Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани тоҷик. Оила аввал аст ё комёбӣ дар касб?


Яке аз ҳамсӯҳбатони мо
Яке аз ҳамсӯҳбатони мо

Занони тоҷик маъмулан хонанишинанд, ҳарчанд занҳои коргар ва соҳиби обрӯву мақом низ кам нестанд.

Аммо ин ақида, ки зани тоҷик бояд хонанишин ва машғул ба тарбияи фарзандон бошад, як даҳсолаи ахир камтар садо медиҳад, зеро мушкили рӯзгор зани хонанишини Тоҷикистонро ба кучаву бозору корхона кашондааст. Ва низ духтари тоҷик ҳанӯз дар мактаб фикри хондану кор карданро мекунад, зеро медонад, ки фардо барои ӯ ақлу заҳмату дониш василаи ҳалли мушкили зиндагиаш хоҳад буд. Аммо боз ҳам теъдоди бузурги духтарон пас аз хатми мактаб аввал дар пайи бунёди оила мешаванд ва аминанд, ки шавҳар хонаводаро таъмин хоҳад кард.

Вале теъдоде аз занон, қабл аз бунёди оила мехоҳанд, ҷои кор, мақом, даромад ва обрӯ дошта бошанд, то фардо карерае бисозанд, ки дар навбати худ тавонад ба бунёди оилаи идеалии онҳо мусоидат кунад. Дар баробари ин назарҳо ба созгории байниҳамии оила ва карера мухталифанд.

Роҳгузарон ҳам дар посух ба суоли «Дар Тоҷикистон барои зан муҳимтар оила аст ва карера?» назарҳои мухталиф изҳор карданд. Аммо ба назари Шумо чӣ?

Аввал оила ё карйера?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG