Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модаре, ки по надорад, аз президент озодии писарашро хост. ВИДЕО


Хосият Мардонова, сокини шаҳри Турсунзода
Хосият Мардонова, сокини шаҳри Турсунзода

Як сокини шаҳри Турсунзода, ки аз ду пойи равон маҳрум аст, аз президент Эмомалӣ Раҳмон барои бозбинии парвандаи писараш ва раҳо кардани ӯ аз зиндон кӯмак хостааст.

Писари Хосият Мардонова, сокини 49 солаи шаҳри Турсунзода соле пеш бо гумони роҳзанӣ (моддаи 249-и Кодекси ҷиноятӣ) даҳ сол зиндонӣ шудааст.

Ин зан ҳукми додгоҳро дар нисбати писараш, ки бори аввал ҷиноят содир кардааст, ноодилона медонад.

Мақомот мегӯянд, гуноҳи Азамат Мардонови 24 сола исбот шудааст ва ҳукми додгоҳ дуруст аст.

Гузориши видеоиро ин ҷо тамошо кунед.

Модари маълул аз Президенти Тоҷикистон талаб дорад, писарашро аз зиндон раҳо кунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

Хосият Мардонова, ки маъюби гуруҳи якум аст, дар як суҳбати видеоӣ ба Радиои Озодӣ нақл кард, ки як баҳси лафзии писараш бо марде, ки маст буд, ӯро барои солҳои тулонӣ кунҷи маҳбас бурд. Ӯ гуфт, писараш пас аз хатми мактаби миёна довталабона ба хизмати ҳарбӣ рафт ва баъдан барои пешбурди зиндагӣ дар Русия кор мекард.

Ба гуфтаи ин зан, ду сол пеш пас аз муноқиша бо марди маст писарашро дар ҷустуҷӯ қарор доданд.

“Ин ҳодиса шуда гузашта буд, як соли аввал касе аз мақомот ба хонаи мо наомад. Баъди як сол вақте писарам барои кор ба Туркия рафт, милисаҳо ба хонаи мо омада гуфтанд, ки писаратон ҷиноят содир кардааст ва бояд боздошт шавад”,--гуфт ӯ.

Хонум Мардонова афзуд, ки пас аз бозгашт писарашро бо дасти худ ба мақомот супурд. Бовар дошт, мақомот вазъи зиндагии ӯро ҳамчун як модари танҳо ва маъюб ба инобат мегиранд ва ҳодисаро одилона баррасӣ мекунанд.

Ӯ гуфт: “Баъди ин корам чандин маротиба маро таъна карданд, ки чаро ту бо дасти худат писаратро ба мақомот супоридӣ? Ман ба адолати додгоҳӣ бовар доштам. Фикр мекардам, ки вазъияти маро дарк мекунанд. Писарам ҳам замони дастгир шудан чизе нагуфт. Агар гуноҳ медошт, ҳатман мегурехт, ё намеомад. Аммо вай худаш омад, маро гуш кард. Аз тарафи дигар ҷавоне, ки ба гуноҳаш пурра иқрор шуд, фирор накард ва бори аввал ҷиноят содир кардааст, аз сӯи додгоҳ ба назар гирифта нашуд”.

Ин зан гуфт, додгоҳ зарари расида ба ҷабрдидаро 730 сомонӣ муайян кард, вале ӯ ба ҷабрдида 1600 сомонӣ ҷуброн пардохт кард. Дар иваз ҷабрдида забонхат додааст, ки ҳеҷ даъвое надорад. Додгоҳ инро ба инобат нагирифт ва писари ӯро ба даҳ соли зиндон маҳкум кард.

Дар ҳукми додгоҳ ҳам, ки як нусхаи он дар дасти Радиои Озодӣ ҳаст, гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки Азамат Мардонов ба гуноҳи худ пурра иқрор шудааст, “аммо гуноҳи ӯ бо далелҳо собит шудааст”.

Хосият Мардонова гуфт, дар пайи афви соли гузашта се сол аз ҳукми писараш кам шуд, аммо ҳанӯз ҳам ҳукми зиндон барояш зиёд аст.

Ӯ мегӯяд, талошҳояш барои одилона баррасӣ шудани парвандаи писараш бенатиҷа буд.

Додситони кулли Тоҷикистон дар посухи расмӣ ба ин зан навиштааст, ки ҳукми додгоҳ қонунӣ аст.

Хосият Мардонова мегӯяд, баъд аз 25-соли зиндагии якҷоя шавҳар аз ӯ рӯй гардонд ва тарбияи ду писар ба дӯшаш афтод. Ӯ гуфт, “ба писарам хеле ниёз дорам ва мехоҳам, ки ӯро озод кунанд. Аз президент талаб дорам, ки ӯро бубахшанд”.

Ӯ ба ин назар аст, ки зиндон писари ҷавонашро ҳеҷ гоҳ ислоҳ намекунад ва баръакс, ӯро ба як шахси нолозим барои ҷомеа табдил медиҳад.

Хосият Мардонова мегӯяд, аз касе кумаки молӣ талаб надорад, чун бо вуҷуди маъюбияш ҳунари хуби дузандагӣ дорад ва зиндагиро аз ин роҳ пеш мебарад, аммо метарсад, ки замони пирӣ танҳо мемонад. Ӯ умед дорад, ки муроҷиатҳои батакрораш рӯзе ба гуши мақомот мерасад ва вазъи сиҳатии ӯро ҳамчун як модари танҳо дарк мекунанд.

XS
SM
MD
LG