Даҳҳо куштаи фалокат дар Қирғизистон

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар суқути ҳавопаймои масири Бишкек-Машҳад аз 90 мусофири дохили ҳавопаймо 65 нафарашон ба ҳалокат расидаанд.
Бахши асосии 90 сарнишини ҳавопаймо эрониҳо буда, бозигарони дастаи волейболбозони ҷавони қирғиз низ дар ин ҳавопаймо будааст.

Вазири ҳолатҳои изтирории Қирғизистон, Қамчибек Ташиев ба радиои Озодӣ гуфт, ҳавопаймо 90 сарнишин дошт. Аз онҳо 25 нафар наҷот дода шуд ва 65 нафар кушта шудаанд.


Пештар сарвазири Қирғизистон Игор Чудинов гуфт, пас аз бархостанаш аз замин фишори ҳаво дар ҳавопаймо коҳиш ёфтааст. Сухангйи ҳукумати Қирғизистон, Роза Довудова гуфт, 52 сарнишини шаҳрвандони Эрон ва 24 тан аз шаҳрвандони Қирғизистон, як шаҳрванди Туркия, ду шаҳрванди Канада, се нафар аз Қазоқистон ва як нафар аз Чин будаанд.

"Итек-эйр" ширкати қирғизӣ буда, аммо гуфта мешавад, аз тарафи ширкати "Осмон Эйр"-и Эрон идора мешавад. Бар тибқи номгӯйи Иттиҳоди Аврупо, ба ҳавопаймоҳои "Итек-эйр" парвоз ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мамнӯъ будааст.