Буш қабл аз ҳама ба он нукта ишора кард, ки тақвияти ҳузури неруҳои амрикоӣ дар ин кишвар вазъро ба куллӣ тағйир дод ва теъдоди куштору ҳамлаҳои интиҳорӣ поён рафта барои нахустин бор ошӯби густардаи арабҳо алайҳи Усома бин Лодин шурӯъ шудааст.
Раҳбари Амрико ҳушдор дод, ки ақибнишинӣ дар ин ҷанг паёмади сангин метавонад дошта бошад ва аз ин рӯ муборизаро то шикасти комили ифротгароҳоро бояд идома дод.
Ҷоpҷ Буш гуфт: "Панҷ соли ҷанг баҳсҳое идома доштанд, ки оё ин ҷанг зарур буд, оё ин мубориза бо пирӯзӣ поён меёбад ва оё мо метавонем дар ин ҷанг пирӯз шавем? Посухи ин суолҳо барои ман рушан аст. Аз қудрат барканор кардани Саддом Ҳусейн тасмими дуруст буд ва ин муборизаест, ки Амрико дар он метавонад ва бояд пирӯз шавад."
Бо ишора ба таҷрибаи солҳои ахир Ҷорҷ Буш мегӯяд, ки “террористҳо ва ифротгарҳо аз ҳама гуна ақибнишинӣ ба зудӣ истифода карда минтақаҳои амнро таҳти назорат мегиранд ва дар он ҷойҳо бенизомӣ ва кушторро ба роҳ мемонанд”.
Раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, дар ҳоле, ки пешрафт дар Ироқ рушан намоён аст, баъзеҳо дар Вошингтон ба ақибнишинӣ даъват мекунанд. Ҷорҷ Буш зимни суханронӣ дар назди низомиёни воломақоми Пентагон ва садҳо нафари дигар аз қурбониёни ҷанги Ироқ ёд овард ва аз ҳама онҳое, ки дар тарҳрезӣ ва татбиқи ин амалиёт ширкат доштанд, изҳори сипос намуд.
Ба гуфтаи Ҷорҷ Буш, террористон мехостанд, Ироқро ба минтақае табдил диҳанд, ки ал-Қоида он ҷо ҳама арабҳоро муттаҳид созад ва ва аммо ба ҷойи ин Ироқ минтақае гардид, ки арабҳо бо амрикоиҳо пайваста алайҳи Ал-Қоида бархостанд. Ишораи Буш ба ҳамкории неруҳои амрикоӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи суннимазҳабҳо алайҳи гурӯҳи мавсум ба Ал-Қоида дар Ироқ аст.
Ва аммо назари демократҳо ба ҷанги Ироқ чун пештара манфӣ боқӣ мондааст. Узви Конгресс аз Ҳизби демократ Ҷон Динҷел мегӯяд, дар ин солгарди сияҳпӯш бояд ба ёд овард, ки мо чӣ гуна вориди ин вазъ шудем ва сари он андеша кунем, ки аз кадом роҳ метавонем аз ин вазъ берун шавем.
Ба гуфтаи ӯ, хотима бахшидан ба хушунати мазҳабӣ, тақсими ҳукумати сиёсӣ ва таъсиси ҳукумате, ки тавони баровардани ниёзмандиҳои мардуми Ироқро дорад ин ҳама мушкилҳоанд, ки онҳоро фақат худи ироқиҳо метавонанд ҳал кунанд. Дар ҳамин ҳол коршиносон ҳадс мезананд, ки тамаркуз ба мавзӯъи ҷанг дар Ироқ талошест барои дур сохтани таваҷҷуҳи амрикоиҳо аз мушкилоти иқтисодии кишвар.
Ба ин хотир ноиби раисиҷумҳур Дик Чейнӣ ва номзади ҷумҳурихоҳон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии сғимсола Ҷон Маккейн ин ҳафта аз Ироқ дидан карданд. Айни ҳол дар Ироқ тақрибан 158 ҳазор низомиёни амрикоӣ мустақаранд. Гуфта мешавад, ки тобистон теъдоди онҳо бояд 18 ҳазор нафар коҳиш ёбад.
Ва аммо тибқи баъзе хабарҳо, фармондеҳи неруҳои амрикоӣ дар Ироқ генерал Дэвид Петреус хостааст, ки ҳадди аққал бо моҳи сентбяр хуруҷи ин неруҳо аз Ироқ сурат нагирад ва интизор меравад, ки моҳи апрел Ҷорҷ Буш ин пешниҳодро бипазирад. Гуфта мешавад, ки дар солгарди шурӯъи ҷанг дар Ироқ дар маркази Вошингтон намоиши бузурги зиддиҷангӣ доир хоҳад шуд. Ба иттилоъи расмӣ, то рӯзи душанбе дар задухурдҳо дар Ироқ 3990 низомии амрикоӣ кушта ва беш аз 29 000 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.