Гузоришро вазири корҳои хориҷии Амрико хонум Кондолиза Райс ва ёвари ӯ дар умури ҳуқуқи башар, демократия ва меҳнат Ҷонатан Фарар муаррифӣ намудаанд.
Мутахассисон зикр намуданд, ки соли ҷорӣ вазорати корҳои хориҷии Амрико аз феҳристи бадтарин кишварҳои поймолкунандаи ҳуқуқи башар исми Чинро бардоштааст, аммо Сурия, Судон ва Узбакистонро ба он илова намудаанд. Оқои Фаррар дар ин робита мегӯяд: “Кишварҳое, ки дар онҷо тамоми қудрат дар дасти ҳокимони тавзеҳнопазир мутамаркиз гаштааст, аз поймолкунандагони аслии ҳуқуқҳои инсон боқӣ мемонанд. Мо метавонем Кореяи Шимолӣ, Бирма, Эрон, Зимбабве, Куба, Беларус, Узбакистон, Эритрея ва Судонро мисол биорем”.
Дар гузориш инчунин омадааст, бо вуҷди онки Чин аз феҳристи исми баъзе кишварҳои поймолкунандаи ҳуқуқи башар бардошта шудааст, вале вазъи ҳуқуқи инсон дар он кишварҳо ҳамоно бад боқӣ мемонад. Ҳамчунин изҳори умедворӣ шудааст, ки мақомоти Пекин дар пешорӯи доиршавии бозиҳои олимпии соли 2008 вазъи ҳуқуқи башарро беҳбуд мебахшад.
Кондолиза Райс, вазири хориҷаи Амрико, гуфт, ҳарчанд на дар ҳамаи кишварҳо вазъ ба самти беҳбуд рӯ ниҳодааст, тағийроти мусбате дер ё зуд бояд ба амал ояд: “Дар ҳақиқат, барои онки вазъ тағийр ёбад, фурсат лозим аст. Аммо тағйирот ҳатман ба амал меоянд. То даме, ки шаҳрвандон дар саросари ҷаҳон арзишҳои умумии ҳуқуқҳои башарро ҷонибдорӣ мекунанд. Мо бар ин боварем, ки муваззафем ба чунин марду занҳои шуҷоъ кумак расонем”.
14 саҳифаи гузориши вазорати корҳои хориҷаи ИМА ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар ин гузориш, аз ҷумла, омадааст, ки Тоҷикистон ҳамоно кишвари авторитарӣ ё худкома боқӣ монда, ҳаёти сиёсиашро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва доираи маҳдуди тарафдоронаш идора мекунанд. Дар ҳоле ки кишвар дорои қонуни асосӣ ва низоми бисёрҳизбист, омадааст дар гузориш, дар амал дар соли гузашта ҷараёни густариши демократия дар Тоҷикистон суст ва чандандешии сиёсӣ маҳдуд будааст. Дар гузориш инчунин таъкид мешавад, ки интихоботи ноябри соли 2006-и раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар бидуни рақобати ҳақиқӣ доир гашт ва қисман ҷавобгӯи талаботи байнулмилалӣ набуд. Соли гузашта ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ аксарияти курсиҳои порлумонро соҳиб шуд.
Муаллифон навиштаанд, ки ҳукумати кишвар дар таъмини ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳамоно заъиф боқӣ монда, фасодкорӣ ба иҷрои ислоҳоти демократӣ ва иҷтимоъӣ мониъаҳо эҷод мекунад. Дар ҳамин ҳол, дар гузориши вазорати хориҷаи Амрико ҳаққи маҳдуди шаҳрвандони Тоҷикистон барои табдили ҳукумат, азобу шиканҷаи боздоштшудагон аз ҷониби хадамоти амниятӣ, таҳдиду бадрафтории мъмурони ин хадамот ва беҷазо мондани онҳо, боздоштҳои тӯлонӣ ва адами дастрасии боздоштшудагон ба мулоқот бо пайвандон ва вакилони дифоъ, аз ҷониби додгоҳҳо ба ҳайси мадрак пазируфта шудани маълумоте, ки дар зери фишор ва ё шиканҷа ба даст омадаанд, вазъи тоқатфарсо дар зиндонҳову боздоштгоҳҳо, маҳдуд кардани озодии сухан ва озодии дин, фишор болои матбуот, ба зиндон андохтани мухолифони сиёсӣ, аз ҷумла хабарнигорон, фишор болои созмонҳои ғайриҳукуматии байнулмилалӣ, нақзи ҳуқуқи зан, қочоқи инсон ва истифодаи нерӯи кории наврасон ба ҳайси умдатарин мушкилоти вобаста ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон зикр шудаанд.
Дар гузориши вазорати хориҷаи Амрико оид ба вазъи ҳуқуқи башари ҷаҳон дар соли 2007 маҷмӯъан 14 саҳифа махсуси Тоҷикистон аст, ки матни он дар сомонаи http://www.state.gov/g/drl/rls/hrrpt/2007/100621.htm ва матни комили ин гузориши Вазорати хориҷаи ИМА дар сомонаи ин вазорат дар шабакаи Интернет (www.state.gov) қобили дарёфт мебошанд.