Буш дар ин бора фармон дод. Вай ин дастурашро баъд аз шунидани тавсияи фармондеҳи аршади худ дар Ироқ, генерал Девид Петреус ва пас аз ду рӯзи ҳисоботу баррасиҳо дар Конгресс эълон кард. Буш гуфт:
“То 31 июл шумораи воҳидҳои ҷангии неруҳои ИМ дар муқоиса бо соли гузашта ба 25 дар сад қоҳиш меёбад. Баъд аз ин сана, генерал Петреус мегӯяд, барои истеҳкоми нерӯҳои худ ва арзёбии таъсири коҳиши ҳузури Амрико ба вазъи кишвар ба фурсат ниёз хоҳад дошт, то тавсияҳои ҳисобии коҳиши минбаъдаи нерӯҳоро омода кунад. Ва ман ба ӯ гуфтам, ҳар фурсате, ки зарур аст, барояш дода хоҳад шуд.”
Моҳи январи соли 2007 Буш ба Ироқ 30 ҳазор сарбози иловагӣ фиристод, то ба мақомоти Ироқ шароити дастёфт ба аҳдофи дарозмуддати амниятиро фароҳам оварад ва мегӯяд, ин як амали зарурӣ буд, ки умеди комёбиро эҳё кард.
“Бо эъзоми неруҳои иловагӣ тағйироти стротежӣ ба амал омад. Понздаҳ моҳ пеш, ҳукуматҳои Амрико ва Ироқ дар мавқеъи дифоъӣ қарор доштанд, имрӯз ташаббус дар дасти мост.”
Ба ҳайси далел, Буш гуфт, ҳалокати низомиён ва ғайринизомиён ру ба коҳиш ниҳода, ҳукумати Ироқ дар расидан ба ҳадафҳои хостаи Вашингтон пешрафт кардааст. Соли гузашта Вашингтон дар назди ҳукумати нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ чанд ҳадаф гузошта буд, аз ҷумла, ба ӯҳда гирифтани таъмини амният дар тамоми вилоятҳои кишвар то ноябри соли 2007, қабули қонун дар бораи тақсими даромад аз нафт миёни ҳамаи ироқиҳо ва баргузории интихоботи маҳаллӣ дар соли 2007.
Бино бар иттилоъи низомиёни ИМ, аз замони эъзоми неруҳои иловагӣ шумораи ҳамлаҳо ба 60 % ва шумораи қурбониҳои хушунати байнимазҳабӣ ба 90 % коҳиш ёфт. Бо вуҷуди ин, соли ҷорӣ бо сабаби фаъолияти ал-Қоида дар шимоли кишвар ва даргириҳо миёни шиаҳо дар ҷануби он шумораи хушунатҳо афзудааст.
Ҳукумати Ироқ таъмини амниятро ҳамагӣ дар 9 аз 18 вилояти кишвар ба уҳдаи худ гирифт ва гуфтушунидҳо дар бораи тақсими даромади нафт дар бунбаст мондаанд. Баргузории интихоботи маҳаллӣ низ то моҳи октябри соли ҷорӣ дар нақша нест.
Дар ҳоле, ки ҷанг шаш сол идома дорад, беш аз 4 ҳазор сарбози амрикоӣ дар ин ҷанг ҷонашонро аз даст додаанд ва барои бурдани ҷанг беш аз 500 миллиард доллар масраф шудааст. Ҳадс зада мешавад, ки дар тули ин солҳо беш аз 80 ҳазор шаҳрванди ироқӣ кушта ва дастикам 5 миллион нафар аз хонаҳояшон гуреза шудаанд.
Ҷорҷ Буш розӣ шуд, ки нархи ҷанг гарон буд, аммо ӯ гуфт, дар муқоиса бо дигар ҷангҳое, ки миллати Амрико дар онҳо ширкат кардааст, нархи он нисбатан камтар аст.
Дар бахши сиёсӣ Ҷорҷ Буш гуфт, пешрафт аз сатҳи поёнӣ то ба сатҳҳои болоӣ мушоҳида мешавад. Ба эътиқоди Буш, сарварони қабилаҳо дар бозсозии сохторҳои давлатӣ фаъолона саҳм дошта, масъулияти бештареро ба зимма гирифтаанд. Ин раванд ба пешрафт дар Бағдод овард ва дар натиҷа қонунгузорон барои манфиати миллат ба муросои бештар омодагӣ изҳор мекунанд.
Сарвари Амрико афзуд, дипломатҳои баландмақомаш, аз ҷумла, вазири корҳои хориҷа Кондолиза Райсро ба Ховари Миёна бо сафарҳои корӣ мефиристад. Онҳо муваззафанд, кишварҳои минтақаро водор созанд, ки бо Ироқ алоқаҳояшонро барқарор намуда, он кишварро ба ҷомеъаи байналмилалӣ баргардонанд.
Дар мавриди Эрон Ҷорҷ Буш эълом намуд, ки Теҳрон бояд интихоб кунад, ки мехоҳад бо ҳамсоякишвараш дар сулҳу субот ба сар барад ё мехоҳад ба таъмини силоҳ, тамрин ва сармоягузории гуруҳҳои шибҳинизомӣ дар Ироқ идома диҳад, ва Эронро аз гирифтани тасмими нодуруст ҳушдор дод.
Дар поёни суханрониаш Ҷорҷ Буш гуфт, ки ҷанг мушкил аст, аммо бепоён нахоҳад буд.