Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия беш аз 43 ҳазор патенти муҳоҷиронро бекор кардааст


Дар Русия аз аввали соли ҷорӣ беш аз 43 ҳазор патент ё иҷозатнмаи кори муҳоҷирони меҳнатиро бекор кардаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта се маротиба бештар будааст.

Дар ин бора Ирина Волк, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Русия дар телеграми худ хабар додааст.

Ба қавли ӯ, патенти онҳое бекор шудааст, ки мақомоти корҳои дохилии Русияро сари вақт дар бораи гирифтани иҷозатномаи кор огоҳ накардаанд.

Бар асоси қонунгузории Русия, шаҳрванди хориҷӣ дар давоми ду моҳи баъд аз дарёфти патент вазифадор аст мақомоти корҳои дохилии ин кишварро дар бораи иҷрои фаъолияти меҳнатии худ огоҳ намояд. Дар акси ҳол ин маънои онро дорад, ки коргари хориҷӣ заминаи ҳуқуқии ҳузур ва корро дар Русия аз даст додааст.

Баъд аз ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳол"-и Маскав, дар Русия фишор болои муҳоҷирони меҳнатӣ бештар шуда, муҳоҷирон борҳо аз мушкили гирифтани патент нигаронӣ кардаанд.

Ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ним соли ахир аз Русия беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ихроҷ шудааст.

XS
SM
MD
LG