда, мегӯянд, аз як сӯ табобати ин анвоъи сил ҳазинаи дар муқоиса бо табобати анвоъи одии ин беморӣ ба маротиб бештареро талаб мекунад. Аз сӯи дигар, мегӯянд онҳо, ҳалокати мардум дар асари печидан ба чунин анвоъи сил омори бе ин ҳам кушандаи ин маризиро боз ҳам кушандатар мекунад. Дар ҳоли ҳозир, бино бар омори овардаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҳамасола дар ҷаҳон тақрибан 1 600 000 нафар дар асари сирояти сил мемиранд.

Коршиносон мегӯянд, як далели аслии бурузи чунин анвоъи сили тобовар дар паҳнои шӯравии собиқ фурӯпошии низоми беҳдошт дар пайи шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ будааст. Табобати ҳатто анвоъи одии сил моҳҳоро дар бар гирифта, баъд аз табобат ҳам назорати доимии маризонро талаб мекунад. Аммо дар бисёре аз кишварҳо аз ин сарфи назар шудааст.

Вале доктор Пол Нанн, намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, мегӯяд, табобати ҳатто сили тобовар мумкин ҳаст, аммо аз давлатҳо ҳазинаи бештар ва таваҷҷӯҳи бештар мехоҳад. Вай меафзояд, табобати як нафари мубтало ба сили ба дорувор тобовар дар кишварҳои пасошӯравӣ тақрибан 2 солро дар бар гирифта, аз як то чаҳор ҳазор доллар ҳазина мехоҳад.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, ин бовар, ки густариши маризии сил маҳдуди танҳо чордевори маҳбасҳо ва ҳам мӯътодони маводи мухаддир аст, андешаи хатост. Ба эътиқоди ин созмон, сил ҳатто ба мардуми оддиву коргар таҳдид мекунад ва бояд дар меҳвари таваҷҷӯҳ қарор дода шавад.

XS
SM
MD
LG