Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бемористони "Советӣ-Як"-и Душанбе 11 нафар фавтида, 107 кас шифо ёфтаанд


Шифохонаи "Якум Советский"-и Душанбе
Шифохонаи "Якум Советский"-и Душанбе

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, аз 319 нафаре, ки бо гумони бемории илтиҳоби шуш дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов (бемористони машҳур бо номи Якум Советский)-и Душанбе бистарӣ карда шуданд, то ин дам 11 нафар фавтидаанд. Мақомот мегӯянд, қариб нисфи ин беморон табибон ҳастанд.

Масъулони маркази тиббии рақами 1-и Душанбе мегӯянд, дар беморхона то имрӯз беш аз 300 нафарро бо нишонии пневмония бистарӣ кардаанд.

Сомонаи Вазорати тандурустӣ аз қавли Хуршед Рустамзода, директори беморхонаи мавсуф ба “Якум советский” навиштааст, то имрӯз аз 319 нафаре, ки бо гумони бемории илтиҳоби шуш қабул шудаанд, 136 нафарашон кормандони соҳаи тиб мебошанд.

Ба гуфтаи Рустамзода, 107 нафар пас аз табобати пурра ба хона рухсат шуда, вале 11 нафар ҷон бохтанд.

Мудири беморхона гуфт, 8 нафар аз беморон дар шуъбаи эҳё ҳастанд.

XS
SM
MD
LG