Куштори раиси ОМОН бо чӣ анҷомид?

Аз замони ҳамлаи гурӯҳи эъзомии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон болои Шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти муташаккил дар минтақаи Рашт беш аз ду моҳ мегузарад, вале то кунун комиссияи тафтиши ин қазия изҳороте пахш накардааст.

Моҳи феврали имсол дар шаҳраки Ғарм бархӯрд миёни афсарони ходимони вазорати корҳои дохилӣ ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи Олег Захарченко, фармондеҳи ОМОН-и Вазорати умури дохилӣ кушта шуд. Мақомот Мирзохӯҷа Аҳмадов, раиси Шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вазорати дохила дар Рашт ва собиқ мухолифини пешинро гумонбар медонистанд.

Мирзохӯҷа Аҳмадов борҳо дар сӯҳбат бо хабарнигорон баён дошт, ки ӯ сари кор аст ва худро дар ин қазия гунаҳкор намедонад. Роҷеъ ба қазияи то ҳанӯз норавшани рӯзи дуюми феврал дар Ғарм Радиои Озодӣ бо Алоуддин Давлатов, ваколатдори Идораи минтақавии мубориза бо ҷиноёти созмонёфта сӯҳбате орост, ки онро метавонед дар кунҷи болоии рости сомона пайдо намоед.