Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши коронавирус бисёриҳоро бе кор мегузорад, муҳоҷирони тоҷикро низ


Оғози кор дар сохтмонҳои Русия баъд аз давраи карантин
Оғози кор дар сохтмонҳои Русия баъд аз давраи карантин

Созмони Ҷаҳонии Кор мегӯяд, густариши бемории COVID-19 миллионҳо нафарро дар саросари ҷаҳон бе кор хоҳад гузошт. Ба иттилои созмон, бархе аз иқтисодҳои бузурги ҷаҳон, ба монанди Амрико, сахттарин буҳрон баъд аз солҳои 30-юми асри гузаштаро пушти сар мекунанд.

Созмони Ҷаҳонии Кор дар гузориши нави худ гуфтааст, аз паҳншавии бемории COVID-19 бахшҳои хариду фурӯш, истеҳсол, таъмири воситаҳои нақлиёт, хадамоти таҳияи манзил ва маводи хӯрокворӣ зарари сахт хоҳанд дид.

Ин созмон пешбинӣ кардааст, ки вазъ тақрибан дар тамоми ҷаҳон ногувор хоҳад шуд. Дар гузориш омадааст, беш аз 12 дарсад аз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бештари соатҳои кориашонро аз даст хоҳанд дод. Ин фисад барои шаҳрвандони Аврупо ва Осиёи Марказӣ 11,8 дарсад ва дар дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон 9,5 дарсад ҳисоб шудааст.

Кишварҳои ҷаҳон ба хотири саломатии шаҳрвандон ва иқтисодашон ба фишорҳои иқтисодии пешомада аз паҳншавии коронавирус ба гунаҳои мухталиф пардохтаанд. Иёлоти Муттаҳида бо пардохти пул талош дорад, ки ҷилави фишорҳои иқтисодиро то ҳадде бигирад. Ин кишвар бо бузургтарин иқтисоди ҷаҳон ба навиштаи Созмони Ҷаҳони Кор, ба бекории бесобиқа рӯбарӯ шудааст.

Дар моҳи апрел мизони бекорӣ дар саросари Амрико ба 14,7 дарсад расид. Ин бадтарин вазъият аз замони рукуди иқтисоди бузург дар солҳои 1930 хонда шудааст.

Мақомоти аршади тандурустии Амрико ба ҳамаи аёлатҳои он ҳушдор додаанд, ки агар маҳдудиятҳои ҷоришуда ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус фавран бекор шаванд, ин кишвар ба буҳрони ҷиддитар рӯбарӯ хоҳад шуд ва теъдоди маргу мир ҳам афзоиши чашмгире хоҳад ёфт.

Аммо мушовирони иқтисодии Доналд Трамп гуфтаанд, вазъи иқтисодии Амрико бад аст ва мизони бекорӣ дар моҳҳои май ва июни имсол ба беш аз 20 дарсад хоҳад расид. Аз ин рӯ бахшҳои иқтисоди ин кишвар бозкушоӣ шавад то ҷилави осеби иқтисоди доимӣ гирифта шавад.

ИМА ба хотири мубориза бо паҳншавии коронавируси нав дар он кишвар бастаҳои кумаки беш аз се триллион доллариро тасвиб кардааст. Дар моҳи марти имсол Амрико нахустин бастаи иқтисодӣ бо арзиши ду триллион долларро қабул кард, ки бузургтарин бастаи иқтисодӣ дар таърихи ин кишвар аст.

Ҳамин тавр 500 миллиард доллар барои пардохтҳои мустақим ба шаҳрвандони амрикоӣ, 200 миллиард доллар қарз ба саноати бузург ва 300 миллиард доллари дигар ба тиҷоратҳои хурд дода шудааст.

Испания аз кишварҳои аврупоие аст, ки аз хуруҷи вируси корона сахт осеб дидааст. Мақомҳои ин кишвар гуфтаанд, қарор аст дар моҳи ҷорӣ лоиҳаҳеро тасвиб кунанд, ки даромади моҳонаи се миллион шаҳрванди фақиртарини ин кишварро таъмин кунад.

Тақрибан аз панҷ як ҳиссаи хонаводаҳо дар Испания каме аз 270 доллар дар як моҳ даромад доранд. Дар се моҳи аввали имсол мизони бекорӣ дар ин кишвари аврупоӣ 14,4 дарсад гузориш шудааст.

Олмон бузургтарин иқтисоди Аврупо ҳам барои мубориза бо таъсири иқтисодии сирояти коронавирус бархе иқдомотро амалӣ кардааст. Ин кишвар барномаи кории кӯтоҳмуддатро роҳандозӣ намуд, ки бар асоси он шаҳрвандон бо вуҷуди коҳиши соатҳои кориашон ҳамзамон 60 дарсад маошашонро дарёфт хоҳанд кард.

Русия аз густариши вируси ҳамагир осеби ҷиддӣ дидааст. Пас аз пойин рафтани қимати нафт бо далели коҳиши талабот ба он, Маскав талош дорад иқтисоди вобаста ба нафти худро собит нигоҳ дорад.

Бо онки гуфта шуда бозкушоии бахшҳое аз иқтисод метавонад боиси сирояти бештари коронавирус шавад, Владимир Путин, раисҷуҳури Русия эълом кард, ки барномаи таътили корхонаҳо, ки кормандон метавонистанд дар хона монанд ва маошашонро дарёфт кунанд, поён ёфтааст.

Бар асоси омори расмӣ дар ҳоли ҳозир беш аз 1,4 миллион нафар дар Русия бекор шудаанд.

Русия аз кишварҳои аслии қабулкунандаи муҳоҷирони кории тоҷик аст ва эълони карантин дар ин кишвар садҳо муҳоҷири кории тоҷикро дар ин кишвар бе ҷойи кор ва даромад гузошт. Ҳамин тавр, ҳазорҳо нафари дигар дар Тоҷикистон мунтазири боз шудани роҳ ба Русия ҳастанд, то дар онҷо кор кардаву барои таъмини хонаводаашон пул ёбанд.

Созмони Ҷаҳонии Кор гуфтааст, бархе аз кишварҳои минтақа аз ҷумла Қазоқистон дар раванди мубориза бо коронавирус ва пайомадҳои иқтисодии он аз Русия пайравӣ мекунанд.

Ба навиштаи созмон, Қазоқистон ҳам рӯзи 11-уми май эълом кард, ки маҳдудиятҳои ҷоришуда барои бахшҳое аз иқтисодро мебардорад. Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури ин кишвар гуфтааст, пардохти андоз барои афроди даромадашон кам коҳиш ёфта, мизони молиёт ё андоз барои афроди сарватманд зиёд хоҳад шуд.

Мақомоти Қазоқистон гуфтаанд, агар бо гузашти як ҳафта мавридҳои сирояти коронавирус ба мардум дар ин кишвар афзоиш наёфт, мағозаҳо, сохтмонҳои идорӣ ва бозорҳо ҳам кушода мешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG