Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки нерӯҳои содиқ ба раҳбари ниҳоди минтақавии ин вазорат Олег Захаренко раиси гурӯҳи таъйиноти махсус (ОМОН)-ро ба қатл расондаанд. Полковник Захарченко охири ҳафтаи гузашта дар шаҳраки Ғарм кушта шуд.
Вазорати корҳои дохилӣ таъкид мекунад, ки ӯро пайравони Мирзохуҷа Аҳмадов-раиси минтақавии раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона ба қатл расонданд. Дар ин даргирӣ шаш афсари дигари полис маҷрӯҳ шудаанд. Вазорат изҳор намудааст, ки Аҳмадов бо ҳукумати марказӣ ихтилоф доштааст. Тафсилоти бештар нашр нашудааст. Гуфта мешавад, ки таҳқиқи қазия идома дорад.