Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пронженко бе медал монд. Умеди охирин - Дилшод Назаров


Кристина Пронженко, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, дар сабқати интихобии варзиши сабук оид ба давидан ба масофаи 200 метр миёни занон аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар гурӯҳи худ охирин шуд ва аз ҳаққи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум гашт.

Мусобиқоти интихобӣ оид ба варзиши сабук рӯзи 15 август дар Варзишгоҳи олимпии Рио-де-Жанейро барпо гардид. Кристина Пронженко дар сабқати интихобӣ дар давидан ба масофаи 200 метр дар гурӯҳи 9-ум таҳти рақами 1239 дар байни ҳашт нафар бо натиҷаи 25,53 сония дар мақоми охирин қарор гирифт. Дар ин гурӯҳ Офонайм Одионг аз Баҳрайн бо натиҷаи 22,74 сония ғолиб шуд.

Умуман, дар сабқати интихобӣ дар давидан ба масофаи 200 метр ҳамагӣ 72 даванда ширкат дошт. Натиҷаи нишондодаи Кристина танҳо аз се нафари онҳо аз Наҷима Павин (Покистон, 26,11), Ҳассан Маргрет (Судони Ҷанубӣ, 26,99) ва Абдул Раҳим Маизираҳ (Бруней, 28,02) беҳтар аст.

Ҳамин тариқ, Кристина Пронженко дар ҷойи 69-ум қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ ва идомаи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум гашт. Дар мусобиқоти интихобӣ Марие-Ҷосӣ Талоу аз Кот-д'Ивуар бо натиҷаи 22,31 сония ҷойи аввалро гирифт. Ду варзишгари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико - Деаҷаҳ Стивенс бо натиҷаи 22,45 сония дувум ва Тори Бовие бо натиҷаи 22,47 сония севум шуданд.

Зимнан, рекорди ҷаҳонӣ ва олимпӣ дар давидан ба масофаи 200 метр миёни занон 21,34 сония мебошад, ки ба варзишгари ИМА Ҷойнер Гриффит марбут аст. Ӯ ин ду рекордро 29 сентябри соли 1988 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ гузоштааст.

Кристина Пронженко дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд натиҷаи нишондодааш аз рекорди шахсиаш беҳтар нест, вале аз иштирок дар Бозиҳои олимпӣ қаноатманд аст. «Ман барои аввалин бор дар Олимпиада иштирок кардам ва ин натиҷа нисбат ба чемпионати ҷаҳон дар Пекин беҳтар аст. Ман дар оянда дар навъи дигар, шояд дар давидан ба масофаи 400 метр бо монеа худро месанҷам, зеро дар ин навъ натиҷаам беҳтар аст. Аз ширкати худ дар Олимпиадаи Рио хеле хушҳолам ва аз ин ифтихор мекунам, ҳарчанд ки гирифтани медал ба ман дар ин Бозиҳо ғайриимкон буд,” – афзуд ӯ.

КРИСТИНА ПРОНЖЕНКО

10 декабри соли 1988 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд таваллуд шудааст.

Устоди варзиши дараҷаи байналмилалист.

Хатмкардаи факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (2012) мебошад.

Мураббиаш - падараш Леонид Николаевич Пронженко.

Аз соли 2000-ум ба варзиши сабук машғул аст.

Қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон, ғолиби бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалӣ дар Бишкеки Қирғизистон ва Алматии Қазоқистон

Ширкаткунандаи чемпионати ҷаҳон дар Пекин (2015), Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ (2014), чемпионати Осиё дар Пунаи Ҳиндустон (2013) ва Ухани Чин (2015), чемпионати Осиё дар иншооти сарпӯшида дар Доҳа (Қатар, 2016).

Рекордсмени Тоҷикистон дар иншооти сарпӯшида дар Доҳа (Қатар, 2016) оид ба панҷҳарба – 3435 имтиёз.

Моҳи июни соли 2016-ум дар мусобиқоти байналмилалӣ дар Бишкек дар давидан ба масофаи 400 метр рекорди Тоҷикистонро нав кардааст – 56,34 сония.

Рекорди инфиродиаш дар давидан ба масофаи 200 метр 25,19 сония (Алматии Қазоқистон, 2015) мебошад.

Дар мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳияи Мастчоҳ ба ҳайси мураббии варзиши сабук, инчунин дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ мебошад.

Ба ин тартиб, аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, шаш нафар – Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо, вазни беш аз 100 кг) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Умеди охирин ба гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров аст. Ин варзишгари 34-сола, ки барои бори чаҳорум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад, зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки тамоми саъю кӯшиш ва маҳораташро барои ба даст овардани медали олимпӣ равона мекунад.

Сабқати интихобии гурзандозӣ рӯзи 17 август баргузор мешавад. Дувоздаҳ нафар беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ, ки рӯзи 19 авуст доир хоҳад шуд, роҳ меёбанд ва барои медалҳои олимпӣ мубориза мебаранд.

Нарзуллоҳи Латиф,

Рио-де-Жанейро.

XS
SM
MD
LG