Оҷонсии зидди фасод ва додситонии шаҳри Душанбе дар нисбати Зайд Саидов аз рӯи 8 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла, гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, парванда боз кардааст.
Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов рӯзи 21-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо пурра ошноӣ бо парвандаро ҳамроҳ бо зерҳимояашон ба анҷом расониданд: «Мо бо диққат ҳар айбнома ва парвандаҳоро омӯхтем ва ҳам Зайд Саидов ва ҳам мо ба ҳеҷ нуктаи ин парванда розӣ нестем ва алайҳи чанд банди айбнома ба Додситонии кулл эътироз мебарем, зеро далелҳое, ки барои исботи гуноҳҳо оварда шудаанд, кофӣ ва муътамад нестанд».
Ба гуфта вакилони Зайд Саидов, онҳо тамоми далелу арқомро барои радди нукоти парванда алайҳи зерҳимояашонро дар даст доранд ва онро дар додгоҳ пешкаш хоҳанд кард.
Исҳоқ Табаров афзуд, ки акнун Оҷонсӣ бояд парвандаро ба Додситонӣ пешниҳод кунад ва аз ин рӯ вакилон бо чанд ариза мушоҳидаҳои худро ба Додситонӣ пешниҳод хоҳад кард, ки дар вақти баррасии парванда ба таври ҷиддӣ ба он таваҷҷӯҳ шавад.
Вакили дифои Зайд Саидов ба унвони мисол «иттиҳоми таҷовуз ба номус»-ро зикр, ки ягон асоси воқеӣ надорад ва бар пояи далелҳои ғайривоқеӣ пешкаш карда шудааст: «Оҷонсии зидди фасод, ки ахиран хуни Зайд Саидовро барои ташхис гирифта буд, дар авоили ҳамин ҳафта маълум кардааст, ки гӯё Зайд Саидов дар нисбати кӯдаке, ки исқоти ҳамл шудааст, аз ҳаққи падарӣ истисно набудааст».
Вакилони дифои Зайд Саидов дубора ба Оҷонсии зидди фасод ариза пешниҳод карда хоҳиш кардаанд, ки парвандаи иттиҳомоти «таҷовуз ба номус ва ба исқоти ҳамл водор кардани ноболиғ» қатъ карда шавад, зеро далели муътамад дар ин масъала вуҷуд надорад.
Исҳоқ Табаров мегӯяд, баъди ин, ки парванда ба Додситонӣ фиристонида шуд, онҳо барои қатъи он ба Додситонӣ низ муроҷиат хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол Муҳаммадраҷаби Ҳанафӣ, сухангӯи Оҷонсии зидди фасод гуфт, ки парвандаи Зайд Саидов ба Додситонии кулл барои тасдиқи айбнома, ирсол шудааст.
Зайд Саидов аз 19-уми майи соли ҷорӣ ба ин тараф дар боздошт аст ва мутмаин мебошад, ки ин иттиҳомот ҳама ангезаи сиёсӣ дошта посух ба нияташ оиди таъсиси як ҳизби мухолифи давлат бастагӣ дорад.