Аз 7 варзишгари тоҷик, ки дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро ширкат доштанд, панҷ нафар дар даври нахустин, 1 нафар дар даври дуввум шикаст хӯрда ва аз ҷоизаҳои олимпӣ маҳрум монданд.
Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик, ки қарор аст 17 август ба рақобатҳо шурӯъ кунад, умеди ягона ва охирини Тоҷикистон барои дарёфти ҷоиза дар Бозиҳои 31-уми тобистонаи олимпӣ боқӣ мондааст. Ҳайитмурод Нуралиев, устоди варзиш, мегӯяд, "албатта, дар гурзпартоӣ Дилшод Назаров иштирок мекунад, бовар дорам, ки натиҷаи хуб мегирад, бо медал ба Тоҷикистон бармегардад."
Шояд бовар кардем, ки бо ҷудо шудани маблағи ночиз барои стипендия варзишгарон омода мешаванд. Ин хатои маҳз аст.Носир Бозоров
Мутахассисони соҳа Олимпиадаи тобистонаи имсоларо барои варзишгарони тоҷик номуваффақ унвон карда ва мегӯянд, онҳо ба ин мусобиқот омодагии зарурӣ надидаанд. Ба қавли Сайидаҳмад Баҳриддинов, мураббии шоистаи Тоҷикистон, "имрӯз дигар вақти он нест, ки мо бетайёрӣ, кӯр-кӯрона ба Бозиҳои олимпӣ сафар кунем. Мақсад аз он иборат нест, ки мо як роҳхат бигирем."
Варзишгарони тоҷик тамринро ба сабаби сармоягузории нокофӣ дер оғоз мекунанд ва, ба қавли устодони варзиш, ин омил ба иштироки тими Тоҷикистон таъсир кардааст. Ба бовари Носир Бозоров, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба самбо, бисёр камбудҳои ҷиддӣ дар худи федератсияҳо дида мешуд.
Ин мутахассиси тоҷик мегӯяд, ки "шояд дар ин чор соли охир дар ғафлат мондем. Шояд худро бовар кунондем, ки бо ҷудо кардани маблағи ночиз барои стипендия варзишгарон омода мешаванд. Ин хатои маҳз аст."
Иллати бохти варзишгарони тоҷик дар бозиҳои олимпии Риоро мухлисон асосан камтаваҷҷуҳӣ ба тамрини варзишгарон ном мебаранд. То анҷоми бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро чор рузи дигар боқӣ мондааст ва дар баробари Тоҷикистон 3 кишвари Шӯравии собиқ - Туркманистон, Молдова ва Латвия низ ҳанӯз медал ба даст наовардаанд.