Мақомоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон тасмим дорад, ки зодрӯзи кӯҳансолтарин сокини водии Вахш - Бадан Исматоваро дар таърихи 8 март таҷлил кунад. Ҳам ҳукумати ноҳия ва ҳам худи Бадан Иматова идаао мекунанд, ки ӯ дар соли 1900 ба дунё омадааст.
Ҳарчанд қонуни танзими расму ойин ҷашни зодрӯзро манъ кардааст, аммо ҳукумати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мехоҳад 115-солагии Бадан Исматоваро дар Рӯзи Модар ҷашн бигирад.
Таъйиди инки даъвои мақомот ва худи ин пиразан дар бораи 115-солагиаш то куҷо воқеист, имкон надорад. Аз рӯи шиносномааш, Бадан Исматова соли 1900 дар деҳаи Жамаки ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст.
Сӯҳбати видеоӣ бо ин зани солмандро инҷо тамошо кунед:
Ӯ мегӯяд, 15-сола буд, ки падараш ӯро ба никоҳи сокини ҳамин русто Домулло Султонвазир даровард. “Шавҳарам мулло буд, 15-сола будам, ки тӯй кардам, дар асп савор шуда, ба хонаи шавҳарам рафтам, он вақт мошин набуд,”- мегӯяд Бадан Исматова.
Ӯ ёд надорад, ки кай аз Бадахшон ба водии Вахш муҳоҷир шуд, аммо мегӯяд, ки он солҳо мардумро аз ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон ба ободонии ин водӣ сафарбар карда буданд.
Бадан Исматова, ки ба иддаои худаш ва тибқи санадҳои расмӣ, 115 сол умр дорад, дар деҳаи Мирзоободи ҷамоати Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз инсонҳои “табаррук” унвон мешавад, ки аз раиси ноҳия то кӯдакон ба зиёраташ меоянд ва бо нияти расидан ба синни ин пиразан бо мурод лаби рӯсарии ӯро мебӯсанд.
Қомати як вақтҳо алифи Бадан Исматова ҳоло дол шудааст ва фикрҳояшро низ бе кӯмаки набераҳояш ҷамъ карда наметавонад. Аммо бо ин вуҷуд ҷӯробҳои машҳури бадахшӣ мебофад ва бекор наменишинад.
Вақте мо аз бадан Исматова пурсидем, ки чанд солааст?, гуфт ... 200 сол дорад. Набераҳояш аз ҳарфҳои ӯ ба завқ меоянд, мисли завқ аз суханони як кӯдак, ки акнун гап заданро ёд гирифтааст.
Бадан Исматова дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт: “Дар ҳуҷҷатҳо ман 115-солаам. Вале дар ҳақиқат 200 сол дорам, ҷӯроб мебофаму мефурӯшам. Ҳаво офтобӣ бошад агар, дар берун дар кат шишта, ҷӯроб мебофам. Дар як моҳ то 7 ҷӯроб мебофам ва онҳоро мефурӯшанд. Дар зодгоҳи худам дар ноҳияи Ванҷ кор мекардем, зардолу мечидем, осиёб мекардем, вале баъд муҳоҷир шуда, ба инҷо омада, ба корҳои саҳро машғул шудем. Чобуқ намуда пахта чиндаму зиндагӣ кардам. Ҳоло наберадору аберадор ҳастам. Се фарзанд дорам, ки яке дар Ванҷ, яке дар Хуҷанд ва яке дар ноҳияи Ҷомӣ аст. Ман ҳамеша гулу гиёҳи зодгоҳамро истеъмол мекунам ва ин аст, ки умрам дароз аст.“
Хотираи ин пиразан каме суст шудааст ва Бадан Исматова аз умри тӯлонияш на солеро метавонад хуб ба ёд биёрад ва на рӯзи мушаххасеро. Вақте аз ӯ пурсидам, ки кай аз Бадахшон ба водии Вахш муҳоҷир шуданд?, гуфт, ки ёд надорад, “баъди солҳо зиндагӣ дар Бадахшон.” Ҳукумати вақти Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 30-юми барномаи ободсозии Вахшро рӯи даст гирифта буд ва шояд Бадан Исматова бо ҳамсараш низ ҳамон солҳо ба Вахш кӯчидаанд.
Шавҳари Бадан Иматова, ба гуфтаи худаш, аз ӯ 20 сол бузургтар буд ва ҳанӯз 50 сол пеш аз дунё даргузашт. Аз издивоҷ бо Домулло Султонвазир шаш фарзанд ба дунё овардааст, аммо танҳо се нафари онҳо зинда мондаанд. Писари бузурги Бадан Исматова, ба гуфтаи худаш, 90 сол ва хурдияш 51 сол доранд. Ҳоло Бадан Исматова дар хонаи писари 51-солааш зиндагӣ дорад, ки барои муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтааст.
Бо он ки Бадан Исматова, бино ба иддаои худаш, беш аз як аср умр дидааст, аммо ҳоло ҳам аз тӯю маъракаҳои наздикону ҳамосягон қафо намемонад. Чун онҳо низ ҳузури ин зани “табаррук”-ро дар маҳфилашон мояи ифтихор медонанд. Ӯ мегӯяд, бо писаронаш, ки аз вай дуранд, тариқи телефони мобил сӯҳбат мекунад ва аксҳои онҳо ва наберагонашро дар телефон тамошо мекунад: “Бо писарам дар Маскав ва бо писари калониям дар Ленинобод телефонӣ гап мезанем.”
Рухсора Алиева, келини хурдии Бадан Исматова дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз рӯзҳои аввал, ки ба ин хона келин шуд, хушдоманашро зани сахтгир дарёфтаааст: “Хушдоманам сахтгир буд ва ҳоло низ сахтгир ҳаст. Ҳанӯз сиёсат дорад, вале бо набераҳояш меҳрубон аст, гаҳвора меҷунбонад ва ҷӯроб мебофад. Агар ҳаво гарм бошад, дар замин ҳам кор мекунад. Бекор шиштан намехоҳад, тешачаи хурд дорад, ки бехи дарахтҳоро нарм месозад. Шояд сабаби дарозумрияш ҳамин пуркориаш бошад. Сиёсат мекунад, вале асабӣ намешавад.”
Аммо бо он ки Бадан Исматова ҳанӯз бардам аст ва ҳатто дар интихоботи президентии 6 ноябри соли 2013 бо пои худаш ба ҳавзаи интихоботӣ рафта ва раъй додааст, ин бор дар интихоботи порлумонии 1 март мақомот ваъда додаанд, ки барояш қуттии сайёр меоранд, то ӯ ҳам овози худро ба ҳизбу номзади арзандааш бидиҳад.
Айни видео дар Ютуб:
Тибқи иттилои идораи кор бо занон ва оила дар вилояти Хатлон, ҳоло дар минтақаи Қӯрғонтеппа 5 нафар афроди беш аз 100-сола сабт шудаанд. Мушаххас кардани синну солии воқеъии онҳо кори осон нест, зеро дар миёнаҳои асри 20, вақте маъракаи шиносномадиҳии саросарӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфт, солу рӯзи таваллуди аксарро дар санадҳояшон аз рӯи шаҳодати худи онҳо ва ягон ҳамсоя менавиштанд. Мавридҳое зиёд буд, ки мардум ба хотири зудтар расондани худ ба синни нафақа синну соли худро ҳангоми гирифтани шиноснома чанд сол ва ҳатто як ё ду мучал (12 сол – дар тақвимҳои шарқӣ) калонтар нишон медоданд.
Ба маҳзи ин, имрӯз як далели 115-солагии момаи Бадан Исматова даъвои худи ӯ ва шиносномааш аст, ки рӯзи таваллуди ин пиразанро соли 1900 нишон медиҳад ва ҳам азми мақомоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои баргузории ҷашни бузурге ба шарафи ин зани дунёдида дар Рӯзи модар.