Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ пас аз панҷ соли ҷанг


Сафари эълоннашудаи ноиб-президенти ИМА, Дик Чейнӣ, ба Ироқ, 17 марти соли 2008. Аз рост, сарфармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Ироқ, Дейвид Петреус.
Сафари эълоннашудаи ноиб-президенти ИМА, Дик Чейнӣ, ба Ироқ, 17 марти соли 2008. Аз рост, сарфармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Ироқ, Дейвид Петреус.
Дар ин солгарди ҳузури нерӯҳои эътилофии таҳти сарварии Амрико дар Ироқ созмони Афви Байнулмилал пайомадҳои ишғоли кишварро фалокатомез номида, мегӯяд, дар панҷ соли гузашта Ироқ ба яке аз хатарноктарин манотиқи ҷаҳон табдил ёфт.

Малколм Смарт, намояндаи ин созмон гуфтааст, дар ивази ҳукумати мардумситези Саддом Ҳусейн бадале ҷойгузин нашуд, ки ба ҳамаи ироқиҳо рӯзи хуш биёварад. Афви Байнулмилал беш аз ҳама нақзи ҳуқуқи инсонро мояи нигаронӣ баргузида, гуфтааст, ҳабсҳои бемаҳкама, шиканҷаи рӯзафзун, муҳокимаҳои махфӣ, одамрабоӣ ва куштор якҷо бо хушунатҳои мазҳабӣ ва вазъи сангини иқтисодию иҷтимоӣ зиндагии шаҳрванди оддии Ироқ ва ояндаи кишварро ба сахтиҳои шадид рӯбарӯ кардаанд.

Ба ақидаи Амнести Интернешнл шумори дақиқи қурбониёни панҷ соли гузаштаро касе намедонад, аммо Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, гуфта буд, то июни соли 2006 дар Ироқ зиёда за 150 ҳазор нафар кушта шудаанд. Худи Амнести мегӯяд, дар ҳоли ҳозир 60 ҳазор нафар бидуни эълони айбнома дар маҳбасҳои давлат ва нерӯҳои байнулмилал ба сар мебаранд.

Хабаргузории Ассошиейтед Пресс мегӯяд, 4 000 сарбози амрикоӣ дар Ироқ кушта ва наздик ба 30 ҳазор нафари онҳо захмӣ шудаанд. Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх дар гузориши рӯзи душанбеи худ гуфтааст, баъд аз панҷ соли ишғоли Ироқ, ағлаби ироқиҳо аз хадамоти бунёдии беҳдоштиӣ ва оби пок маҳруманд. Ба гуфтаи ин ниҳод, кишвар ба 50 ҳазор ҷой дар бемористонҳояш ниёз дорад, 20 ҳазор пизишки ироқӣ ҷалои ватан кардаанд ва 250 нафари онҳоро гурӯҳҳои ошӯбгар рабудаанд.

Аммо дастикам дар як ришта пешрафт ба даст омадааст. Созмони Озодии журналистони Ироқ мегӯяд, бо фурӯпошии режими саддомӣ ҳазорон номгӯй рӯзномаву маҷаллаи нав таъсис ёфта, танҳо телевизионҳои мустақили моҳвораии Ироқ 17 адад мебошанд.

Зиёд ал-Иҷоилӣ, раиси ин созмон гуфтааст, журналистон метавонанд, ҳукуматро танқид кунанд, зеро ин амал таҳти ҳимояти қонун қарор дорад. Вале меафзояд, хабарнигорӣ дар Ироқ ба хатарноктарин ҳирфа табдил ёфтааст. Дар панҷ соли гузашта 232 журналист дар Ироқ кушта шуд, аз ҷумла 22 журналисти хориҷӣ ва то ҳоло 14 журналисти ироқӣ дар асорати одамрабоён ба сар мебаранд.

Бо вуҷуди вазъи мушкили худ, аксарияти ироқиҳо ба оянда хушбинанд. 70 дарсади пурсидашудагон дар як назарсанҷии муштараки шабакаҳои телевзионии Амрико, Бритониё, Олмон ва Ҷопон аз пешрафтҳо дар кишвар истиқбол кардаанд. Аммо аксари онҳо беҳбуди вазъро ба ҳукумати Ироқ бастагӣ додаву нақши Иёлоти Муттаҳидаро ночиз шумурдааст.

Дар ҳамин пасманзар аксари сиёсатшиносои Амрико дар гуфтугӯ бо рӯзномаи "Ню Йорк Таймс" бо иқрори мушкилоти мавҷуда сабаби ин ҳолатро дар он дидаанд, ки Иёлоти Муттаҳида ба вожгун кардани режими Саддом омода буд ва ин корро комёбона анҷом дод, вале дар сохтани давлати нав кӯтоҳ омад. Бархе аз онҳо ин мушкилро ба набуди оппозисюни қавӣ ва якдаст дар замони Саддом, бархи дигар ба бебарномагии ҳукумати Буш пайванд доданд. Онҳо барҳам хӯрдани хатари Ироқ ба ҳамсоягонашро як дастоварди муҳим медонанд, вале мегӯянд, бунёди ҳукумати қавӣ ба иқтисодиёти шукуфон, ҷомеъаи амн ва ваҳдати миллӣ бастагӣ дорад, ки кори кӯтоҳзамон нест.
XS
SM
MD
LG