Муқтадо Садр аз гурӯҳҳои шибҳанизомии тарафдори худ даъват кардааст, ба хотири хатми хунрезиҳо дар кӯчаҳои Басра ва дигар манотиқи кишвар силоҳ дар даст зоҳир нашаванд. Дар баёнияе, ки дафтари Садр дар Наҷаф интишор кард, гуфта мешавад, ҳар нафаре, ки силоҳ дар даст гирифта ва ниҳодҳои давлатиро ҳадаф қарор медиҳад, аз ҳамсафони Муқтадо Садр дониста нахоҳад шуд.
Муқтадо Садр ҳамчунин пешниҳод кард, ки агар нирӯҳои давлатӣ бар амалиёти ба гуфтаи вай, ғайриқонунӣ алайҳи тарафдоронаш хотима дода, онҳоеро, ки бидуни эълони кадом иттиҳом дар боздошт қарор доранд, раҳо кунанд, ӯ шибҳанизомиёни тарафдори худро аз кӯчаҳои Басра ва шаҳрҳои дигар берун хоҳад кашид.
Ин даъвати Муқтадо Садр дар пайи тақрибан як ҳафтаи задухӯрдҳои мусаллаҳона байни Ҷайши Маҳдии тарафдори Садр ва нирӯҳои давлатии Ироқу Амрико дар Басра, шаҳрҳои дигари ҷануби Ироқ ва ҳам дар Бағдод садо медиҳад.
Даргириҳо рӯзи сешанбе, 25 март бо дастури сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ ҷиҳати шурӯъи амалиёти густарда алайҳи шибҳанизомиёни шиъа оғоз ёфт.
Нирӯҳои давлатӣ мегӯянд, аз оғози даргириҳо дар Басра дасти кам 120 ҷангии “душман”-ро ба ҳалокат расондаанд. Ин дар ҳолест, ки манобеъи маҳаллии тиббӣ дар бораи ҳалокати на камтар аз 290 нафар дар ин даргириҳо хабар медиҳанд. Теъдоде аз мардум ҳамин тавр дар шаҳрҳои Қут, Носирия, Карбало ва Ҳилло низ кушта шудаанд. Раҳбари идораи ҳифзи сиҳҳати пойтахти Ироқ гуфт, аз рӯзи сешанбе ба ин сӯ дар шарқи пойтахт беш аз 130 ҷасадро ба бемористонҳо овардаанд.
Бо ин ҳол, вазъи амниятӣ дар Бағдод ҳамчунон нигаронкунанда боқӣ мемонад. Фармондеҳии низомӣ дар Бағдод эълом кард, ки қуюди шабгардӣ дар пойтахти кишвар боз то 3 рузи дигар бар ҷо мемонад. Ин чора баъд аз задухурдҳои шибҳанизомиён аз Ҷайши Маҳдӣ бо артиши ҳукумати Ироқ ва ИМА руи даст гирифта шуд.