Пешвоёни мустақил ва ислоҳотталаб таъкид мекунанд, ки интихобот одилона набуд. Ба қавли онҳо, мақомот шумори зиёди номзадҳои ислоҳотталабро ба сабқат роҳ надоданд.
Телевизиони Эрон иттилоъ дод, ки ҳисоби овозҳои интихоботи парламентии 14-уми март дар 115 ҳавза ба анҷом расидааст. Дар 42 ҳавза муҳофизакорони ашаддӣ, дар 28 ҳавза муҳофизакорони муътадил, дар 16 ҳавза ислоҳотталабон ва дар 29 ҳавза довталабҳои мустақил соҳиби курсии парламент шудаанд. Умуман, парламенти Эрон аз 290 курсӣ иборат аст.
Дар Эрон наздик ба 44 миллион нафар ҳаққи овоздиҳӣ доранд. Вазорати умури дохилии Эрон иттилоъ додааст, ки дар интихоботи рӯзи ҷумъа 65% раъйдиҳандагон иштирок карданд, ки дар муқоиса бо интихоботи пештараи парламент 14% бештар аст.
Раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломӣ оятуллоҳ Алии Хоманайӣ ширкати фаъоли раъйдиҳандгонро нокомии бузурги душманон арзёбӣ намудааст. Як зани эронӣ дар Теҳрон мегӯяд, ки аз ширкаташ овоздиҳӣ хушҳол аст, зеро дар интихоби ояндаи кишвар саҳмгир ҳаст.
Аммо сокини дигари Теҳрон мисли ӯ ҳушҳол нест, зеро номзадҳои шиносашро дар рӯйхат пайдо накардааст.
Хабарнигори Ассошиэйтед пресс мегӯяд, ки дар ҳавзаҳои интихоботии Теҳрон раъйдиҳандгон зиёд ба чашм намехӯрданд. Дар ин робита собиқ вакили парламенти Эрон Ҷалол Ҷалолзода мегӯяд, мардуми зиёд аз ин маърака қаноатманд нестанд.
Ниҳодҳои нозири интихоботи Эрон наздик ба 1700 номзади аксаран муътадил ва ислоҳотталабро ба интихобот роҳ надоданд. Ҳамин тариқ агар ислоҳҳотталабон ҳамон 40 курсии дар Маҷлиси пештара касб намудаашонро ҳифз кунанд, барои онҳо дастовард хоҳад буд. Хабарнигори эронии мустақар дар Теҳрон Машааллоҳ Шамсулвоизин мегӯяд, ки сарфи назар аз вазъият мухолифини Аҳмадинажод имкон хоҳанд дошт, ки бар муқобили сиёсатҳои президенти Эрон садо баланд кунанд.
Сухангӯи департаменти давлатии ИМА Шон Маккормак интихоботи парламентии Эронро танқид кард. Ӯ гуфт, натиҷаи ин маърака ба истилоҳ "таббохӣ" шудааст., зеро мардум имкон надоштанд ба тарафдорӣ аз номзадҳои мухталиф раъй диҳанд.
Интихоботи парламентии 14-уми март ҳамчун озмоиши нерӯи президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар арафи интихоботи президентии соли оянда арзёбӣ мешавад.