Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарафо Раҳмонӣ: "Маро президент бахшид". АКС, ВИДЕО


Зарафо Раҳмонӣ пас аз раҳоӣ аз боздоштгоҳ.
Зарафо Раҳмонӣ пас аз раҳоӣ аз боздоштгоҳ.

Зарафо Раҳмонӣ, собиқ мушовири ҳуқуқии раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, гуфт, ӯ на тибқи қонуни афв, балки бар асоси бахшиши шахсии раиси ҷумҳури Тоҷикистон раҳо шудааст.

Зарафо Раҳмонӣ рӯзи 7-уми сентябр дар сӯҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, вай ба унвони Эмомалӣ Раҳмон нома фиристода ва хоста буд, ки ӯро афв намояд. "Номи ман дар рӯйхати афви бахшида ба 25-солагии истиқлолият шомил набуд. Чанд моҳ пеш ба президент ариза навишта будам дар бораи бахшиши ҷазо. Бовар доштам, ки он кас доди як занро нодида намегиранд ва маро тибқи қонуни бахшиши ҷазо афв карданд." - афзуд ӯ.

Аммо Зарафо Раҳмонӣ ба саволҳои сиёсӣ ва рӯзҳои сипарикардааш дар боздоштгоҳ посух надод ва гуфт, ки ҳоло барои сӯҳбати тӯлонӣ фурсат надорад.

Дар боздоштгоҳ ҳеҷ мушкил надоштам. Бо ман хуб муносибат мекарданд.
Зарафо Раҳмонӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бар асоси моддаи 69-и Қонуни асосии кишвар ки "салоҳиятҳои президент" ном дорад ва банди 27-и он ки масъалаҳои бахшиши ҷазоро ҳал мекунад, Зарафо Раҳмониро бахшидааст. Зарафо Раҳмонӣ ҳамзамон афзуд, аз саломатиаш шикоят надорад ва барои ба худ омадан, танҳо ба вақт зарурат дорад. Дар робита ба шароити боздоштгоҳ, ки тақрибан як солро дар он сипарӣ кардааст, гуфт, ки "ҳеҷ мушкил надоштам ва дар боздоштгоҳ хуб муносибат мекарданд".

Видеои суҳбат бо Зарафо Раҳмонӣ:

Нахустин мусоҳибаи Зарафо Раҳмонӣ бо матбуот
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

Зарафо Раҳмонӣ, собиқ мушовири ҳуқуқии раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, рӯзи 5-уми сентябр аз маҳбас раҳо шуд. Ӯ 44 сол дошта, зодаи ноҳияи Қумсангир (Ҷайҳун)-и вилояти Хатлон аст. Аз соли 2008 то 2012 ба ҳайси раиси бахши фарҳанг ва муовини раиси дастгоҳ ва аз соли 2012 то замони боздошташ ба унвони мушовири ҳуқуқии раиси ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ кор кардааст.

Се бор - солҳои 2005, 2010 ва 2015 - номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон буд. Солҳои охир фаъолияти адвокатӣ ҳам мекард ва узви Коллегияи адвокатҳои мустақили шаҳри Душанбе буд.

Зарафо Раҳмонӣ соли гузашта ҳамроҳи 13 узви дигари раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошт шуд. Мақомот онҳоро барои ҳамкорӣ бо гуруҳи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ва даст доштан дар ошӯби моҳи сентбяри соли гузашта муттаҳам карда, моҳи июни имсол ба муддатҳои тӯлонӣ, аз ҷумла Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳаитро ба ҳабси абад фиристоданд. Раҳмонӣ танҳо зан дар ҳайати ин гуруҳ буд, ки ба ду соли зиндон маҳкум шуд.

Раҳбарияти ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар хориҷа қарор дорад, борҳо ин иттиҳомро рад карда ва гуфтааст, ошӯби Абдуҳалим Назарзода танҳо баҳонае барои бастани ҲНИТ ва ҳамин тавр аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани аъзои фаъолаш буд.

Аксҳои бештар аз Зарафо Раҳмонӣ:

XS
SM
MD
LG