Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирӣ миёни нерӯҳои давлатӣ дар Рашт


Роҳе дар даромадгоҳи шаҳраки Ғарм.
Роҳе дар даромадгоҳи шаҳраки Ғарм.

Дар ҳамлаи гурӯҳи эъзомии ВУД-и Тоҷикистон ба Шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти муташаккил дар Рашт, тибқи хабарҳо, як нафар кушта ва 4 тан захмӣ шудаанд.

Полковник Мирзохоҷа Аҳмадов, сардори Шӯъбаи мубориза алайҳи ҷиноёти муташаккил дар Рашт бо таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, як гурӯҳи эъзомӣ аз Раёсати алайҳи ҷиноёти муташаккил ва гурӯҳи таъиноти махсуси ВУД бидуни кадом огоҳии қаблӣ бинои шӯъбаи раштиро ба муҳосира гирифта, онҳоро ба таслим шудан даъват кардаанд.

Дар лаҳазоте, ки ин ҳодиса рух медодааст, ба гуфтаи ҷаноби Аҳмадов, ҷамъбасти яксолаи кори ин шӯъба ва натиҷаҳои якмоҳаи фаъолияти имсолаи онҳо бо ширкати муовини сардори раёсати алайҳи ҷиноятҳои созмонёфта полковник Назрибеков ва сардори қисми навбатдории он Абдуллоев, ки як рӯзи пеш ба Рашт омада буданд, ҷараён доштааст.

Полковник Аҳмадов гуфт, пас аз он ки милисаҳои раштӣ аз таслим шудан сарпечӣ кардаанд, тирпарронӣ шурӯъ шудааст. Шоҳидони ҳол мегӯянд, тирпарронӣ 30-40 дақиқа давом кардааст. Сипас гурӯҳи аз Душанбе омада, муҳосираро қатъ ва маҳалли ҳодисаро тарк кардааст.

Полковник Аҳмадов дар мавриди қурбониёни ин ҳодиса изҳори беиттилоӣ кард, вале як афсари ин шӯъба гуфт, дар натиҷаи ин рӯёрӯӣ, сарвари гурӯҳи зудамали таъиноти махсуси кишвар (ОМОН) кушта шуда ва се нафари дигар аз ин гурӯҳи эъзомӣ ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамзамон, ҷароҳат бардоштани як нафар аз шӯъбаи алайҳи ҷиноёти муташаккили Рашт низ таъйид шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Худойназар Асозода, сарвари дафтари матбуоти Вазорати умури дохила дар як тамоси телефонӣ аз ин ҳодиса изҳори беиттилоъӣ кард. Як афсари баландрутбаи шуъбаи корҳои дохила дар Рашт низ ба хабарнигори минтақавии Радиои Озодӣ гуфт, аз рух додани чунин воқеа хабар надорад.

Ҳодисаи имрӯза ба ҳолати равонии мардум низ бетаъсир намонда, ба гуфтаи бархе аз сокинони шаҳраки Ғарм мардумро тарсу воҳима фаро гирифта буд.

Шӯъбаи минтақавии мубориза алайҳи ҷиноёти муташакил дар водии Рашт пас аз имзои Созишномаи сулҳ таъсис ёфта, умдатан аъзои онро собиқ размандагони нерӯҳои мухолифин ташкил медодаанд. Ин шӯъба дар ибтидо наздик ба 60 корманд ва айни замон пас аз ихтисор дар соли гузашта ҳафт корманд доштааст.

XS
SM
MD
LG