Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як минтақаи Русия додани патентро ба муҳоҷирон бас кард


Дар вилояти Нижегороди Русия додани патент барои муҳоҷирон қатъ шудааст. Шурӯъ аз 1-уми октябри имсол дар ин вилоят муҳоҷирон аз кишварҳое, ки бо Русия низоми раводид (виза) надоранд, наметавонанд иҷозати корӣ бигиранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ба ин гуруҳ шомил мешаванд.

Расонаҳои русӣ 2-юми октябр бо такя ба идораи муҳоҷирати Нижегород навиштанд, ин тасмим бар асоси дастури Вазорати корҳои дохилии Русия аз 23-юми сентябри имсол гирифта шуд. Аммо мақомоти Русия то ҳол ҷузъиёти ин қарорро шарҳ надодаанд.

Масъулини идораи муҳоҷирати Нижегород гуфтаанд, муҳоҷироне, ки дар ин вилояти Русия то ин вақт патент гирифта буданд, корашонро давом медиҳанд.

Корбарони Радиои Озодӣ низ тасдиқ мекунанд, ки ҳангоми муроҷиат барои гирифтани патент, ба онҳо дастури Александр Горовой, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русияро нишон медиҳанд. Дар ин фармон омадааст, "додани патент ба муҳоҷирон аз 1-уми октябри соли 2024 то 1-уми марти соли 2025 боздошта шавад."

Ба гуфтаи мусоҳибони мо, чунин маҳдудиятҳо дар шаҳрҳои Воронеж ва Великий Новгород низ ҷорӣ шудаанд. Ҳанӯз дар моҳи марти имсол, волии Нижегород муҳоҷиронро аз ҳаққи кор дар бахши мусофиркашонӣ маҳрум кард. Моҳи август феҳристи маҳдудиятҳо васеъ гардида, фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ дар бахшҳои дигар, аз ҷумла савдо низ маҳдуд карда шуд.

Нижний Новгороди Русия тақдими патенти кори муҳоҷиронро мутаваққиф кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Корбарони Радиои Озодӣ мегӯянд, ки дар Нижегород шумораи муҳоҷирони тоҷик кам нест ва чунин маҳдудиятҳо ба кору зиндагии онҳо таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ҳамзамон бо ин рейдҳо барои ҷустуҷӯи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ин вилоят зиёд шудааст.

Дар яке аз чунин рейдҳо, ки охири ҳафтаи гузашта дар бозори Нижегород сурат гирифтаву навораш аз ҷониби муҳоҷирон ба Радиои Озодӣ фиристода шуд, дида мешавад, ки низомиён аз электрошокер истифода бурдаанд.

Садҳо муҳоҷири тоҷик дар беш аз як соли ахир аз таҳқиру озор ва азияти мақомот дар Русия шикоят мекунанд. Тафтишҳо пас аз ҳамлаи террористӣ ба "Крокус Сити Ҳолл" дар моҳи марти имсол афзоиш ёфтанд. Аз аввали сол, ҳазорон тоҷикистонӣ ба Русия роҳ наёфтанд ва дар ним сол ба иттилои расмӣ, 17 ҳазор шаҳрвандни Тоҷикистон ихроҷ шуданд.

Баъди моҳи март дар чанд минтақаи Русия муҳоҷиронро аз чандин корҳо, аз ҷумла мусофиркашонӣ ва савдо маҳрум карданд. Маълум нест, ки дигар минтақаҳои Русия то куҷо аз таҷрибаи манъи додани патент кор мегиранд?

XS
SM
MD
LG