Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аҳволи занҳоро мебинам, гиряам меояд." ВИДЕО


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон аз муҳоҷирати кории занони тоҷик ба Русия изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, ин раванд, онҳоро дар ташвиш гузоштааст ва намедонад, чаро аксарият ба муҳоҷиратӣ корӣ мераванд.

Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумита кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе дар ҳафтаи гузашта гуфт: “Имрӯз аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит муҳаё гардида истодааст. Дар аксарияти корхонаҳои саноати дузандагӣ ё саноати сабук дасти кории занона даркор аст, вале мутаассифона занону бонувони мо рӯ меоранд, ба муҳоҷират”.

Хонум Қурбонзода мисол овард, ки ба баъзе занон то якуним ҳазор сомонӣ музди кор пешниҳод кардаанд, вале бонувон гуфтаанд, ки пули кофӣ нест. Ӯ афзуд: “Ва агар мо таҳлилҳоро бигирем, бубинед, як шаҳодатнома ва ё патент дар як моҳ 6 ҳазор рубли русӣ бошад. Ё хонаи истиқоматияшон боз 6 ҳазори дигар. Хулоса, агар ҳамаи ҳамон маблағҳоро мо ҷамъ кунем, якуним ҳазор сомоние, ки дар Тоҷикистон мегирад, ҳамон маблағ мешавад.”

Мақомдори тоҷик аз муҳоҷирати занон нигарон аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

Набуди кору маоши муносиб дар Тоҷикистон яке аз сабабҳои аслии рӯ овардани занон ба муҳоҷирати корӣ гуфта мешавад. Шуҳрат Латифов, коршиноси масоили иҷтимоӣ: “Агар гӯем ҳазор якуним ҳазор сомонӣ дар баъзе минтақаҳо маоши хуб бошад, онҷо гуфтан мумкин аст, ки занҳо ҳеҷ вақт ба муҳоҷирати корӣ намеравнд. Он маоше, ки ҳазор, якуним, ду ҳазор мегӯем дар марказҳо аст. Дар Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа ва дар ин ҷо зиндагӣ бо якуним, ду ҳазор душвор аст”.

Рӯзи 9-уми август пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, худи бонувон дар бораи муҳоҷирати корӣ назарҳои гуногун доранд.

«Ман худам 10 сол дар муҳоҷират будам, нав ду сол аст, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ дорам. Агар маош баланд бошад ҳеҷ кас намерафт, ҳамон тарафҳо.»

«Беҳ аз ҳамин Тоҷикистони худамон ягон шаҳр нест, агар ҳамон илм, ҳунаре, ки доранд, дар ҳаминҷо сарф кунанд, ҳамон маошро мегиранд.»

«Аз маҷбурӣ мераванд. 15 сол боз дар муҳоҷират зиндагӣ мекунам, рухсатӣ омадам. Ман ватан дорам, аммо хона надорам, чӣ кор кунам, маҷбур зиндагӣ мекунам дар муҳоҷират. Як моҳ шуд, омадам, аҳволи занҳоро мебинам, гиряаам меояд.”

Муҳоҷирати корӣ ба Русия як манбаи асосии даромади хонаводаҳои тоҷик ба ҳисоб меравад. Тибқи иттилои расмӣ, дар 6 моҳи аввали соли гузашта беш аз 57 ҳазор зан ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд, ки дар муқоиса ба як соли пеш 2 маротиба зиёд будааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG