Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: вакилони порлумон интихоб мешаванд


Субҳи имрӯз дар тамоми нуқоти Ҷумҳурии исломии Эрон интихоботи даври 8-уми Маҷлиси Шӯрои исломӣ ё порлумони кишвар шурӯъ гардид.

Дар ҳамин ҳол, 170 тан аз чеҳраҳои саршиноси фарҳангии кишвар бо пахши як баёния эълом доштанд, ки аз эътилофи ислоҳталабони таҳти раҳбарии раисиҷумҳури пешин Муҳаммади Хотамӣ ҷонибдорӣ мекунанд.

Бино бар қавонини интихоботии Ҷумҳурии Исломии Эрон шабакаҳои радио ва телевизиони давлатӣ бояд ба ҳамаи гурӯҳҳои сиёсии дар интихобот ширкаткунанда вақти баробар диҳанд. Аммо тарафдорони ҷиноҳи ислоҳталаби ҶИЭ шикоят мекунанд, ки матбуъоти зери назорати ҳукумат дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ ошкоро дар муқобили онҳо мавқеъ гирифтаанд.

Исо Саҳархез, хабарнигори мустақил, узви Иттиҳодияи эронии Матбуъот барои Озодӣ, ба радиои “Озодӣ” гуфт, ҳангоме ки телевизиони давлати ба ислоҳталабон “вақти қонунии” телевизиониро медиҳад, мақомот кӯшиш мекунанд пахши ин барномаҳо дар соатҳое анҷом шавад, ки теъдоди тамошобинон ҳарчи камтар бошад.

Шӯрои Нигаҳбон, ниҳоди 12-нафараи зери назорати раҳбари Эрон, ҳамакнун садҳо номзади ислоҳотталабро аз ширкат дар интихобот маҳрум кардааст. Шӯро сабаби асосии инро дар он мебинад, ки номзадҳои радшуда наметавонанд аз Инқилоби Исломӣ намояндаги кунанд. Оқои Саҳархез инчунин гуфт, ки телевизиони давлатӣ низ ба маъракаи интихоботии ислоҳталабон зарба мезанад: он ислоҳталабонро аз ҷониби манфӣ тасвир мекунад ва мустақиман ё ғайримустақим интихобкунандагонро водор месозад, то ба онҳо овоз надиҳанд ва, баракс, аз муҳофизакорон тарафдорӣ кунанд.

Мисоли чунин бархӯрди телевизион 10-уми март ба амал омад. Дастикам 170 чеҳраи саршиноси синемо, театр ва садову симои Эрон бо пахши як баёния эълом доштанд, ки аз эътилофи ислоҳталабон зери раҳбарии раисиҷумҳури пешин Муҳаммади Хотамӣ ҷонибдорӣ мекунанд.

Аммо ин баёнияро матбуъоти зери контроли давлат намоиш надод, ва ҳамоно баъд аз ин моҷаро, хабаргузории нимдавлатии “Форс” бо пахши гузориши таъҷилӣ хабар дод, ки аксари ҳунармандони зикршуда имзои худро дар ин баёния инкор кардаанд. Баъзе хабарнигорони мустақил иддаъо доранд, ки кормандони садову симои давлатӣ, ки ин баёнияро имзо кардаанд, мавриди фишор қарор гирифта, зери таҳдиди аз кор рондашавӣ ширкаташонро дар нашри баёния инкор кардаанд.

Музаффари Тоҷзода узви Созмони инқилобии исломии “Муҷоҳиддин”, гурӯҳи сиёсие, ки ҳамроҳ бо дастикам 30 ҳизб ва гурӯҳи дигар эътилофи ислоҳталабонро ташкил медиҳад, матбуъоти зери идораи давлатро дар нақзи қавонини интихобот муттаҳам намуд. Ӯ, аз ҷумла, иддаъо кард, ки садову симои давлати ошкоро аз як ҷониб пуштибонӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, эътилофи ислоҳталабон даъво дорад, ки телевизиони давлатӣ кӯшиши зиёд ба харҷ додааст, то байни гурӯҳҳои мухталифи ислоҳтотталаб ҷудоӣ андозад. Ӯ инро мисол овард, ки ҳафтаи гузашта, баъд аз онки гӯиё Хотамӣ аз мусоҳиба бо телевизиони давлатӣ сарпечӣ намуд, шабака фавран мусоҳибаро бо Маҳдии Каррубӣ, раҳбари эътилофи дигари ислоҳталабон Ҳизби Эътимоди миллӣ.

Ба қавли оқои Саҳархез, бо вуҷуди онки мақомот тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, онҳо наметавонанд аз пахши озоди иттилоъот пешгирӣ кунанд ва мардуми кишварро дар беиттилоъии комил нигоҳ доранд.

Дар Эрон то ба ҳол чандин расонаи мустақил вуҷуд дорад, ки рӯзномаи “Эътимоди миллӣ”, мутааллиқ ба гурӯҳи зери раҳбарии Каррубӣ, аз ҷумлаи онҳост.

Бо вуҷуди онки дар шабакаи ҷаҳонии Интернет сомонаҳо ва торнигорҳои гоуногуни форсӣ, ки ҳам аз хориҷ ва ҳам аз дохили кишвар идора мешаванд, арзи вуҷуд кардаанд, мақомоти Эрон кӯшиш мекунанд фаъъолияти онҳоро қатъ кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки берун аз шаҳрҳо дастрасӣ ба Интернет ҳоло ҳам хеле маҳдуд аст.

Ба ақидаи оқои Саҳархез, мардуми кишвар фаҳмидаанд, ки садову симои зери итоъати давлат иттилоъоти ба онҳо заруриро пешниҳод намекунанд ва дар натиҷа дар чанд ҳафтаи гузашта шавқи шаҳрвандон ба нашрияҳои мустақил, торнигорҳо ва радиову телевизиони хориҷӣ афзоиш ёфтааст.Бино бар қавонини интихоботии Ҷумҳурии Исломии Эрон шабакаҳои радио ва телевизиони давлатӣ бояд ба ҳамаи гурӯҳҳои сиёсии дар интихобот ширкаткунанда вақти баробар диҳанд. Аммо тарафдорони ҷиноҳи ислоҳталаби ҶИЭ шикоят мекунанд, ки матбуъоти зери назорати ҳукумат дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ ошкоро дар муқобили онҳо мавқеъ гирифтаанд.
Исо Саҳархез, хабарнигори мустақил, узви Иттиҳодияи эронии Матбуъот барои Озодӣ, ба радиои “Озодӣ” гуфт, ҳангоме ки телевизиони давлати ба ислоҳталабон “вақти қонунии” телевизиониро медиҳад, мақомот кӯшиш мекунанд пахши ин барномаҳо дар соатҳое анҷом шавад, ки теъдоди тамошобинон ҳарчи камтар бошад.
Шӯрои Нигаҳбон, ниҳоди 12-нафараи зери назорати раҳбари Эрон, ҳамакнун садҳо номзади ислоҳотталабро аз ширкат дар интихобот маҳрум кардааст. Шӯро сабаби асосии инро дар он мебинад, ки номзадҳои радшуда наметавонанд аз Инқилоби Исломӣ намояндаги кунанд. Оқои Саҳархез инчунин гуфт, ки телевизиони давлатӣ низ ба маъракаи интихоботии ислоҳталабон зарба мезанад: он ислоҳталабонро аз ҷониби манфӣ тасвир мекунад ва мустақиман ё ғайримустақим интихобкунандагонро водор месозад, то ба онҳо овоз надиҳанд ва, баракс, аз муҳофизакорон тарафдорӣ кунанд.
Мисоли чунин бархӯрди телевизион 10-уми март ба амал омад. Дастикам 170 чеҳраи саршиноси синемо, театр ва садову симои Эрон бо пахши як баёния эълом доштанд, ки аз эътилофи ислоҳталабон зери раҳбарии раисиҷумҳури пешин Муҳаммади Хотамӣ ҷонибдорӣ мекунанд.
Аммо ин баёнияро матбуъоти зери контроли давлат намоиш надод, ва ҳамоно баъд аз ин моҷаро, хабаргузории нимдавлатии “Форс” бо пахши гузориши таъҷилӣ хабар дод, ки аксари ҳунармандони зикршуда имзои худро дар ин баёния инкор кардаанд. Баъзе хабарнигорони мустақил иддаъо доранд, ки кормандони садову симои давлатӣ, ки ин баёнияро имзо кардаанд, мавриди фишор қарор гирифта, зери таҳдиди аз кор рондашавӣ ширкаташонро дар нашри баёния инкор кардаанд.
Музаффари Тоҷзода узви Созмони инқилобии исломии “Муҷоҳиддин”, гурӯҳи сиёсие, ки ҳамроҳ бо дастикам 30 ҳизб ва гурӯҳи дигар эътилофи ислоҳталабонро ташкил медиҳад, матбуъоти зери идораи давлатро дар нақзи қавонини интихобот муттаҳам намуд. Ӯ, аз ҷумла, иддаъо кард, ки садову симои давлати ошкоро аз як ҷониб пуштибонӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, эътилофи ислоҳталабон даъво дорад, ки телевизиони давлатӣ кӯшиши зиёд ба харҷ додааст, то байни гурӯҳҳои мухталифи ислоҳтотталаб ҷудоӣ андозад. Ӯ инро мисол овард, ки ҳафтаи гузашта, баъд аз онки гӯиё Хотамӣ аз мусоҳиба бо телевизиони давлатӣ сарпечӣ намуд, шабака фавран мусоҳибаро бо Маҳдии Каррубӣ, раҳбари эътилофи дигари ислоҳталабон Ҳизби Эътимоди миллӣ.
Ба қавли оқои Саҳархез, бо вуҷуди онки мақомот тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, онҳо наметавонанд аз пахши озоди иттилоъот пешгирӣ кунанд ва мардуми кишварро дар беиттилоъии комил нигоҳ доранд.
Дар Эрон то ба ҳол чандин расонаи мустақил вуҷуд дорад, ки рӯзномаи “Эътимоди миллӣ”, мутааллиқ ба гурӯҳи зери раҳбарии Каррубӣ, аз ҷумлаи онҳост.
Бо вуҷуди онки дар шабакаи ҷаҳонии Интернет сомонаҳо ва торнигорҳои гоуногуни форсӣ, ки ҳам аз хориҷ ва ҳам аз дохили кишвар идора мешаванд, арзи вуҷуд кардаанд, мақомоти Эрон кӯшиш мекунанд фаъъолияти онҳоро қатъ кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки берун аз шаҳрҳо дастрасӣ ба Интернет ҳоло ҳам хеле маҳдуд аст.
Ба ақидаи оқои Саҳархез, мардуми кишвар фаҳмидаанд, ки садову симои зери итоъати давлат иттилоъоти ба онҳо заруриро пешниҳод намекунанд ва дар натиҷа дар чанд ҳафтаи гузашта шавқи шаҳрвандон ба нашрияҳои мустақил, торнигорҳо ва радиову телевизиони хориҷӣ афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG