Дар ҳафти моҳи охир бори дувум аст, ки фармондеҳи аршади президенти Амрико дар Ироқ ва сафири ӯ дар ин кишвар ба Конгресси Иёлоти Муттаҳида ҳозир мешаванд, то аз ҷараёни кор дар Ироқ ҳисобот диҳанд. Амрико дар як соли гузашта 20 000 сарбози иловагӣ ба Ироқ фиристода, сатҳи ҳузури ҳарбии худро дар ин ҷо ба 160 000 сарбоз расондааст.
Вале генерал Дейвид Петреус гуфт, баъд аз хуруҷи охирин бахши 20-ҳазорнафараи нерӯҳои иловагӣ вай мехоҳад, ихроҷи нерӯҳоро барои 45 рӯзи арзишёбии вазъи мамлакат қатъ кунад. Вай ва сафир Крокар ин тасмимро сабаби коҳиши ташаннуҷ дар Ироқ номиданд. Баёноти Петреус чунин буд: "Аз замоне ки ҳафт моҳ меш ман ва сафири Амрико дар Ироқ Раян Крокар дар баробари шумо зоҳир шудем то имрӯз пешрафти муҳим, вале ноҳамворе дар Ироқ ба амал омад. Сар аз моҳи сентябр сатҳи хушунат ва маргумири ғайринизомиён ҷиддан коҳиш ёфт. Ба ал-Қоъидаи Ироқ ва дигар аносири тундрав зарбаҳои ҷиддӣ зада шуд, тавоноии нерӯҳои амниятии Ироқ афзоиш ёфт ва шарокати аҳолии маҳаллӣ ва нерӯҳои маҳаллии амниятӣ дар ин ҳама қобили мулоҳиза аст. Бо вуҷуди ин вазъият дар манотиқи муайян ҳамоно ғайриқаноатбахш аст ва мушкилоти бешуморе дар миён."
Петреус ҳамчунин аз афзоиши ҳамкорӣ дар байни ҷиноҳҳои мухталифи Ироқ низ ёд кард. Вай гуфт, ҳалли масъалаҳо на бо хушунат, балки аз тариқи гуфтушунид бештар шудааст. Вай оташбаси ахири Басраро як намунаи муколамаҳои сиёсӣ номид. Крокар ба ин ҳуруф шарик шуд ва аз нақши сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ дар гуфтушуниди Басра ситоиш кард: "Тасмими ироқиҳо дар мавриди ин гурӯҳи Басра аҳамияти калон дорад. Аввалан, ҳукумати аксаран шиъаи сарвазир Моликӣ нишон дод, ки ба ҷинояткорон ва тундравон қатъи назар аз ҳувиятшон бархӯрд мекунад. Сониян, нақши аслӣ дар амалиёти Басра ва шаҳракҳои атрофи он бо нерӯҳои амниятии Ироқ буд."
Ҳарду намояндаи аршади Амрико гуфтанд, бе пуштибонии низомии Иёлоти Муттаҳида ин пешрафтҳо номумкин мебуд. Онҳо иқрор карданд, ки на ҳамаи мақсадҳои ҳукумати Ироқ дар оштии миллӣ ҳосил гаштанд ва дастовардҳои кам низ шикандандаву осебпазир мебоашанд. Биноан набояд хуруҷи зуди нерӯҳои Амрико аз Ироқ сурат бигирад.
Ба саволҳои зиёди ҳайати Конгресс, ки барои ин чӣ муддате зарур аст, Петреус посух дода натавонист. Сенатори демкорат аз Мичигон, Карл Левин, ки пайиҳам мепурсид, нерӯҳо тахминан боз чӣ қадар дар Ироқ боқӣ хоҳанд монд, дар хулосаи нишаст гуфт, набояд ин мавзеъгирӣ ба ироқиҳо бовар диҳад, ки то замони ҳал шудани ихтилофоти онҳо нерӯҳои Амрико дар пушташон боқӣ хоҳанд монд: "Эълони қатъи бемӯҳлати хуруҷи нерӯҳо аз Ироқ, ки дар моҳи июл сар шуд, метавонад ба раҳбарони ироқӣ паёми ғалате бидиҳад. Баракс мо бояд ба онҳо фишори бештар орем, ки ихтилофоти сиёсии худро ҳал кунанд, қимати оштии худро бо нафти худ бипардозанд ва ҷилави амалиёти ҳарбиро ба даст бигиранд. Роҳаш ин аст, ки ҷадвали замонии тағйири вазифаҳо ва бозхости нерӯҳои мо таҳия гардад."
Аммо Петреус ва Крокар якрав буданд ва мегуфтанд, таҳдидҳо ба суботу амнияти Ироқ танҳо дохилӣ нестанд. Онҳо, ҳарду, Эронро дар мудохила ба умури сиёсӣ ва мазҳабии Ироқ ва ҳамчунин тамрину кӯмаки молӣ ба ошӯбгарони шиъаи Ироқ айбдор карданд.
Дар нимаи дувуми рӯз ҳарду мансабдори Амрико баёноту ҳисоботро дар кумитаи равобити хориҷии Сенати Иёлоти Муттаҳида идома доданд. Дар байни суолдиҳандагон касе ҳам буд, ки мумкин аст, дар камтар аз як соли дигар ба раҳбари бевоситаи онҳо табдил ёбад. Аз ин рӯ пурсиши онҳо ҳамзамон ба маънои як тиру ду нишон буд. Чунончи, пурсиши сенатор Ҷон Маккейн, номзади эҳтимолии ҳизби Буш дар интихоботи президентӣ: "Мо бояд тавоноии нерӯҳои амниятии Ироқро вусъат диҳем, то онҳо ба нақши қавитар ва бетарафонатар дар хомӯш кардани хушунатҳо қодир бошанд. Ин ба маънои радди даъватҳои ихроҷи бепарвоёна ва ғаримасъули нерӯҳои мо аз Ироқ дар айни муваффақияти онҳост."
Дар нишаст номзади эҳтимолии дигар -- Ҳилларӣ Клинтон аз Ҳизби демократ низ ҳозир буд ва ба ҷои суол ба гузоришгарон ғайримустақим ба Маккейн посух дод: Хонуми Клинтон гуфт, "танҳо мехоҳад, ба баъзе изҳороту пешниҳодот ишора кунад, ки сабаби ин ҷаласа шуда, дар ҷараёни он низ садо додаанд. Чаро хуруҷи муҳтотона тарҳрезишудаи нерӯҳо аз Ироқ бемасъулиятӣ ва ё камбуди раҳбарӣ будааст? Ман аз реша мухолифам. Баракс, ба фикри ман, инсоф аст, агар бигуем, ки идома додани як сиёсати беҳосил бо вуҷуди ваъдаҳои пайдарпай як бесмаъулиятӣ буда метавонад."
Клинтон ёдовар шуд, ки мақсад аз ирсоли нерӯҳои иловагӣ ба Ироқ фурсатсозӣ барои ҳукумати Ироқ буд, то ба оштии миллӣ ва пешрафти сиёсӣ ноил шавад. Ироқиҳо ваъдаи худро баҷо наоварданд, аммо Амрико ҳамоно захираҳоеро дар ин ҷо харҷ мекунад, дар ҳоле ки онҳо дар ҷои дигар, масалан, дар Афғонистон заруртаранд.