Аз кор бозмондани пойгоҳи асосии обкашии ноҳияи Ашт дар як садама ҳазорон гектар боғу киштзорҳои сокинони ноҳияро хушку лабташна гузоштааст.
Соҳибони боғу киштзорҳо мегӯянд, агар ба зудӣ пойгоҳи обкаширо фаъол накунанд, ҳосили зардолуи онҳо, манбаи аслии даромади мардум талаф хоҳад ёфт. Барои рафъи оқибатҳои садама ва таъмиру ба кор андохтани насосҳои обкашӣ як гурӯҳи бузурги мутахассисону коргарон, иборат аз 70 нафар кор мекунанд.
Иброҳимҷон Воҳидов, сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ашт рӯзи 29-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ чунин гуфт: "Шабу рӯз барои рафъи оқибати садама кор мекунем ва як насоси хурди 1 метри мукаабиро ба кор андохтем. Як агрегати дигарро ҳам таъмир кардем, ба кор омода, имрӯз ба кор медарорем. Мутахассисони худамон ва мутахассисони Зафаробод, ки ба ёрӣ омаданд, ҳама сари кор, раиси ноҳия, дигар раҳбарон дахлдор ҳам ҳар рӯз ҳаминҷоянд."
Пойгоҳи обкашии ноҳияи Ашт, (АНС – 1) барои обёрии 10 ҳазор гектар боғҳои зардолу, шафтолу ва ангур ва 2 ҳазор гектар замини пахта аз рӯди Сир об мекашад. Садама дар пойгоҳ 18-уми апрел, соати 12 - и шаб вақте рух додаст, ки мутахассисон насосҳоро ба кор андохта, ҳавзҳои обро барои интиқол ба боғу пахтазор бори аввал пур мекарданд.
Фалокат чӣ гуна сар зад?
Иброҳимҷон Воҳидов ҳодисаро чунин нақл кард: "Нимашабӣ ногаҳонӣ интиқоли барқ қатъ шуд. Лӯлаи бузурги обкашии баландфишор кафид ва агрегатҳову дигар таҷҳизоти барқӣ зери обу лой монд. Ғаввосони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда саҳар ҳозир шуда, пеши обро бастанд. Бо насос ҳама обро кашидем. Як агрегатро иваз кардем, дигар таҷҳизоту агрегатҳову хатҳои обу барқро таъмиру тармим кардем. Ҳозир фақат агрегатҳоро хушк карда, ба кор андохтан даркор."
Ба гуфтаи ӯ, барои хушк ва фаъол кардани агрегатҳо чанд рӯз лозим аст. Мутахассисон мегӯянд, аз рӯи қоида, масъулони идораи барқ қабл аз қатъи интиқоли барқ ба пойгоҳи обкашӣ аввал бояд навбатдорони пойгоҳро огоҳ мекарданд. Шаби ҷумъа ба шанбеи гузашта интиқоли нерӯи барқ ба пойгоҳ бидуни огоҳии қаблӣ қатъ карда шуд ва боиси сар задани садама гардид.
"Айби мо нест, фарсуда буд"
Вале Атамҷон Сатторов, сардори идораи барқи ноҳия Ашт инро қабул надорад. Ӯ сабаби аслии садамаро дигаргуна шарҳ дод:
"Сабаб - фарсуда шудани қубуру агрегатҳо ва таҷҳизоти дигари пойгоҳ. Тасаввур кунед, ин пойгоҳ аз соли 1979 навсозӣ нашудааст. Барои ҳамин вақте об баъди хомӯш шудани нерӯи барқ ақиб мегардад, қубур тоб наоварда, кафидааст. Агар қубур фарсуда намебуд, намекафид ва садама рух намедод. Барқи пойгоҳро мо қатъ накардем. Он шаб интиқоли нерӯи барқ тавассути хати 220 киловолтаи Гулистон - Ашт ба тамоми ноҳия кӯтоҳмуддат қатъ гардид. "
Пойгоҳи обкашии асосии ноҳияи Ашт давраи шӯравӣ, тақрибан 40 сол пеш, замони корам кардани заминҳои Ашти калон сохта шудааст. 7 агрегати ин пойгоҳ беш аз 25 метри мукааб об дар сония аз рӯди Сир мекашад. Об тавассути 2 зеристгоҳи дигар ба заминҳои пахтаву боғҳои мева, тахминан ба дарозии 15 километр интиқол меёбад.
Дар тӯли беш аз 4 даҳсола ба ҷуз аз як агрегат, пойгоҳи асосии обкашии ноҳияи Ашт, таҷдид нашудааст. Ҳамчунин агрегат ва таҷҳизоти асосии эҳтиётӣ низ вуҷуд надорад. Ноҳияи Ашт бо 165 ҳазор аҳолӣ, яке аз минтақаҳои аз нигоҳи саноатӣ рушднакардаи шимоли Тоҷикистон аст. Ба ҷуз як корхонаи намак дигар корхонаи калони саноатӣ надорад. Ноҳия дотатсионӣ маҳсуб меёбад ва моҳонаи кормандони давлатӣ қисман аз буҷаи вилояти Суғд пардохта мешавад.
Ягона манбаи даромади мардум
Боғдорӣ роҳи асосии кору даромади сокинон маҳсуб меёбад. Солона даҳҳо ҳазор тонна зардолуи тар ва хушкро умдатан ба Русияву Қазоқистон интиқол мефурӯшанд, вале барои таҷдид ва коршоям нигоҳ доштани пойгоҳи асосии обкашӣ ноҳияи Ашт маблағ нест. Қисмати умдаи сокинони қобили кор, ки замин надоранд, рӯзии худро аз муҳоҷирати кории доимиву мавсимӣ дар Русияву кишварҳои дигар ба даст меоранд. Аз ин нигоҳ пойгоҳи бузурги обкашии рақами 1 қисмати бузурги боғҳои меваи ноҳияи Аштро бо об таъмин ва қисмате аз сокинонро бо кору даромад таъмин мекунад. Зарари садама дар пойгоҳ ҳудуди 700 ҳазор сомонӣ будааст.
Деҳқонон мегӯянд, ин зарари молӣ дар муқобили зиёне, ки аз беобӣ хоҳанд дид, ночиз аст. Ашӯрқул Ҳайдаров, сокини бознишастаи ноҳияи Ашт аст, ки дар хоҷагии деҳқонии “Маъдан” 3 гектар боғи зардолу дорад. Ӯ бо даромад аз ин боғ зиндагии худу фарзандонашро пеш мебарад. Барои талаф наёфтани ҳосил ҳамроҳи фарзандонаш бо мошин об мекашонанд.
Ӯ рӯзи 29 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "То имрӯз ба 1.5 ҳазор сомонӣ аз 10 мошини обкаш об кашонидем. Аммо ин монанди шутурро бо кафлес об додан аст. Баргҳои зардолу зард шуда, ғӯраҳояшро рехтаанд. Имсол насосҳоро дер ба кор андохтанд, моҳи апрел ягон бор аз канал об надодем. Рӯзҳои наздик ба канал об наояд, ниҳолҳо хушк шуда, мумкин, ҳосилро аз даст диҳем."
Мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ, ки 2 гектар боғи зардолу дорад, мегӯяд, онҳо то имрӯз натавонистаанд, дарахтони худро об диҳанд. Ӯ мегӯяд: "Чӣ хел барои дарахтони 8-сола об мекашӣ ? Нархи 3 - 4 тонна оби як мошин 150 сомонӣ. Пул надорем. Рӯзҳои охир дилам намешавад сари замин равам. Дарахтҳо сахт обталаб. Зардолу ба беобӣ - батоқат, аммо баъди ғӯра кардан об нахӯрад, ҳосилаш нобуд мешавад. Ҳар сол ду фарзандам ба Русия барои кор мерафтанд. Имсол, ки коронавирус роҳҳоро баст, намедонам чӣ кор мекунем."
Бори аввал нест пойгоҳи обкашии ноҳияи Ашт бар асари садама аз кор мемонад. Баъзан ҳатто дар давраи гармои тобистон. Аммо қаблан додани об ба заминҳои деҳқонон чун имсола дар айни мавсими обёрӣ то 1 моҳ ба таъхир намеафтод. Таъхире, ки деҳқонони Аштро аз ояндаи боғҳои рӯзирасони худ хавотир кардааст.