Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занҳои "мардикор". ВИДЕО


Корҳои мухталиф ва вазнини кишоварзӣ, тоза кардани шоҳроҳҳо, шустушӯ ва хидматрасонӣ дар тӯйҳо, рӯбучин ва пок кардани партобҳо дар сохтмонҳои навбунёд ва теъдоде дигари монанд ба ин корҳоро як гурӯҳи занҳои "мардикор" дар ноҳияи Рӯдакӣ бо фармоиши корфармоён тақрибан ҳар рӯз ба иҷро мерасонанд.

Ин гурӯҳи занони мардикорро дар оғоз Фирӯза Собирова -- сокини деҳаи Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ ҳамроҳ бо се духтараш таъсис дод. Ҳоло шумораи онҳо тақрибан ба 70 нафар мерасад.

Бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон теъдоде аз занони қобили кор муттаҳид шуда, гурӯҳи занони "мардикор"-ро таъсис додаанд.

Фирӯза Собирова, роҳбари ин гурӯҳ рӯзи 3-юми август гуфт, бинобар бекории мардони хонавода ва рӯзгори сахт, даст ба ин кор заданд. Аъзои ин гурӯҳро занҳои хонашини аз 18 то 55-сола ташкил медиҳанд. Ин занҳо барои иҷрои корҳои баъзан мушкили фармоишӣ, дар як рӯз аз 25 то 40 сомонӣ дарёфт мекунанд.

Фирӯза Собирова мегӯяд, ки барои мисол, соҳибони заминҳо занг зада, кори муайянеро пешниҳод мекунанд ва онҳоро тариқи мошин ба сари замин бурда ва пас аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, то хонаҳояшон мерасонанд.

Аксари афроди ин гурӯҳ заноне ҳастанд, ки бори рӯзгор ба дӯшашон афтодааст ва низ эҳсос кардаанд, ки бояд дар шароити имрӯза баробар бо мардон кор кунанд ва ба хона нон биёранд.

Гулрухсор Сафарова, як узви ин гурӯҳ мегӯяд, ки шавҳараш 8 сол дар зиндон буд ва ҳамагӣ 10 моҳ қабл озод шуд ва ҳоло вазъи саломатии чандон хубе надорад. Ба гуфтаи Гулрухсор Сафарова, ҳоло ӯ талош дорад дар ҳамдастӣ бо ин гурӯҳи занон ба рӯзгораш сару сомон диҳад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ба занҳои мардикор эътимод бештар мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

Анҷом додани корҳои мухталифи мардона барои ин гурӯҳи занон як амали маъмулӣ шудааст. Корфармоён мегӯянд, истифода аз заҳмати ин гурӯҳ ба хотири он аст, ки ба фарқ аз мардҳо, "ин занҳо фармоишро содиқона ва сари вақт анҷом медиҳанд". Майдагул Назарова, як узви ин гурӯҳ мегӯяд, ки кори ҷисмонӣ барои занҳо дар киштзор барои занҳо сангин аст, аммо маҷбуранд барои пеш бурдани зиндагӣ ва тарбияи фарзандон ин корҳоро анҷом диҳанд.

Бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистон ҳудуди 30 ҳазор нафар бекорон сабти ном шудааст, ки дар миёни онҳо занҳо низ ҳастанд.

Дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳои Тоҷикистон аз ҳисоби афроди бекор бозорҳои мардикорӣ таъсис шудааст, ки маъмулан дар ин бозорҳо мардон корҳои мухталифро анҷом медиҳанд. Аммо ин бори аввал аст, ки теъдоде аз занони қобили кор муттаҳид шуда, гурӯҳи занони "мардикор"-ро таъсис додаанд.

XS
SM
MD
LG