Метавон матлабе дар бораи Салафия дар Тоҷикистонро ба унвони намуна овард, ки тӯли тақрибан се ҳафтаи нашри худ беш аз 1.200 бор боз шудааст. (Бино бар омори то 20 январи 2008).
Аҳли шиа ва аҳли суннат, масеҳият ва матлаби дигаре дар бораи муносибати давлат бо дин ва диндорон низ аз ҷумлаи матолиби серхонандатарини Озодӣ буданд. Дар маҷмӯъ, бо такя ба ин омор метавон гуфт, Ислом аз мавзӯъотест, ки миёни хонандаҳои сомонаи Озодӣ мақоми хосро дорад.
Баҳсҳое, ки дар атрофи матолиби силсилаи Дин дар Тоҷикистон нашр мешуданд, низ бозгӯи таваҷҷуҳи хонандаҳо ба ин мавзӯъанд.
Баҳсе, ки зери матлаби Салафия, ва аммо бештар дар мавзӯъи Шиа ва Суннӣ оғоз ёфта буд, ҳанӯзам идома дорад. То таърихи 20 январ ҳудуди 250 нома дар баҳсгоҳи матлаби Салафия мунташир шуда буд. Бархе аз номаҳое, ки таҳқиру иҳонат ва тавҳину даъватҳои ғайриқонуние доштанд, нашр нашуданд.
Боиси хушҳолӣ буд, ки аслан мубоҳисон кушиш мекарданд, дар баҳсҳои худ аз ояҳову аҳодис ва далелҳо кор бигиранд, алфози қабеҳро истифода набаранд ва ба ҳамдигар «бародар» навишта хитоб мекарданд.
Матлабҳои Шиа ва Суннӣ, Масеҳият, Дин ва Давлат низ аз баҳсбарангезтарин матолиби силсила будаанд. Омор нишон медиҳад, ки хонандаҳо нисбат ба матлабҳо дар мавриди қонуни дин дар Тоҷикистон камтар таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд.
Мо ба ҳамаи хонандаҳои сомонаамон ташаккур мегӯем, ва умедворем, ки ин силсила барои хонандаҳои гиромиқадри мо ҷолиб ва муфид буд.