Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Ворухро бо талаби Қирғизистон дар Русия дастгир кардаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Фурқат Абдуфаттоев, шаҳрванди 45-солаи Тоҷикистонро бо дархости Қирғизистон дар ноҳияи Кугарчинскийи Бошқирдистони Русия дастгир кардаанд.

Пайвандонаш гуфтанд, мақомоти Қирғизистон Абдуфаттоевро ба гуё "тирандозӣ ба сӯйи Қирғизистон" дар рӯзи 13-уми марти соли 2019 айбдор мекунанд. Ҳол он ки, ба гуфтаи онҳо, вай дар он вақт дар шаҳри Новосибирски Русия қарор дошт. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон расман шарҳе надодаанд.

Фурӯзон Неъматов, бародарзодаи Фурқат Абдуфаттоев, рӯзи 2-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, амакаш дар дӯкони ӯ ба ҳайси фурӯшанда кор мекард ва рӯзи 1-уми феврали имсол дастгир шуд.

"То дер ба хона наомад. Ба мағоза рафтам, ки дараш баста буд. Аз навори дурбинҳои мушоҳидавӣ дидем, ки амакамро ду кас дошта бурданд. Баъд аз ҷустуҷӯ дар идораи пулиси ноҳияи Кугарчинский пайдо кардем. Кормандони пулис гуфтанд, амакамро Қирғизистон дар Интерпол додааст ва барои ҳамин дастгир карданд", -- иброз дошт ӯ.

Фурқат Абдуфаттоев аз ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара ва минтақаи ҳаммарз бо Қирғизистон аст. Сокинони ҷамоат тасдиқ карданд, ки рӯзи 13-уми марти 2019 дар марз моҷаро рӯй дода буд.

Фурӯзон Неъматов мегӯяд, амакаш дар он рӯзҳо дар Русия қарор дошт ва санадҳои тасдиқкунанда дар ин бора вуҷуд дорад. Ӯ мегӯяд, амакаш рӯзи 29-уми марти соли 2019 ба Исфара рафтааст. Саид Эмом, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа, низ дар номае ба мақомоти Русия гуфтааст, ин шаҳрванди Тоҷикистон таҳти ҳимояи давлат аст ва афзуда, ки "ӯ дар замони моҷароҳои марзӣ дар ҳудуди Русия буд".

Ба қавли наздикон, то лаҳзаи боздошт мақомот ба Абдуфаттоев дар бораи дар ҷустуҷӯйи байналмилалӣ қарор доштанаш чизе нагуфта буданд. "Як моҳ пеш патент ва ҳуҷҷатҳои дигар гирифтанд. Ҳама санадҳояшон ҷобаҷо аст ва касе аз мақомот ба мо чизе нагуфта буд", -- мегӯяд Фурӯзон Неъматов. Вай афзуд, намехоҳанд, Русия амакашро ба Қирғизистон истирдод кунад ва мехоҳанд, мақомоти Тоҷикистон ба ин қазия дахолат намоянд.

Бори дувум аст, ки бо дархости Қирғизистон сокинони Ворух дар Русия боздошт мешаванд. Як моҳ пеш бо дархости Қирғизистон Диловар Ҷӯраев, сокини дигари Ворух, ҳам дастгир шудааст.

Фурӯзон Неъматов мегӯяд, ба иттилои дарёфтии онҳо, мақомоти Қирғизистон 23 сокини дигари Ворухро дар кофтукоби байналмилалӣ қарор додаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 976 километр марз доранд, вале ҳалношуда мондани мақоми 504 километр сарҳад ба яке аз мушкилоти ҷиддии миёни ду ҳамсоя табдил шудааст.

Дар минтақаҳои марзии байни ду кишвар, асосан дар қитъаҳои байни вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон соле чандин задухӯрд ва муноқишаҳои марзӣ рӯй медиҳад, ки гоҳе бо марги одамон меанҷомад.

XS
SM
MD
LG