Амрико ба вазъи дин дар Тоҷикистон баҳо дод

Вазорати умури хориҷаи Амрико дар гузориши худ роҷеъ ба ҳуқуқи башар мегӯяд, давлати Тоҷикистон бо андешидани иқдомоте дар соли гузашта вазъи озодии эътиқодро бадтар кардааст.

Манъи фаъолияти созмони мазҳабии Шоҳидони Яҳво, аттестатсияи имомхатибон ва тахриби масоҷид дар Душанберо Вазорати умури хориҷаи Амрико аз ҷумлаи иқдомоти маҳдудкунандаи озодии эътиқоду мазҳаб дар Тоҷикистон хондааст.

Дар гузориш омадааст, мақомот ба исломи суннатӣ эҳтиром қоиланд, аммо исломи ифротгароро ба амнияти кишвар хатарзо мешуморанд. Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон аз густариши фаъолияти созмонҳои мазҳабие дар ҳаросанд, ки аксаран аз хориҷа пуштибонӣ мебинанд.

Александр Давидов, раҳбари Иттиҳоди калисоҳои масеҳиёни инҷилӣ-баптистӣ, ин иддаои Вазорати хориҷаи Амрикоро таъйид мекунад ва мегӯяд, ҳукумат аз ҳоло фаъолияти куллия созмонҳои диниро зери назорати шадид қарор додааст. Ба гуфтаи ӯ, пас аз он ки Кумитаи дини Тоҷикистон ба ихтиёри Вазорати фарҳанг гузашт, кори созмонҳои мазҳабӣ як андоза ба мушкилӣ печид. Ба бовари оқои Давидов, аслан вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои вуруди адабиёти динӣ мавонеъ эҷод мекунад.

Аммо зимомдорони давлат чунин баҳои Вазорати хориҷаи Амрико ба вазъи озодии эътиқодро дуруст намешуморанд. Онҳо мегӯянд, давлати Тоҷикистон дар роҳи фаъолияти ягон созмони динӣ монеъ намешавад, агар фаъолияти ин созмонҳо дар чаҳорчӯбаи қавонин сурат гирад.

Вале Вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон ба ҳар баҳона фаъолияти диндоронро маҳдуд месозад. Масалан, мақомот ба чопхонаҳои Тоҷикистон дастур додааст, ки аз нашри ҳамагуна адабиёти динӣ, бахусус, ба хати арабӣ худдорӣ варзанд.

Дар гузориши Вазорати умури хориҷаи Амрико роҷеъ ба ҳуқуқи башар ҳамчунин аз тасмими мақомоти шаҳрдории Душанбе дар мавриди тахриби масоҷид нигаронӣ мешавад. Гузориш ҳокист, ки сар аз моҳи июли соли гузашта мақомот фаъолияти беш аз 200 масҷиди панҷвақтаро ба далели қайди расмӣ надоштанашон дар шаҳри Душанбе боздошт ва беш аз 10 масҷиди панҷвақтаро тахриб кардаанд.

Вазорати хориҷаи Амрико тасмими бозомӯзии имомҳои масоҷиди панҷвақта ва ҷомеъро низ нақзи ҳуқуқи имомҳо арзёбӣ мекунад. Моҳи августи соли 2007 мақомоти Душанбе тақозо карданд, ки саводи садҳо имоми масоҷиди пойтахт имтиҳон шавад. Дар натиҷа чор имоми масоҷиди панҷвақта аз имтиҳон нагузаштанд ва аз сафи имомҳо берун шуданд.

Дар қисмате аз гузориш Вазорати хориҷаи Амрико аз манъи фаъолияти созмони мазҳабии Шоҳидони Яҳво низ изҳори ташвиш мекунад ва мегӯяд, вазорати фарҳанг ин созмонро ба далели итоат накардан ба Қонуни асосии кишвар мамнӯъ эълом дошт. Дар гузориш омадааст, миссионерони сабтиномшуда дар Тоҷикистон аз суи мақомот фишори зиёд эҳсос намекунанд, аммо ҳолатҳое ҳастанд, ки дар роҳи ибодати онҳо дахолати давлат мушоҳида мешавад.

Тарҳи ҷадиди қонун дар бораи дин ва созмонҳои динӣ низ ба андешаи Вазорати умури хориҷаи Амрико нигарониҳоро ба бор овардааст ва дар сурати пазируфта шуданаш дар порлумони Тоҷикистон намунаи возеҳи нақзи ҳуқуқи диндорон хоҳад буд: хоҳ мусалмонҳо, хоҳ ғайримусалмонҳо.