Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинон мегӯянд, хона ба хона гаштан барои пули "дезинфексия" кори "хатарнок" аст


Масъулини идораи манзили шаҳри Хуҷанд.
Масъулини идораи манзили шаҳри Хуҷанд.

Дар рӯзҳое, ки бемории COVID-19 дар Тоҷикистон густариш меёбад ва табибон аз мардум мехоҳанд дар манзилашон бимонанд, кормандони идораи манзил дар шаҳри Хуҷанд хона ба хона гашта, аз мардум пардохти "қарзи манзил"-ро талаб доранд.

Дар кӯбидан ва суҳбати наздик бо онҳо баъзе сокинонро аз хавфи сироят ёфтан ба вируси нави корона нигарон кардааст. Аммо мақомот мегӯянд, барои пардохти моҳонаи кормандони идораи манзил маҷбуранд, ки аз мардум пул ҷамъ кунанд.

Як сокини маҳаллаи 12-уми шаҳри Хуҷанд мегӯяд, кормандони идораи манзил ҳарчанд ниқоб доранд, аммо аз фосилаи хеле наздик бо шаҳрвандон суҳбат мекунанд.

Ӯ афзуд: "Гуфтам, ки кӯдак дорам, ин корашон дуруст нест, ба хонаи мо бемории вируси коронаро оварданашон мумкин. Ҳатто гӯш ҳам надода, фақат мегуфтанд, пули хонаро диҳам. Баъзе ҳамсояҳо пули гуфтаашонро медоданд, баъзеҳо норозӣ шуда, дарро ба рӯяшон мепӯшиданд."

Нигаронии дигари баъзе сокинони Хуҷанд аз он аст, ки масъулони Корхонаи давлатии истифодабарии манзил барои бинову манзилҳои онҳо хидмате анҷом надода, аз онҳо пул талаб мекунанд. Аз сокиноне, ки аксаран ҷойи корашон баста шудааст ва ҳоло бе даромад мондаанд.

Афзал, як сокини дигари шаҳри Хуҷанд мегӯяд, вазнаш зиёд буда, фишори баланд дорад ва бо тавсияи табибон дар чунин шароит набояд аз хона берун шавад. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, омадани кормандони идораи манзил хатари сироят ёфтани афроди осебпазир мисли ӯро бештар мекунад.

"Вазнам зиёд, фишорам баланд, табиби оилавӣ маслиҳат доданд, ки то гузаштани коронавирус аз хона набароям. Ҳозир ману ҳамсарам ҳеҷ ҷо кор намекунем. Пуламон нест, базӯр зиндагиро пеш мебарем. Аммо инҳо бо ман баҳсу талош карданд, ки пули қарзҳоямро диҳам. Дар ҳамин шабу рӯз дари мардумро тақ - тақ кардани онҳо магар дуруст аст ?" - мегӯяд Афзал.

Мақомот дар посух ба ин нигаронии сокинон далелҳои худро доранд. Масъулони идораи манзил мегӯянд, дар чунин шароит барои пардохти моҳонаи кормандон, ки ба "дезинфексия" кардани биноҳо машғуланд, маҷбуранд, ки аз сокинон маблағ ҷамъ кунанд.

корхонаи давлатии "Истифодабарии манзил" -и соҳили рости шаҳри Хуҷанд
корхонаи давлатии "Истифодабарии манзил" -и соҳили рости шаҳри Хуҷанд

Давронҷон Юсупов, сардори корхонаи давлатии "Истифодабарии манзил" -и соҳили рости шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ин пул ба дезинфексия ҳам сарф мешавад. Мо ба 50 сомонӣ даромадгоҳи биноҳоро дезинфексия мекунем. Биноҳоеро, ки маркази беҳдоштӣ ва дигарҳо накардаанд. Баъд 20 сомонӣ аз қарзи манзили сокинон кам мекунем."

Бо ин ҳама ҷаноби Юсупов, пулакӣ будани дезинфексияи биноҳои истиқоматии сокинонро рад карда мегӯяд, ин корҳо аз ҳисоби ҳукумат анҷом мешавад. Маблағи ҷамъшуда аз сокинон ба гуфтаи ин масъули идораи манзил, асосан барои пардохти моҳонаи кормандон сарф мешавад.

Корхонаҳои давлатии "Истифодаи манзил" дар замони шӯравӣ таъсис шуда, дар он давра таъмиру тармим, тозагии даромадгоҳу саҳни бино ва мисли ин хидматрасониҳои нигоҳубини бинои истиқоматиро бар зимма дошт. Аммо ҳоло сокинон мегӯянд, ин идора бидуни анҷоми тақрибан ҳеҷ коре аз онҳо маблағ талаб мекунад.

Бо ин ҳама ҳамсуҳбатони мо аз ҳисоби сокинони Хуҷанд мегӯянд, баҳси асосӣ сари маблағи “дезинфексия” нест ва агар мақомот воқеан ба он муҳтоҷанд, бояд роҳҳои алтернативии ба даст овардани онро пайдо кунанд. Чун ба таъкиди сокинони Хуҷанд, хона ба хона гаштани кормандони идораи манзил хатари паҳншавии бемории COVID-19-ро дар миёни мардум бештар мекунад.

Вилояти Суғд яке аз нуқтаҳои осебпазир дар густариши коронавирус дар Тоҷикистон аст. Аввалин ҳолатҳои марги шубҳанок ҳанӯз дар оғози моҳи апрел дар ин вилоят ошкор шуда буд. Ҳарчанд мақомот дар оғоз ҳодисаҳои марги шаҳрвандонро аз илтиҳоби шуш мегуфтанд.

Дар як машварати ахири назди раиси вилоят ҳам ба кам кардани равуои сокинон байни Хуҷанду ноҳияҳои минтақа, хонанишинӣ ва риоят шудани фосилагузории иҷтимоиро тавсия доданд. Хона ба хона гаштан на танҳо дар вилояти Суғд, балки дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ сурат гирифтааст.

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе дар оғози моҳи май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, одамони ношинос ба хонаашон омада, ба онҳо фаҳмондаанд, ки чӣ гуна худро аз КОВИД-19 ҳифз кунанд. Пас аз додани маълумот онҳо имзои сокинонро гирифтаанд. Баъд аз шикояти сокинон Радиои Озодӣ аниқ кард, ки амри хона ба хона гаштан бар асоси як барқияи Дастгоҳи иҷроияи президент сурат гирифтааст.

Масъулони Ҳизби халқии демократӣ ҳизби ҳокими Тоҷикистон ҳам хабар доданд, ки бо сокинон "вохӯрии рӯ ба рӯ" доир карданд. Вале "хона ба хона" гаштани мақомот интиқоди корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба миён овардааст.

Тибқи омори Вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон 907 сироят ба коронавируси нав ба қайд гирифта шуда, 29 нафар аз ин беморӣ ҷон бохтаанд. Ҳарчанд бархеҳо ба омори мақомот бо шубҳа нигоҳ мекунанд ва як гуруҳ фаъолон "омори алтернативӣ"-ро таҳия кардаанд, ки аз арқоми мақомот фарқ мекунад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG