Конфронси матбуотии Додситони кулл

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, авзои ҷиноии кишвар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб беҳбуд ёфта ва ҷиноёте, ки ба василаи силоҳи оташфишон сурат гирифтааст, кам шудааст.

Қазияи қатли Олег Захарченко

Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, ки фаъолияти мақомоти тафтишотӣ дар ин давраи солро натиҷагирӣ мекард, дар посух ба саволи қазияи қатли Олег Захарченко, фармондеҳи гурӯҳи таъиноти вижаи вазорати дохилаи кишвар гуфт, ки омилин ва қотили ин шахс ошкор шудааст, вале идомаи баррасии парвандаи ин ҷиноят ба таъвиқ афтодааст.

Олег Захарченко - фармондеҳи гурӯҳи вижаи вазорати дохила дар моҳи феврали соли равон дар натиҷаи як даргирӣ дар назди идораи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ин вазорат дар ноҳияи Рашт кушта шуд. Бархе аз манобеи вазорати дохила дар қатли вай ангушти иттиҳомро сӯи Мирзохӯҷа Аҳмадов - сардори бахши мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вазорати дохилаи ва тобеони ӯ гузоштанд. Аммо худи оқои Аҳмадов ин иттиҳомро бепоя хонда буд. Дар ҷараёни боздиди президент Эмомалӣ Раҳмон аз навоҳии минтақаи Рашт бо Мирзохӯҷа Аҳмадов мулоқот карда, ва ба дунболи барҳам додани ин бахш кормандони онро мавриди афв қарор дод ва онҳо низ силоҳҳои худро таслими мақомот карданд.

Вале Бобоҷон Бобохонов – додситони кулли кишвар гуфт, ки ашхоси муттаҳам дар асоси қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод мешаванд, вале ин гуна қонун баъди вуқӯъи ҳодисаи қатли Олег Захарченко таҳия ва қабул нашудааст. Додситони кулли кишвар ишора кард, ки мақомоти тафтишот дар доираи ваколат ва салоҳиятҳои корӣ ва низ бо такя ба малакае, ки ҳосил кардаанд, ҷиноятҳои пешинаро ошкор мекунанд ва омилини куштори Олег низ дастгир ва ба ҷазо кашида мешаванд.

Салафия

Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон дар иртибот ба густариши ҷараёни салафия ва эҳтимоли таҳдиди он ба амнияти кишвар гуфт, ки то кунун аз сӯи пайравони ин равия ба фарқ аз аъзои Ҳизбутаҳрир, ки барои анҷоми аъмоли ҷиноӣ фаъолияти он дар кишвар мамнӯъ шудааст, ягон ҷинояти мушаххас сабт нашудааст. Вале дар додситонии кулли кишвар гузоришҳои дигар ниҳодҳои давлатӣ дар мавриди ин равия дар ҳоли баррасӣ ва таҳқиқ аст ва рӯзҳои наздик дар ин замина додситонӣ тасмими худро эълом мекунад.

Додоҷони Атовулло

Додситони кулли Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард, ки Додоҷони Атовулло –сармуҳаррири нашрияи «Чароғи рӯз» ва раҳбари ҳаракати "Ватандор" ҳамчунон мавриди ҷустуҷӯ ва таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорад. Оқои Бобохонов афзуд, ки ҳоло Додоҷон дар Олмон ва ё Фаронса ба сар мебарад, вале иттиҳомоти эъломшуда алайҳи вай собит шудааст ва масъалаи боздошт ва истирдоди ӯ ба Тоҷикистон кори вақт аст.

Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов

Бобоҷон Бобохонов дар иртибот ба қазияи куштори Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов - аз пешвоёни Фронти халқии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ изҳори назар карда гуфт, ки Файзалӣ бо дастони Сангак кушта шудааст. То кунун ҳеҷ яке аз масъулони давлати Тоҷикистон дар робита ба қазияи куштори ин ду пешвои Фронти халқӣ ба ин тарз ошкоро сӯҳбат накарда ва дар хабаре ҳам, ки расонаҳои расмӣ ба дунболи ин ҳодиса дар соли 1993 мунташир карда буданд, гуфта мешуд, ки ин ду фарзанди миллат аз сӯи душманони халқ кушта гардиданд.