Нишасти сарони Иттиҳоди Аврупо ва Укроин

Ширкаткунандагони ҳамоиши Порис аз чап -- Ҳавийер Солана, Жозе Мануел Баррозо, Николас Саркозӣ ва Виктор Юшенко, 9 сентябри соли 2008.

Дар мулоқоти сарони ИА бо Виктор Юшенко, раисҷумҳури Укроин, дурнамои равoбити дуҷониба баррасӣ шуд.
Иттиҳоди Аврупо нақша дорад, равобиташро бо Укроин тақвият бахшад, аммо ба Киев пешниҳоди узвиятро раво намебинад.


Чунин натиҷаҳои мулоқот бо сарони Иттиҳоди Аврупо дар Порис барои президенти Укроин, Виктор Юшенко мусбат шумурда намешаванд, дар ҳоле ки назар ба моҷарои сиёсӣ дар ватанаш вай бештар аз ҳама ба натиҷаҳои комилан мусбат ниёз дошт.

Сафари ӯ ва дидораш бо президенти Фаронса, Николас Саркозӣ, президенти кишваре, ки раёсати даврии Иттиҳоди Аврупоро бар зимма дорад, дар ҳоле сурат мегирад, ки эътилофаш бо раҳбари дигари Инқилоби норанҷӣ, сарвазир Юлия Тимошенко фурӯ пошидааст ва ҳамзамон аксари коршиносон, Қримро ҳадафи нави нуфузгароии Русия мешуморанд.

Укроин умедворие дошт, ки дар пасманзари амалиёти Русия дар Гурҷистон, кишвари дигари марбут ба инқилобҳои ранга ва дорои раҳбари ғарбгаро дар симои Михаил Саакашвилӣ, Иттиҳоди Аврупо бо пешниҳоди "ояндаи аврупоӣ" ба ҳаракати Укроин дар самти узвияти Киев дар Иттиҳоди Аврупо роҳ мекушояд.

Аммо Иттиҳоди Аврупо, бояд гуфт, дар мулоқоти Порис, ҳамчунин раиси Кумисюни Аврупо Жозе Мануел Баррозо ва масъули сиёсатҳои хориҷии иттиҳод, Ҳавийер Солана, низ ширкат карданд, ба Укроин "созишномаи вобастагӣ" ё равобити наздиктарро пешниҳод кард, ки барои Киев кофӣ шумурда намешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Укроин мехоҳад, дар муқобили фишори Маскав сипаре дошта бошад ва ҳам омодааст ба гузаргоҳи нафту гази Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба Аврупо табдил ёбад. Вале дархосту орзуҳои Киев ба равобити миёни Иттиҳоди Аврупо ва Русия низ печ хӯрдааст, ки то рафт мушкилтар мешаванд.

Томас Валасек аз Маркази ислоҳоти Аврупо дар Лондон мегӯяд, Иттиҳоди Аврупо инро ҳам мадди назар дорад, ки пуштибонӣ аз тарҳи густариши он то рафт камтар мешавад, аммо нишасти Порис паёми қавие дорад.

"Фароянди наздикии бештари Укроин бо Иттиҳоди Аврупо як навъ паёмест ба Русия, ки ин иттиҳод истилоҳи "манотиқи нуфуз"-ро қабул надорад ва кишварҳои ҳаммарзи Русия, монанди Укроин, Молдова, Озарбойҷон, яъне кишварҳое, ки Русия онҳоро зери нуфузи худ мешуморад, бояд ҳаққи тасмимҳои сиёсти хориҷии худро дошта бошанд ва агар мехоҳанд ба Иттиҳоди Аврупо ё ҳатто НАТО бипайванданд, ин ҳаққи онҳост. Аслан Иттиҳоди Аврупо гуфтан мехоҳад, ки ҷанги Гурҷистон ин мавзеъро тағйир надодаанд ва Укроин дар узвияташ ба иттиҳод бояд озод бошад."

Томас Валасек мудири мутолиоти сиёсати беруна ва дифоъ дар Маркази ислоҳоти Аврупо дар Лондон.

Пас метавон гуфт, ба сурати умум ҳамоиши Порис бештар ба маънии ҳамин паём буд, ҳарчанд тарафҳо дар он ояндаи равобит ва роҳҳои таҳкими онро нимз баррасӣ карданд. Вале ин ҳам дар ҳоле ки аъзои Иттиҳоди Аврупо на дар мавриди Русия ва на дар марвиди Укроин назари комилан ягона ва боистеҳком надоранд.