Дар он хабарнигорони Русияву Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ҳузур доштанд. Додоҷони Атовулло авзоъи сиёси дар Тоҷикистонро бесубот хонд ва гуфт, ки эътирозҳои ахири мардум дар Бадахшон, Кӯлоб ва тоҷирони Душанбе дар ин авохир гувоҳи бесуботӣ дар ҷумҳурист.
Вай гуфт: "Вазъияти Тоҷикистон, воқеъан имрӯз хеле тӯфонӣ, бӯҳронӣ ва бисёр нигаронкунанда аст. Имрӯз Тоҷикистон дар сари дуроҳа қарор дорад. Ё ин милат ба худ меояд, сарбаландӣ мекунад ва ба дасти худаш қудрату ҳукуматро мегирад ё ин миллат ба нестӣ меравад. Аз ин зиндагӣ ҷони ин мардум ба лаб омадааст. Косаи сари ин мардум лабрез шуд. Ин мардум дигар сабру таҳаммул, дигар тавони бардоштани ин бадбахтиҳо, камбағалӣ, дастархонҳои холӣ, чашмҳои холӣ ва нигаҳҳои ҳолиро надорад. Ва он ҳодисае ки дар Бадахшон мардуми шуҷоъи ин минтақа ба по хестанд, ман фикр мекунам ки ҳамин нури озодие, ки дар Бадахшон дурахшид, дар тамоми Тоҷикистон шӯъла хоҳад зад. Ин тобистон бояд тобистони охирини Эмомалӣ Раҳмон (дар мақоми президент) бошад.”
Оқои Атовулло гуфт, ки ҷунбиши "Ватандор" дар моҳҳои декабр дар Тоҷикистон эътирозҳои сартосариро баргузор хоҳад кард: “Мо ба оқои Раҳмон ва ҳукумати он ошкоро ҳушдор медиҳем ки баъди бозгашти мардуми муҳоҷир мо дар тамоми Тоҷикистон дар тамоми рустоҳо, шаҳрҳо, ҷодаҳои Тоҷикистон мардумро ба гирдиҳамоии саросарӣ мекашем. Шиор якест -- истеъфои Эмомалӣ Раҳмон ва таъсиси як ҳукумати муваққатӣ ва гузаронидани интихоботи озод. Бигзор худи мардуми Тоҷикистон сарнавишт, қисмат ва ҳукумати худро интихоб кунанд.”
Додоҷони Атовулло даргириҳои ахир дар минтақаи Рашт ва Кӯлобро чунин тавзеҳ дод: “Ҳодисаи Рашт, Кӯлоб ва тезутундшавии вазъ дар Бадахшон ин як ҳадаф дошт. Ҳукумат мехост, ки чашми онҳоеро, ки каме номус доранд, чашми онҳоеро ки мехоҳанд, вазъиятро тағйир диҳанд, чашми охарин одамҳоеро, ки бо мақомот норозӣ ҳастанд, тарсонанд. Ин ҳамааш тарсондани мардум аст. Ин ҳукумате, ки аз мардумаш метарсад, ҳукумате, ки аз шунидани садои мардумаш метарсад, ҳукумате, ки аз гирдиҳамоӣ метарсад, ҳукумате ки аз занҳову пирамардҳо метарсад, ҳукумате ки аз нишасти матбуотии як сиёсатмадор метарсад, ин чӣ ҳукумат аст?”
Ҷунбиши "Ватандор" ҳадаф аз роҳандозии эътирозҳои сартосарӣ дар Тоҷикистонро истеъфои, ба қавли вай, мақомоти фасодзадаи Тоҷикистон ва раиси ҷумҳури ин кишвар хонд. Ба гуфтаи Додоҷони Атоввуло, ин дар ҳолест, ки мақомоти ҷумҳурӣ зиндагии хуб доранд, вале бахши аъзами мардуми Тоҷикистон дар шароити фақр ба сар мебаранд.
Қарор буд, ин нишасти хабарӣ барои расонаҳои хориҷӣ дар маркази хабарии «Комсомолская правда» баргузор шавад, аммо бо дахолати афроди номаълум, Комсомолская правда аз баргузории ин нишасти хабарӣ худдорӣ варзидааст. Ба ҳар ҳол, ин нишасти хабарӣ ахиран дар маркази оҷонси иттилоотии «Росбалт» барпо гардид.