Ҳарчанд бо бардоштҳое аз интихоботҳои қаблии Эрон ин интихобот низ сабқат миёни муҳофизакорону ислоҳотталабон номида мешавад, манзара печидатар аст, зеро мусобиқаи асосӣ на миёни аҳзоб, балки дар байни эътилофу иттиҳодияҳо ҷараён мегирад.
Албатта, инро ҳам бояд дар назар дошт, ки Шӯрои нигаҳбони Эрон, як созмони иборат аз 12 узв ибтидо наздик ба 4 ҳазор номзадшавандаро радди салоҳият кард ва дертар бо тағйири тасмими худ ба 800 нафари онҳо ҳаққи ширкат дар интихоботро дод. Бо вуҷуди ин аксари ислоҳотталабон ба сабқат роҳ наёфтанд. Пас, рози рақобатҳои интихоботӣ дар чист?
Рози рақобатҳои интихоботии Эрон аз вижагии маъракаи имсола бармеояд. Муборизаи байни ду ҷиноҳи комилан мустазод зиёд хоси ин интихобот нест. Зеро ҳарду ҷиноҳи саҳнаи сиёсии Эрон, ҳам муҳофизакорон ва ҳам ислоҳотталабон ба чандин гурӯҳу эътилофҳо қисмат шудаанд.
Устоди улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Теҳрон, Содиқи Зебокалом мегӯяд, масалан, муҳофизакорон акнун ду дастаанд: тарафдорони сиёсатҳои сахтгароёнаи президент Маҳмуди Аҳмадинажод ва мухолифони ин сиёсатҳо, ки мавзеъи прагматик ё воқеъгароёна дар пеш гирифтаанд.
Барои таъкиди садоқати худ ба усули динӣ, муҳофизакорон худро "усулгаро" меноманд. Ва Ҷабҳаи Муттаҳидаи Усулгароён аз намояндагони чандин ҳизбу ҷиноҳҳо таркиб ёфта, эътилофест, ки аз президент Аҳмадинажод пуштибонӣ мекунад. Аммо Эътилофи Фарогири Усулгароён, ки шаҳрдори Теҳрон, Муҳаммадбоқири Қолибоф, собиқ сарвари Сипоҳи посдорони инқилоб Муҳсини Ризоӣ ва музокиракунандаи пешини ҳастаии Эрон Алии Лориҷонӣ таъсис додаанд, ҳарчанд низ аз муҳофизакорон иборат аст, аз сиёсатҳои Аҳмадинажод пуштибонӣ намекунад.
Эътилофи Ислоҳталабон, ки аз президенти собиқи Эрон Муҳаммади Хотамӣ илҳом мегирад, намояндагони наздик ба 30 ҳизбу ва гурӯҳи дигарро ба ҳам овардааст. Вале Ҳизби Эътимоди Миллии собиқ раиси порлумон Меҳдии Каррубӣ, ки дар гузашта аз мухолифони ислоҳталабон буд, акнун як иттиҳоди дигари ислоҳталабон шумурда мешавад.
Дар зимн, Каррубӣ яке аз номзадҳои эҳтимолии интихоботи президентии соли ояндаи Эрон шумурда мешавад.
Ризо Ҳуқуқӣ, устоди улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Торонтои Канада мегӯяд, пояи иҷтимоии ислоҳталабонро акнун ҳамаи онҳое ташкил медиҳанд, ки аз сиёсатҳои Аҳмадинажод қонеъ нестанд.
Вижагии дигари интихоботи рззи ҷумъаи Эрон ин аст, ки ҳеч яке аз номзадҳо дар бораи барномаи интихоботӣ ҳарф намезанад. Сайид Раҷаби Хуросонӣ, собиқ узви порлумон мегӯяд, аслан ҳама гуна фарқе байни номзадҳо шуста шудааст, ҳатто миёни ислоҳталабон ва муҳофизакорон.
Ҳарчанд бо таъсири интихоботҳои гузашта, бархе аз шореҳон дар бораи сабқати ислоҳталабон ва муҳофизакорон дар саҳнаи сиёсии Эрон ҳарф мезананд, манзараи куллӣ печидатар ва норушантар шудааст. Ва душвориҳои физояндаи иҷтимоӣ бовари интихобкунандагонро ба ҳама гуна тағйир бар пояи интихобот аз байн бурда, хостаҳои онҳоро ба ҳалли мушкилоти одии рӯзгор поин овардааст. Масъуди Амриӣ, як тоҷири теҳронӣ мегӯяд, шиору ҷиноҳҳо дигар муҳим ба назар намерасанд ва муҳим ин аст, ки вакилон барои мардум коре карда тавонанд.
Шореҳон ин ҳолатро натиҷаи ишғоли комили саҳна аз тарафи муҳофизакорон дар чанд соли охир меноманд ва дар ин ҳол интихобкунандагон агар интихобе ҳам доранд, он асосан дар миёни ҷиноҳҳои гуногуни муҳофизакорон ва ё тавре худи онҳо мегуянд, усулгароён аст.