Нахуст Владимир Путин, нахуствазири Русия, ба таври ногаҳонӣ меҳмони Узбакистон шуд ва сипас муовини вазири умури хориҷаи Амрико Ричард Баучер дар Қазоқистон ва муовини ӯ Ҷорҷ Кролл дар Туркманистон меҳмон буданд. Ва дар ниҳоят Дик Чейнӣ, муовини раисҷумҳури ИМА, ҳангоми сафараш ба Қафқоз аввал ба Озарбойҷон омад, ки захираҳои саршори нафту гозро соҳиб аст.
Ҳарчанд сафари лашкари дипломатҳо ва мақомоти олирутбаи Амрико ва Русия ба кишварҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозро ба ҳаёҳуи Гурҷистону Русия иртибот медиҳанд, аммо назорат бар захираҳои энержиро ҳадафи муҳимми дигари боздиду мулоқотҳо медонанд.
Нахуствазири Русия Владимир Путин, ки ватанаш барои ба дасти худ гирифтани бозори энержӣ дар минтақа талош дорад, дар Тошканд гуфт, барои бунёди лулаи нави гозе тавофуқ шудааст, ки дар сурати амалӣ шуданаш гази Туркманистону Узбакистонро то ба Русия мерасонад ва, албатта, сипас ба бозорҳои гози Иттиҳодияи Аврупо.
Дар ҳамин ҳол, Русия, ки тақрибан тамоми гози содиротии Осиёи Марказиро мехарад, пинҳон намекунад, ки ҳадафаш соҳиби аслӣ будан дар бозори энержии минтақа аст.
Ба таъйиди вазири энержии Русия, тавофуқоти нахуствазири кишвар доир ба тавсиъаи имконоти ҳамлу нақли энержии Узбакистон имкон медиҳанд, ба ҳадди миёна аз Узбакистон ва Туркманистон ба Русия дар як сол 90 миллиард метри мукаъъаб гози табиъӣ интиқол дода шавад, ва ин як ҳадафи стротеживу глобалии Русия аст, ки гози Осиёи Марказӣ аввал ба ин кишвар бирасаду сипас қисме аз онро шавад ба Аврупо содир кард.
Аммо кишварҳои ғарбӣ, бахусус кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, маҳз ҳамин чизро намехоҳанд, зеро ба гозу нафти содиротии Русия сахт пойбанд аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки сеяки гози воридотӣ ва 40 дарсади нафташро Иттиҳодияи Аврупо аз Русия мехарад ва аз тарси онки Русия рӯзе нафту гозро ҳамчун фишанги фишори сиёсӣ истифода хоҳад кард, талош дорад манобеъу роҳҳои алтернативии хариди нафту гозро пайдо кунад.
Бино бар гузоришҳо, Ричард Баучер бо нахуствазири Қазоқистон Карим Масимов масъалаи бунёди роҳҳои алтернативии интиқоли гози Қазоқистонро баррасӣ кардааст. Бо ишора ба сафари Дик Чейнӣ, муъовини раиси ҷумҳури Амрико, ба Гурҷистону Озарбойҷону Укроин, ки аз Боку оғоз шуд, ба эътиқоди таҳлилгарон, ҳадафи Амрико дар Қафқоз манобеъи энержӣ аст, ҳамчунин роҳ надодан ба афзоиши қудрати Русия бар назоратҳои бозорҳои энержӣ. Озарбойҷон, ки рӯзона як миллион тонна бушки нафташ таввасути лулаи нафти Боку – Тифлис – Ҷайҳун ба Аврупо мерасад, баъди муноқиша дар Гурҷистон интиқоли нафтро аз ин роҳ кам ва ба Русия бештар кард.
Таҳлилгари созмони «Евразия Транзишн» Мишел Лабш, ки дар Берлин қароргоҳ дорад, мегӯяд, зимни мулоқотҳои Ҷорҷ Крол, дипломати олирутбаи Амрико дар Туркманистон, мавзӯъи гозу нафт низ хоҳад чархид: «Ман тахмин мекунам, ки чунин сафар ҳамчунин ба масъалаи талошҳои нави Чину Русия барои таҳти назорат гирифтани манобеъи энержии Туркманистон иртибот мегирад. Ва ман мутмаъинам, ки ҳукумати Амрико низ мехоҳад ба қавле насибае дар инҷо дошта бошад ва он манобеъро таҳти назорати худ бигирад».
Кишварҳои ғарбӣ кам кардани пойбандии худ ба гозу нафти Русия тарҳи лулаи Набукоро кашидаанд, ки бидуни убури қаламрави Русия гози Осиёи Марказиро ба Аврупо мерасонад, аммо бино бар гарониаш то ҳол амалӣ нашудааст.