Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СОVID-19 дар Тоҷикистон ба 90 нафари дигар сироят карда ва 6 нафарро куштааст


Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар як шабонарӯзи гузашта дар кишвар 90 нафари дигарро бо аломатҳои бемории СОVID-19 сабт кардааст ва теъдоди гирифторон ба коронавируси нав то рӯзи 9-уми май ба 612 нафар расидааст.

Талафот аз беморӣ дар шабонарӯзи гузашта якбора зиёд шудааст. Ба гуфтаи вазорат, беморӣ дар саросари кишвар 6 нафарро куштааст ва дар умум шумораи фавтидагон ба 20 нафар расид.

Вазорати тандурустӣ дар баёнияе гуфтааст, "ҳукумат ва вазорат айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ мекунанд".

Доир ба шифоёфтагон оморе нашр накардаанд, ҳарчанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеову хабарҳое чарх мезананд, ки берун омадани гуруҳе аз мардумро аз бемористон нишон медиҳанд ва мегӯянд, ки онҳо афроде, ҳастанд, ки ё аз коронавирус ва ё илтиҳоби шуш халос шудаанд.

Бархе аз коршиносону мардум ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторону талафот аз беморӣ дар Тоҷикистон зиёд бошад. Мақомоти Тоҷикистон то 30-юми апрел мегуфтанд, ки дар кишвар беморӣ ба касе сироят накардааст, ҳарчанд тақрибан ҳар рӯз доир ба афзоиши бемории “илтиҳоби шуш” ва маргу мир аз ин беморӣ гузориш мерасид. Бемории COVID-19 аломатҳои шабеҳи зукоми маъмулӣ ва ҳам “илтиҳоби шуш” дорад.

Баъди авҷ гирифтани гузоришҳо дар ин бора ҳукумати Тоҷикистон зери фишори ҷомеаи маданӣ маҷбур шуд, гурӯҳе аз мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштро барои арзёбии вазъ ва баҳо додан ба тавоноии Тоҷикистон барои муқобила бо вируси нав ба кишвар даъват кунад.

Ҳайат баъди вуруд ба Тоҷикистон бо мақомоти баландпоя, аз ҷумла Қоҳир Расулзода, нахуствазир ва раиси Ситоди пешгирӣ аз сирояти COVID-19 мулоқот дошт ва вазъи бемористонҳо, озмоишгоҳҳо ва хонаҳои пиронсолонро омӯхт.

Баъд аз интиқоди пайвастаи амалкардҳои ҳукумат дар пешгирӣ аз сирояти беморӣ, гузоришҳо доир ба пушти дар мондани беморон ва омода набудани шифохонаҳо барои қабули гирифторон, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо фармоне Насим Олимзода, вазири тандурустиро аз кор озод кард. Ҳарчанд дар фармон гуфта шудааст, ки сабаби аз кор озод кардани ӯ, “гузаштан ба кори дигар” будааст.

Ба ҷойи ӯ, Ҷамолиддин Абдуллозода профессор ва ҷарроҳи 54-соларо таъйин карданд, ки дар зодгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба дунё омада ва то расидан ба ин мақом мудири "Истиқлол" яке аз бузургтарин шифохонаҳои муосир дар Душанбе буд.

Айни замон гузоришҳои зиёде мерасад, ки табибони тоҷик васоили муҳофизатии кофӣ аз беморӣ надоранд ва норасоии доруворӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳукумати Узбекистон рӯзи 8 май гурӯҳе аз мутахассисони вирусшиносро барои кӯмак ба Тоҷикистон фиристод ва вазорати умури хориҷӣ гуфтааст, ки Чин ҳам қасд дорад, барои муқобила бо беморӣ ба Тоҷикистон бо мутахассисону доруворӣ кӯмак расонад.

XS
SM
MD
LG