Дар ин бора Ҳасан Заргонӣ, яке аз муттаҳидони аршади Муқтадо ас-Садр ба хабаргузории Ройтерз иттилоъ додааст. Оқои Садр ҳамчунин аз ҳавзаи Наҷаф ва ҳавзаи илмии Қум дар Ирон дархост кардааст, ки ҳайате ташкил ва дар ҳузури Оятуллоҳ Алӣ Ал-Систонӣ масъалаи инҳилоли артиши Маҳдиро баррасӣ кунанд. Қабл аз ин дархости Муқтадо ас-Садр нахуствазир Нурӣ Ал-Моликӣ изҳор дошт, ки агар артиши Маҳдӣ пароканда нашавад, ҷонибдорони Садр тирамоҳи соли ҷорӣ аз ширкат дар интихоботи вилоятӣ маҳрум хоҳанд шуд.
5-уми апрел низ Шӯрои Сиёсии Амнияти Миллӣ, ки ба он нахуствазир Нурӣ Ал-Моликӣ, президент Ҷалоли Талабонӣ ва раҳбарони ҷиноҳҳои ҳизбии порлумон шомиланд, эъломияе содир карданд ва аз ҳамаи нируҳои сиёсии Ироқ хостанд, ки шибҳанизомиёни худро халъи силоҳ кунанд, вагарна тирамоҳ дар интихоботи вилоятҳо ширкат нахоҳанд кард. Чунин ба назар мерасад, ки бо даъвати ҳайате аз ҳавзаи илмии Қум Муқтадо ас-Садр мехоҳад ҳузури Эронро дар ҳали ин масъала ё зарбулаҷали пешгузоштаи кунунии ҳукумат таъкид кунад.
Бо назардошти ин пешниҳоди Садр, яъне кашидани пои Эрон ба майдони музокирот Эрон метавонад бигуяд, ки бар шиъаҳои Ироқ нуфуз дорад ва дар музокирот бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико роҷеъ ба вазъи Ироқ тарафи муҳим ба шумор меравад. Вале Эрон медонад, ки эътибори шибҳанизомиёни шиъа дар Ироқ ба сифр баробар мешавад ва тафриқаи миёни шиъаҳо дар Ироқ бар зарари Эрон аст. Ба ин далел ҳоло Эрон талош дорад тафриқаи миёни шиъаҳоро дар Ироқ аз байн бибарад, то дар музокира бо Амрико худро ҳомии шиъаён нишон диҳад.
Таҳлилгарон мегуянд, дар гузашта шиъаёни Ироқ ҳеҷ гоҳ муттаҳид набуданд. Масалан, рақиби аслии артиши Маҳдӣ зери фармондеҳии Муқтадо ас-Садр, яъне Шӯрои Олии Исломии Ироқ, ки таҳти раҳҳбарии Абдул Азиз-ал-Ҳаким фаъолият мекунад, ба зудӣ ба созиш нахоҳанд расид. Ва чунин вазъ метавонад Иронро ноумед кунад. Гузашта аз ин, имкон дорад пайравони шиъа дар муассисаҳои давлатӣ бар зидди якдигар ба рақобату моҷаро пардозанд. Ба ин сабаб пароканда кардани артиши Маҳдӣ ба ин маънӣ нахоҳад буд, ки баъзе аз аносир аъмоли худро хотима хоҳанд дод ва тибқи барномаи ҷадид фаъолият хоҳанд кард.