Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯҳансолтарин давандаи олам варзишро тарк мекунад


Кӯҳансолтарин ширкаткунандаи давҳои марафонӣ Фауҷа Сингҳи 101-сола эълом дошт, ки варзиши ҳирфаиро тарк мекунад. Ӯ ахиран дар марафони Ҳонконг масофаи 10 километрро дар як соату 32 дақиқаву 28 сония тай намуд.

Фауҷа Сингҳ, ҳиндуи муқими Бритониё, ки бо салла ва риши сафедаш аз дигар ширкаткунандагони дави марафонӣ фарқ мекунад, дар синни 89-солагӣ, баъд аз даргузашти хонумаш, ба давидан шурӯъ кард. Соли 2011 ӯ бузургсолтарин ширкаткунандаи дави марафонӣ ба масофаи 42 километру 195 метр дар Канада буд. Аммо ин дави Фауҷа Сингҳ ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил нашуд, зеро ӯ барои собит кардани синну солаш шиноснома надорад.

Баъд аз ширкат дар марафони Ҳонконг Фауҷа Сингҳ гуфт, ки аз ин баъд дар қувваозмоиҳои расмӣ ширкат намекунад ва аммо давиданро ба хотири саломатии худ идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG